Эрвэ Гибер – адибе, ки аз бемории худ чандин китоб навишт
Ӯро ба унвони адибе мешиносанд, ки афкори Фаронсаро дар бораи гирифторони ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам-ВИЧ) тағйир дод. Ҷомеаро ба ин мушкилоти инсонӣ ошно кард ва тафаккури муносибати ашхос бо мутбалоёни ин гуна бемориҳоро башиддат дигар кард.
ЭРВЕ ГИБЕР – нависандаи фаронсавӣ, аккос, рӯзноманигор. Романҳояш дар бораи СПИД, ки аз таҷрибаи ҳаётии худ навишта буд, машҳур шуданд. Соли 1988 гирифтори СПИД будани адиб ошкор шуд. Мавзуи марг, ки ҳамеша нависандаро нигарон мекард, дар насри баъдии ӯ матраҳ шуд.
Насрнавис ва намоишноманависи машҳури аҳли Австрия Томас Бернхард (1931-1989) дар ин давраи эҷодӣ ба Гибер Эрве бештар таъсир гузошт. Монанди нависандаи ин австриёӣ Гибер ҳам аз таҷриботи бемористонии худ илҳом гирифт. Вай дар романи “Ба дӯсте, ки ҷонамро наҷот дод” хеле батафсил дар бораи бемории худ суҳбат кард ва ба ин тартиб яке аз аввалин афроде шуд, ки тасмим гирифт чунин қадаме бардорад.
Дар байни қаҳрамонҳои асосии китоб файласуф Мишел Фуко (дар роман бо номи Мусил), ки соли 1984 аз СПИД даргузашта буд, дида мешавад. Гибер ин мутафаккири фаронсавиро аз наздик мешинохт ва дар бораи солҳои охири ҳаёти ӯ маълумоти кофӣ дар даст дошт.
Романҳои тарҷумаиҳолии «Протоколи ҳамдардӣ» ва «Марди кулоҳи сурхпӯш» низ ба мавзуи СПИД бахшида шудаанд. Ин китобҳо, ки як навъ трилогияро ташкил медоданд, дар Фаронса шуҳрат ёфтанд ва ба тағйири афкори ҷомеа нисбат ба интиқолдиҳандагони сирояти ВНМО мусоидат карданд.
Коргардон Паскал Брено гуфтааст, ки сар аз соли 1990 то моҳи апрели соли 1991 нависанда ҳар қадами худро дар видео наворбардорӣ мекард ва дар наворҳо рафтанаш ба бемористон, мулоқот бо хешовандон, сафар ба ҷазираи Элба, соатҳои бешумори танҳоӣ дар утоқи худро метавон дид. Бо мушорикати мустақими Гибер аз ин наворҳо як филми шастдақиқаӣ бо номи “Шарм ё бешармӣ” таҳия шуд.
Ҳарчанд филм аз ҷониби мунаққидон хуш пазироӣ нашуд, вале барои худи Гибери абадан бемор ин як достоне буд, ки орзуҳои кӯдакиву ҷавонии ӯро, ки филмбардори хуб шудан мехост, ҷомаи амал мепӯшонд.
Дар остонаи 36-солагӣ Эрве Гибер талош кард худкушӣ кунад. Ду ҳафта баъди ин талош, 27 декабри соли 1991 аз олам гузашт.
“Сафар бо ду тифл”, “Саргузаштҳои танҳоӣ”, “Тири шабаҳ”, “Гонгстерҳо”, “Хислати аҷиби Артур”, “Марги ба намоишдаромада”, “Иллат”, “Волидони ман”, “Ман ва хидматгори ман”, “Мукотиба бо Эжен Савитская”, “Тазриқи муҳаббат” аз ҷумлаи асарҳои дигари Гибер Эрвэ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ