Этикаи китобдорӣ

Этикаи китобдорӣЗиндагӣ аз муошират байни одамон иборат аст. Аз ин рў, бояд шахс одоби муоширатро дар ҷои аввал гузорад. Зеро лафзи ширин кафолати муносибати хуш байни одамон аст. Мақоли халқӣ низ далолат ба гуфтаҳои болост: Сухани ширин морро аз хонааш мебарорад.

Дар ин навишт аз қоидаҳо ва этикаи китобдорӣ субат мекунем. Биёед аввал  калимаи этикаро шарҳ бидием. Этикет аз вожаи  etnas-и юнонӣ аст, ки мафуми хулқу хӯй, одат, қонун ва тарзи зистро дорад. Этика илмест, ки қонунҳои умумитарин, вазифа ва қоидаҳои ахлоқро меомӯзад. Яъне, илми этика дар бораи пайдоиш, инкишоф ва моҳияти ахлоқ сухан меронад. Инчунин илми этика нуфузи ахлоқро дар пешравии маънавию иҷтимоии инсон муайян мекунад. Аввалин маротиба истилоҳи этикаро  ҳамчун таълимот дар бораи ахлоқ  Арасту мавриди истифодаи  таҳқиқоти  назариявӣ ва фалсафӣ қарор дода буд.

Этикаи касбӣ ахлоқ, меъёру фаъолияти муттахассиси ин ё он соҳаро дар бар мегирад.  Ахлоқ вожаи  арабист, ки рафтору кирдор ва сиратро мефаҳмонад. Масъалаи асосиии одобу ахлоқ иборат аз фаҳми некию бадӣ, адолату беадолатӣ, ҳаққу ноҳаққӣ буда, муносибати дуруст ва хайрхоҳонаи одамонро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, мафҳуми ахлоқро  метавон таври зайл шарҳ дод: ахлоқ мафҳуми этикӣ аст, ки  қоида, меъёри  рафтор, муносибат ва муомилаи  байни ҳамдигарии инсонҳоро ифода мекунад.

Риоя накардани ин гуфтаҳо аз дӯст надоштани касби (кори) худ, беэтиромӣ нисбати худ, истифодабарандаи китобхона ва меҳмонони китобхона шаҳодат медиҳад.

Китобдор бояд аз этикет бохабар бошад. Этикаи китобдорӣ яке аз равишҳои ахлоқ ба ҳисоб рафта, барои дар амал татбиқ намудани фаъолияти кории кормандон аз рӯйи этикаи китобдорӣ, дар дохили муассисаҳои фарангӣ ва китобхона мебошад. Мақсади ба ин мавзӯъ рӯ овардан пешгирӣ намудан аз рафтору гуфтори нохушоянди баъзе ашхосест, ки бар асари омилҳои гуногун, асабоният, бетарбиятӣ ва беъмасулиятӣ рух медиҳад.

Ҳар шахс дар ҷоддаи фаъолияти корӣ ва берун аз он бояд муносибати хуби инсонӣ, одобу ахлоқ, дониш ва муоширати ибратомӯз дошта бошад.

Муоширати китобдор ва истифодабаранда дар фаъолияти корӣ бояд аз эҳтироми ҳамдигар оғоз шавад. Ҳар корманди китобхона новобаста аз он, ки дар кадом мақому вазифа кор менамояд, уҳдадор аст, ки  гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори  хуби инсониро ба ҷо орад. Зеро ҳама рӯз меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва хонандагон ба ин даргоҳи фарҳангӣ ташриф меоранд.

Шаҳло Шарифова мутахассиси
пешбари шуъбаи таъмир
ва тармими ҳуҷҷатҳо.