Евгений Бертелс: Чакомасароӣ дар адабиёти тоҷик

ЧакомасароӣДар садаи даҳуми масеҳӣ, дониш ҳанӯз бештар ба забони арабӣ буд, аммо метавон гуфт, ки чакомасароӣ дар он ҳангом, дигар яксара ба порсии дарӣ будааст. Дар куҳантарин гулчини адабии форсӣ, ки он аз Муҳаммади Авфӣ дар нахустин чоряки садаи сездаҳуми тарсоӣ оростааст аз се чакомасаро ёд шуда, ки ба рӯзгори фармонравоии Сомониён будаанд.

Аммо он чӣ, ки аз чакомаҳои ин чакомасароёни оғозин монда, бисёр андаку ангуштшумор аст. Метавон андешид, ки забони мансухи чакомаҳои инон барои наслҳои пасин душвор буда, дигар шеърҳояшон рӯнависӣ нашуда ва бад-ин сон рафта-рафта нопадид шудаанд. Низ метавон гуфт, ки доварӣ дар бораи чакомаҳои оғозини дарӣ яксара аз рӯйи пораҳое аст, ки дар гулчинҳои гуногун мондааст. Аммо аз он ҷо, ки куҳантарин гулчине, ки даст дорем аз рӯзгори сурудани ин чакомаҳо се сада ба дур аст. Пайдост нигораҳое, ки гулчинҳо медиҳанд, норавшан ва гоҳ-гоҳ нодуруст аст. Гумоне нест, ки орастдиҳандагони гулчинҳо аз ҳамаи он чӣ ки дар дастрасашон буд ҳамон чизро баргузиданд, ки аз он сар дармеовардаанд ва дигар ин ки гузидаҳои онон ба гунае ба писанди адабии рӯзгорашон ҳамон будааст. Метавон гуфт, ки намоёнидани чеҳраи шоирони он рӯзгор, ки то андозае дақиқ бошад номуяссар аст ва бегумон бештари онон барои мо ҳамеша сояҳои камранг хоҳанд монд.

Як нуқтаи боаҳмияти дигарро ҳам бояд ёдовар шавем, Авфӣ номи шоиронро бо нистаби онон овардааст. Бо баррасии ин нисбатҳо дармеёбем, ки метавон гуфт ҳамаи (ё бештарин) чакомасароёни он рӯзгор, ки ба порсии дарӣ месурудаанд, аз бахшҳои Осиёи Миёна ва Хуросон будаанд. Ин нуқта метавон намоёнгари ин пиндор бошад, ки дарӣ забони ин бахшҳои Эрон будааст, на ин ки чунонки бисёриҳо меандешанд, забони ҷануб.

Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки кори чакомасароён ба гунаи бояста созмон ёфта будааст. Шоирон бештар дар бораи феодалони бузург (Дар он рӯзгор, Сомониён дар Бухоро ва хонадони муҳтоҷ дар Чағониён) мезистаанд. Дар сари ҳар гурӯҳ шоире ба номи “малик-уш-шуаро” буд. Ин “шоҳи шоирон” дурдонаи фармонраво буд, ки ӯро беҳтарин шоири даврони хеш мешинохт. Созмони ҳамаи “девони” чакомасароӣ бо ин “малик” буд. Шоири тоза бетайиди ӯ наметавонист роҳе ба дарбор биёбад. Заминаҳое дорем бияндешем, ки хондани чакомаҳои вижаро дар меҳмониҳои бузурги дарбор, бештар аз сӯи вай бозбинӣ ва то андозае виросторӣ ҳам мешудааст. Инро ба гумон метавон бо ин нуқта равшан сохт, ки то юриши муғулон асарҳои шоироне, ки дар як гӯрӯҳ будаанд дорои сӯҳои муштарак аст.

Шеърҳои ин шоирон ҳам аз нигоҳи мавзуъ ва ҳам аз нигоҳи сабк ба якдигар наздиканд ва ин низ бегумон пайомади фишори “шоҳи шоирон” будааст. Рафтори шоирони забардаст бо “малики” худ ёдовари рафтори нукар бо сарвараш будааст. “Малик” мудофии зердастони худ буд ва ба онон ёрӣ медод ва аммо агар яке аз рақибони баста ба дарбори дигар дар шеърҳои ҳаҷв ба чунин “малике” метохт, ҳамаи зердастони ӯ бедираг барои  дифоъ аз вай бармехестанд. Ё сарварии хешро дар мадҳияҳои тумтароқ месутуданд ё он ки дар ҳаҷвҳое заҳрогин пилиште (нопок, олуда) бар рафиқаш мебориданд. Омӯзиши шоирон дар он рӯзгор, душвору дароз будааст.

Низомии Арӯзӣ дар соли 1555-56 масеҳӣ навиштааст: “Чунонки шеър дар ҳар илме ба кор ҳамешавад, ҳар илме дар шеър ба кор ҳамешавад”. Барои дарёфтани ин сухан бояд ба ёд овард, ки дар он рӯзгор ҳар асари адабӣ, хоҳ навиштани руҳдодҳои таърихӣ бошад, хоҳ китоби дарси пизишкӣ ва ё фармони фармонраво, бо шеър ороста мешуд. Бавижа, он чакомаҳоеро пурарзиш бармешумурданд, ки дар онҳо шоир ба ҳамсанҷӣ даст ёзида буд, аз риштаҳои гуногуни дониш дар он сухан рафта буд ва ё аз руҳдодҳои гузаштаи таърихӣ ёд мекард ва ҷуз инҳо. Барои ҳамин ҳам буд ки шоир пеш аз он ки чакомасароиашро биозмояд, мебоист дониши густарда фаро гирифта бо ҳамаи риштаҳои илмии он даврон бахубӣ ошно бошад ва аз ин рӯ ҳам бе омӯхтани забони арабӣ, ки бахши бузург аз китобҳои илмӣ ба он забон буд, муяссар намебуд. Танҳо пас аз ин ки шоир ҳамаи зеру бамҳои дониш ва забони арабиро фаро мегирифт, ба омӯзонидани резакориҳо ба ӯ оғоз мекарданд.

Гузашта аз назарияи шоирӣ, вазн, радиф, омӯзиши ташбеҳоти шоирона нигарише бисёр ба ошноии фарогиранда бо шеърҳои куҳану нав ва варзиши ҳофизааш дода мешуд. Ҳамин Низомии Арӯзӣ мегӯяд: “Дар овони ҷавонӣ бист ҳазор байт аз ашъори мутақаддимон ёд гирад ва даҳ ҳазор калима аз осори мутаъхирон пеши чашм кунад”. Пайдост, ки чунин шеваи омӯзиш, нахустин кӯшишҳои шоирони ҷавон аз вижагии пайравӣ кардан ба шеъри шоирони шинохта будааст. Дастёбӣ ба сурудани чакомаҳои беҳамто дар нахустин даврон, танҳо бар мардумони пуристеъдод муяссар мегардид. Омӯзиш ба раҳбарии устоде пиру куҳнакор анҷом мегирифт ва устод танҳо вақте ба шогирдаш пару бо медод, ки ӯро то андозае варзида бидонад. Менамояд, ки омӯзиши шоир ҳам ба ҳамон соне буда, ки омӯхтани пеша аз устод дар коргоҳи пешабарӣ, нағма дар омӯзиши чакомасаро нақше андак надоштааст. Дар он рӯзгор шеърҳоро ё ба шакли “румонс” мехонданд ва ё ба сони сухансароӣ ҳамроҳ бо нағмаи соз. Чунонки, медонем Рӯдакӣ ва Фаррухӣ на танҳо чакомасаро, балки нағманавозони забардасте ҳам будаанд. Бояд ёдоварӣ кард, ки “тараннум” ва “бархондан” дар порсии дарӣ ҳар ду бо ҳамон як масдари “хондан” меояд…

Идомаи ин мақолаи хубро шумо метавонед аз китоби Евгений Бертелс “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикт” бихонед. Ин китобро соли 2015 аз силсила “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири таърих” Китобхонаи миллӣ чоп кардааст.

“Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” дар тарҷумаи донишманди эронӣ Сируси Эзадӣ зери назари академик Носирҷон Салимӣ, дар таҳия, вироиш ва баргардони марҳум Муҳаммадалии Аҷамӣ ва муҳарририи профессор Шамсиддини Солеҳ рӯи чоп омадааст.

Гунаи электронии китобро ин ҷо бихонед: ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС 

Таҳияи  Орзуҷон ИСКАНДАРОВ,
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”