Евгений Бертелс дар бораи Кисоии Марвазӣ

Малика-КисоиОсори Кисоӣ ва Дақиқӣ ҳалқаи пайванддиҳандаи миёни осори суханварони рӯзгори Сомониён ва шеърҳои мадҳиясароёни гирди Ғазнавиён будааст. Менамояд Абдулҳасани Кисоии Марвазӣ аз он чакомасароёни Сомониён бошад, ки дар вопасин солҳои ҳастии дудмони онон ба хидмати  фармонравоёни Бухоро даромада буданд. Аз зиндагии ӯ огоҳие дар даст нест.

Худаш ёдоварӣ мекунад, ки рӯзи панҷшанбе ҳангоме ки се рӯз аз моҳи шаволи соли 341 монда буда зода  шудааст, яъне 17 марти соли 953 (дувоздаҳ сол  пас марги Рӯдакӣ).

Гумон намеравад Кисоӣ тавониста бошад ҷойи камобеш намоён дар дарбори  Сомониён ба даст оварда бошад, зеро пеш аз солҳои 70 садаи даҳуми масеҳӣ, яъне дар солҳое, ки тахти Сомониён рӯ ба фурӯ рехтан буд, ӯ наметавонист пешрафте карда бошад.

Бегумон Кисоӣ дар нигоштани зердостонаи “Васф” устоди бузург будааст. Ин яке аз намунаҳои вижаи устодии ӯст.

Нилуфаре кабуд нигаҳ кун миёни об,

Чун теғи обдодаву ёқути обдор.

Ҳамранги осмону ба кирдори осмон,

Зардиш дар миёна чу моҳи даҳу чаҳор.

Чун роҳибе, ки дӯзахи ӯ солу моҳ зард,

В-аз мутрифи кабуд ридо кардаву изор.

Дар ин байтҳо то андозае латофат мебинем, аммо дар ин росто Кисоӣ дар шеъри зер гом фаротар мениҳад:

Гул неъматест ҳадяфиристода аз биҳишт,

         Одам каримтар шавад андар наъими гул.

         Эй гулфурӯш, гул чӣ фурӯшӣ барои сим,

         В-аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул.

Пайдост шоир ба хубӣ медонад, ки боғбони тиҳидаст бо фурӯши гул чӣ чизе мехоҳад бихарад. Ӯ мехоҳад бо пурсиши худ нишон диҳад, ки харидори гул ба шукӯҳи девонавор хӯ гирифта ва ҳатто дар сараш  намегунҷад, ки инсон битвонад ба чизе ҳам ниёзманд бошад. Аз он ҷо, ки Кисоӣ дар солҳои хурӯшони сарнагунии Сомониён, тохту този қарахониён ва фароз рафтани ғазнавиён мезист, метавон андешид, ки  солҳои пирии ӯ набояд чандон ором буда бошад. Аз ин рӯ равшан аст, ки назди ӯ низ ҳамчун Рӯдакӣ мӯяе аст сахт бар ҷавонӣ, ки мебинем:

Ба сесаду чиҳилу як расид навбати сол,

Чаҳоршанбаву се рӯз боқӣ аз шаввол

Биёмадам ба ҷаҳон то чӣ гӯяму чӣ кунам,

Суруд гӯяму шодӣ кунам ба неъмату мол.

Сутурвор бад-ин сон гузоштам ҳама умр,

Ки барда гаштаи фарзандаму асири аёл.

Ба каф чӣ дорам з-ин панҷаи шумурда тамом,

Шуморномаи бо сад ҳазор гунаву мол.

Дареғи фарри ҷавонӣ, дареғи умри латиф,

Дареғи сурати неку, дареғи ҳусну ҷамол.

Куҷо шуд он ҳама хубӣ, куҷо шуд он ҳама ишқ?

Куҷо шуд он ҳама неру, куҷо шуд он ҳама ҳол?

Гузоштему гузаштему буданӣ ҳама буд,

Шудему шуд сухани мо фасонаи атфол.

Аё Кисоӣ панҷоҳ бар ту панҷа гузорад,

Биканд боли туро захми панҷаву чангол.

Ту гар ба молу амал беш аз ин надорӣ майл,

Ҷудо шав аз амалу гӯши вақти хеш бимол.

Аз китоби Евгений Бертелс “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” иқтибос шуд. Ин китобро соли 2015 аз силсилаи “Тоҷнома” Китобхонаи миллӣ чоп кардааст.

Гунаи электронии китоби мазкур, ки басо хонданиву ҷолиб аст, ин ҷост: «ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ»

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА,
мутахассиси пешбари Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдорӣ.