Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Дақиқӣ. Идома

Евгений БертелсПайдост, ки ҳанўз наметавон ин пиндорро устувор кард, аммо менамояд, ки наздик ба ростӣ бошад. Хушбахтона, ҳазор байтеро, ки Дақиқӣ барои ин нома суруда, мондааст. Фирдавсӣ онҳоро ба нома дароварда аз ин раҳгузар кори салафи хешро барои ояндагон нигаҳ даштааст. Фирдавсӣ мўшикофона ёдовар мешавад, ки сурудаҳои Дақиқӣ аз кадом ҷой оғоз мешавад, ў мегўяд:

Чунон дид гўянда як шаб ба хоб,

Ки як ҷоми май доштӣ чун гулоб.

Ба Фирдавсӣ овоз додӣ, ки май.

Махўр ҷуз ба оини Ковуси Кай.

Кӣ шоҳӣ гузидӣ ба гетӣ, кӣ бахт,

Бад-ў нозаду тоҷу дайҳиму тахт.

Шаҳоншоҳ Маҳмуд гирандашаҳр,

Зи ганҷаш ба ҳар кас расида баҳр.

Аз имрўз то соли ҳафтоду панҷ,

Бикоҳид-ш ранҷу биболид-ш ганҷ.

В-аз он пас ба Чин андарорад сипоҳ,

Ҳама меҳтарон баргушоянд роҳ.

Набояд-ш гуфтан касеро дурушт,

Ҳама тоҷи шоҳон-ш ояд ба мушт.

Бад-ин нома аз чанд биштофтӣ,

Кунун ҳар чӣ ҷустӣ ҳама ёфтӣ.

Аз ин бора ман пеш гуфтам сухун,

Агар бозёбӣ бахилӣ макун.

Зи Гуштоспу Арҷосп байте ҳазор,

Бигуфтам саромад маро рўзгор.

Гаронмоя назди шаҳаншаҳ расад,

Равони ман аз хок бар маҳ расад.

Пазируфтам он гуфти ўро ба хоб,

Ба хубиву нармиш додам ҷавоб.

Ки ман ҳам ба пеши ту хоҳам расид,

Аз ин шарбатам мебибояд чашид.

Кунун ман бигўям сухан к-ў бигуфт,

Манам зинда ў гашта ба хок ҷуфт.

Сипас ҳазору ҳашт байти Дақиқӣ ва ин достон меояд, ки чӣ гуна Зартушт пайдо шуд ва чӣ гуна худ Кайгуштосп, Луҳросп ва ҳамаи бузургони Эронзамин ба оини Зартушт гаравиданд, пас аз он гуфта шудааст: Аммо ҳамин ки Аурҷосп подшоҳи Турон аз ин огоҳ шуд, номае бад-ў барнавишт ва хост, ки Гуштосп аз ин навоварӣ даст кашад ва агар ин пандро бипазирад бахшишҳои бисёр бар вай хоҳад дод:

В-ар эдун, ки бипзирӣ ин некпанд,

Зи туркон ба ҷонат наёяд газанд.

Замини Кушонию туркону Чин,

Туро бошад он ҳамчу эронзамин .

Ба ту бахшам ин бекарон ганҷҳо,

Ки овардаам гирд бо ранҷҳо.

Аммо агар ин панд овезаи гўш насозад:

Биёям паси нома то як-ду моҳ,

Кунам сарбасар кишваратро табоҳ.

Сипоҳе биёрам зи туркону чин,

Ки бунгоҳашон барнатобад замин.

Биянбозам ин рўди Ҷайҳун ба мушк,

Ба мушк оби Ҷайҳун кунам пок хушк.

Бисўзам нигоранда кохи туро,

Зи бун барканам беху шохи туро.

Заминтон саросар бисўзам ҳама,

Танонтон ба новак бидўзам ҳама.

Аз эрониён ҳар чӣ мард аст пир,

Кунамшон якояк дар он ҷо асир.

Гуштосп сарафрозона посухи рад медиҳад ва ҷанге дароз оғоз мешавад. Бо он ки коре душвор аст саранҷом Гуштосп пирўз мешавад:

Пас андар ниҳоданд эрониён,

Бад-он лашкари баемари чиниён.

Бикуштанд аз ишон зи ҳар сў басе,

Набахшудш-он,эй шигифте касе.

Сипас Гуштосп Исфандиёрро мефиристад, то оини Зартуштро дар гетӣ бигустаронад. Аммо суханчинон аз Исфандиёр ба Гуштосп бадгўӣ мекунанд ў бадгумон мешавад, ки гурди ҷавон бадандеш аст ва вайро ба банд мекашад. Арҷосп аз ин огоҳ ва бар он мешавад, ки дами мусоид фаро расидааст. Сипоҳе гирд меоварад, то дубора бо Гуштосп битозад. Фирдавсӣ ин ҷо мегўяд:

Дақиқӣ расонид ин ҷо сухун,

Замона биёвард умраш ба бун.

Рабудаш равон аз сарои сипанҷ,

Аз он пай, ки бинмуд бисёр ранҷ

Ба гетӣ намондаст аз ў ёдгор,

Магар ин суханҳои нопойдор.

Намонд ў, ки бурдӣ ба сар номаро,

Биронад бар ў сар ба сар хомаро.

Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир,

Суханҳои покизаву дилпазир.

Чу ин нома афтод дар дасти ман,

Ба моҳе гароянда шуд шасти ман.

Нигаҳ кардам ин назму суст омадам,

Басе байти нотандуруст омадам.

Ман инро навиштам, ки то шаҳриёр,

Бидонад сухан гуфтани нобкор.

Ду гавҳар ба ин бо ду гавҳарфурўш,

Кунун шоҳ дорад ба гуфтор гўш.

Сухан чун бад-ин гуна боядт гуфт,

Магўю макун ранҷ бо табъ ҷуфт.

Чу банди равон биниву ранҷи тан,

Ба коне, ки гавҳар наёбӣ макан.

Чу табъе надорӣ чу оби равон,

Мабар даст зӣ номаи хусравон.

Даҳон гар бимонад зи хурдан тиҳӣ,

Аз он беҳ, ки носоз хонӣ наҳӣ.

(Идома дорад)

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.