Евгений Бертелс: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”. Шаҳиди Балхӣ

Шаҳиди Балхӣ. Ҳамдавраҳои Рўдакӣ ба ҳангом сухани анбошта аз гиромидошти жарф дар бораи ў, бо ҳамон гиромидошт аз чакомасарое ба номи Шаҳид ҳам ёд кардаанд. Абулҳасани Шаҳид ибни Ҳусейн зодаи Балх буд. Зиндагиномааш равшан нест, танҳо метавон пиндошт, ки пеш аз Рўдакӣ мурда бошад.

Аз асарҳои Шаҳид камтар аз он чӣ аз шеърҳои ҳамдавраи бузургаш монда, то ба рўзгори мо расидааст, аммо аз байтҳои парокандаи ў дар фарҳангҳо метавон дарёфт, ки ў ҳам бештар мадҳияҳое пуршукўҳ месурда, ки даромадаш бо нигораи табиат будааст ва ё шарҳи эҳсосоти ошиқона. Пораеро, ки акнун мебинем ин ҳардуро дар худ дорад:

Абр ҳамегиряд чун ошиқон,

  Боғ ҳамехандад маъшуқвор.

  Раъд ҳаменолад монанди ман,

  Чун-к бинолам ба саҳаргаҳ зор.

Бегумон ин бахше аз насиби баҳория аст, ки устодона ва бо овое ошиқона ба ҳам бофта шудааст.

По ба пои чунин шеърҳо, байтҳое на чандон андак, ҳаҷвияҳои пурнешу заҳрогин аз Шаҳид монда, ки менамояд бештар алайҳи ин ва ё он шоир будааст. Ин нишон медиҳад, ки Шаҳид бо гумони бисёр бо рақибонаш сахт размида мекўшидааст барои хештан ҷои гарму нарм дасту по кунад. Менамояд, ки ў аз хитоб ба тавонмандон ҳам барои ёдоварии хеш парҳез накарда бошад. Чунонки шоир хитоб ба вазир, Ҷайҳонӣ ин суханонро мегўяд:

Гар фаромўш кард хоҷа маро,

 Хештанро ба руқъа додам ёд.

  Кўдаке ширхора то нагирист,

 Модар ўро ба меҳр шир надод.

Аммо бояд андешид, ки ҳарчанд Шаҳид хештанро ба ёд ҳам оварда бошад, боз ҳам феодалони «модар» чандоне ҳам бо меҳр, ўро ба шир хўрдан фаро нахонда шоирони дигарро, ки ў поинтар аз хеш медониста, бартар донистаанд. Байтҳои зер гувоҳе аст бар ин андеша:

Донишу хостаст, наргису гул,

  Ки ба як ҷой нашкуфанд ба ҳам.

  Ҳаркиро дониш аст, хоста нест,

  В-он киро хостааст дониш кам.

Шаҳид чунин бар мешумарад, ки дар даврони ў донишмандон рўзгори душвор дошта аз гиромидошт бархўрдор набуданд.

Донишо, чун дареғам оӣ аз он-к,

  Бебаҳоию  лек аз ту баҳост.

Бе ту аз хоста мабодам ганҷ,

  Ҳамчунин зорвор бо ту равост.

  Боадабро адаб сипоҳ бас аст,

  Беадаб бо ҳазор кас танҳост.

Ин пархоше аст ошкоро бар ашрофиёне, ки бар кори ў арзиши боиста намедоданд, саранҷом Шаҳид ба паёмади ғамноктар мерасад:

Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,

Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.

Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,

Хирадманде наёбӣ ҷовидона.

Аз он ҷо, ки дасти Ҷ. Дармстетер сабук буд, дониши Аврупо Шаҳидро нахустин шоири бадбин дар адабиёти форсӣ номид. Аммо ба андешаи мо ин байтҳои ғамноки Шаҳид на аз хўи бадбинонаи ў, балки бештар аз пайкори сахт барои сурудҳои мардумӣ, барои зинда кардани суннат мебошад. Барои зинда кардани суннатҳои куҳани меҳанӣ ва алайҳи бартар донистани адабиёти тозӣ, ки ў дар саросари зиндагӣ ба ночор ба он пардохта буд, бархостааст. Наслҳои пас аз Шаҳид ба дурустӣ асарҳои ўро арзёбӣ кардаанд. Инро суханони шоирони садаи ёздаҳуми милодӣ ҳам, ки дар ситоиш аз шеърҳои ў гуфтаанд устувор мекунад.

Аммо менамояд, ки арбобон ва ашрофи феодал шеърҳои ўро написандида бошанд, гилаи шоир аз дарюзагӣ ва низ аз танбалии. «адабпарварон»-и тоҷдор аз ҳамин ҷо бармехезад. Чунонки Сайид Нафисӣ ёдовар шудааст, Шаҳид на танҳо ба хубӣ ба тозӣ ва порсӣ шеър мегуфт, ҳатто менамояд, ки донишманди барҷастаи рўзгори хеш ҳам будааст. Дар «Алфеҳрист»-и Машҳуруннадим дар бахше, ки сухан аз Закариёи Розӣ меравад гуфта шудааст, ки ба рўзгори Розӣ марде буд, машҳур ба Шаҳид ибни Ҳасан, ки лақаби Абўлҳасан дошт, ў дар илм пайрави ақоиди Розӣ буд, аммо китобе ҳам навиштааст, ки дар он бо Розӣ меситезад.

Ин ду ба якдигар пархош мекарданд. Аннадим бо овардани феҳристи асарҳои Розӣ аз «китоби мухолифат бо Шаҳиди Балхӣ перомуни мухолифати ў дар масъалаи (моҳият) лаззат» ёд кардааст. Агар донишманди бузург чун Розӣ ба кор медонист, ки бо назарияи Шаҳид мухолифат кунад, пас намоён мешавад, ки дар он рўзгор ба корҳои фалсафаии ў арзише шоён медодаанд. (Бингаред ба вижаномаи Рўдакӣ, ки дар он ҷо адабиёти бузурге дар бораи Шаҳиди Балхӣ аст ва метавон гуфт, ки ҳамаи пораҳои мондаи шеърҳояш омадааст. С. Нафисӣ. Рўдакӣ… ҷ, 3, саҳ.1220). Дархўри нигаришаст, ки менамояд Шаҳид, донишманди барҷаста ва шоири воло дар ҳамон ҳангом хушнависи пуровозае ҳам будааст. Байте дар яке аз қасидаҳои Фаррухӣ, шоири гирди Fазнавиён гўёи ин сухан аст. Фаррухӣ ба ҳангоми сухан аз дабир Абўсаҳл мегўяд:

Хат нависад, ки бинашносанд аз хати Шаҳид,

Шеър гўяд, ки бинашиноси аз шеъри Ҷарир.

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин

Маркази “Тоҷикшиносӣ”.