Файзи эҷодкор: Ёде аз Рассоми халқии Тоҷикистон Ашўр Ҳайдаров

Дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе, шахсият ва чеҳраҳои шинохтаву мондагоре кору зиндагӣ намудаанд, ки фаъолияти серҷанбаи онҳо барои имрўзиён ва ҷавонон намунаи ибрат, дарси маҳорату ватандўстӣ мебошад. Яке аз чунин инсонҳои зиндаёд Рассоми халқии Тоҷикистон Ашўр Ҳайдаров мебошад.
Ашўр Ҳайдаров соли 1916 дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омадааст. Ҳаёти хеле пурташвишро аз сар гузаронид. Ба ҳама пешомадҳои тақдир истодагарӣ намуда, онҳоро паси сар намуд. Дили пурэҳсоси эҷодӣ, самимияти худро тозаю беолоиш нигоҳ дошт. Ў ҳанўз аз овони кўдакӣ нисбат ба рассомӣ рағбати беҳамтое дошт ва бинобар он дертар рассомӣ шуғли асосиаш гардид ва ба мазмуну моҳияти зиндагиаш табдил ёфт.
Дар Тоҷикистон рассоме нест, ки ба навиштани асарҳои манзаравӣ машғул нашуда бошад. Ашўр Ҳайдаров низ фаъолияти худро аз навиштани асарҳои манзаравӣ оғоз намудааст. Рассом табиати кишвари худро бениҳоят дўст медошт ва ин меҳру муҳаббаташ дар ҳар як асари манзаравии ў ба назар мерасад. Ашўр Ҳайдаров бо тамоми ҳастиаш ба омўхтани табиати Тоҷикистон машғул буд. Диққати ўро бештар манзараҳои кўҳистон ба худ ҷалб менамуданд.
Дар натиҷаи заҳмати бисёрсола дар оғўши табиат асарҳои манзаравии дилфиреб, ки ба ин гўшаи афсонавии Тоҷикистон бахшида шуданд, ба мисли «Помири шарқӣ», «Каппа дар водии Аличур», «Водии Аличур», «Кўҳҳои Помир» эҷод шуданд.

Манзараҳои эҷодкардаи Ашўр Ҳайдаров инчунин дорои ҳиссиёти маҳини лирикӣ мебошанд. Дар ин хусус асарҳои дигари манзаравии рассом «Дарёи Панҷ» (1966) «Дараи Варзоб» (1967) мисол шуда метавонанд. Ин наққошиҳо бо як муҳаббати беҳамтое офарида шудаанд. Ашўр Ҳайдаров ба эҷоди асарҳои манзаравии мазмунан васеъ машғул мегардид. Асарҳои калонҳаҷми рассом ба мисли «Тоҷикистон» (1978), «Манзараҳои кўҳистон» (1984), «Қаратоғ» (1981), «Метеостансия» (1981), ки дар онҳо панорамаи бузурги табиати Тоҷикистон ифода ёфтааст, ба кас ҳаловат бахшида, дар қалби ҳар як нафар ҳисси ватандўстию ватанпарвариро меафзояд.
Дар солҳои 60- уми асри гузашта Ашўр Ҳайдаров як зумра асарҳои таърихӣ, аз ҷумла, «Отряди Афзалӣ» (1967), «Фаранҷипартоӣ» (1967) эҷод менамояд, ки ҳамаи он нишони ба камолоти эҷодӣ расидани рассом мебошад.
Минбаъд рассом мавзўи муборизаи занон баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодии хешро дар асарҳои дигари худ – «8 – марти соли 1927. Хуҷанд» (1984), «Ҳуҷум» (1974) давом додааст. Асарҳои номбурда бисёртасвирдор буда, бо ҳам бархўрдани қувваҳои бо ҳамдигар муқобил мазмуни асосии онҳо мебошад. Дар тўли солҳои фаъолияти эҷодиаш Ашўр Ҳайдаров борҳо ба мавзўи барпо намудани Ҳокимияти Шўравӣ муроҷиат намуда, асарҳои ҷолиб эҷод намудааст. Рассом оид ба мавзуъҳои гузаштаи дури таърихӣ низ асарҳо эҷод намудааст. Инҳо «Мушфиқӣ дар Бухоро» (1976 – 1977), «Мулоқоти Абўалӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон» (1980) мебошанд. Ин асарҳо дар рўҳияи анъанаҳои санъати мактаби реалистӣ эҷод гаштаанд ва аз ин рў, бо амиқии тасвир ва муфассал ифода ёфтани воқеаи таърихӣ фарқ мекунанд. Қиммати бадеии ин асарҳо ҳам маҳз дар ҳамин аст.
Рассом инчунин дар мавзуъҳои ҳаёти муосир асарҳо эҷод намудааст. «Мумфаршкунии роҳ» (1963), «Пода дар кўҳистон» (1975), «Пахтакорон» – намунаҳои беҳтарини ин зумра асарҳо ба шумор мераванд, ки дар онҳо мушоҳидакорӣ ва хеле хуб донистани табиат ва ҳастии кишвари азизаш ба назар мерасад.
Ашўр Ҳайдаров рассоми портретнавис ҳам буд. Портрети беҳтарин актрисаҳои саҳнаи тоҷик, чун М. Исоева, Г. Сафаралиева, Г. Абдуллоева ва дигаронро дар нақшҳои саҳнавӣ офаридааст, ки дар онҳо рассом тавонистааст, симоҳои ҳунарпешагонро хело моҳирона ифода намояд. Рассом Ашўр Ҳайдаров яке аз симоҳои шинохтаи фарҳанги тоҷик буда, дар инкишофи санъати миллии халқи тоҷик ҳиссаи арзанда дорад.
МАНБАЪ: Р.Муродов: Файзи эҷодкор: Ёде аз Рассоми халқии Тоҷикистон Ашўр Ҳайдаров // Баҳори Аҷам. – 2016. – 12 июл.
Ва боз дар бораи наққоши мониқалам хонандагон метавонанд ба мақолаи М.Салим: “Меҳнатро шуҳрати умр донистед…! Ёде аз рассоми халқии Тоҷикистон Ашўр Ҳайдаров” // Паёми Душанбе. – 2021. – 7 май муроҷиат кунанд.
Таҳияи Нафиза Шаҳбозова,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ