Фалак ва масъалаҳои таърихӣ – назариявии мусиқии тоҷик
Ин китобест, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст. Ва аслан аз матолиби Сеюмин симпозиуми байналмилалии Фалак мураттаб шудааст. дар сарсухани китоб мураттибон менависанд: Сеюмин фестивал-симпозиуми ФАЛАК анъанаи форумҳои пешинаро, ки ба ин падидаи зебои мусиқии куҳистони тоҷик бахшида шуда буданд, идома медиҳад. Дар баробари ин форуми мазкур ба пешвози Рўзи ФАЛАК гузаронида шуда, анъанаи наверо пойдор менамояд. Месазад, ки минбаъд идҳои Рўзи ШАШМАҚОМ (12 май) ва Рўзи ФАЛАК (10 октябр) ҳамин тавр пуршукўҳ таҷлил гарданд.
Ҳол он ки ФАЛАК – нишондоди тафаккури мусиқии мардуми кўҳистони тоҷик мебошад. Имрўз аҳли илму маърифату фарҳанги тоҷик (ва хориҷ) онро ба хубӣ дарк мекунад, ки Фалак яке аз муҳимтарин унсурҳои мусиқии суннатии тоҷик буда, решаҳои таърихии хеле қадима дорад.
Омили ҳамаи бурдбориҳои ин ҷода ташаббусҳои беҳамтои сарвари фарҳангпарасти тоҷик, Ҷаноби олӣ, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таърихан чунин табадуллотҳои фарҳангӣ дар давраҳое амалӣ мегарданд, ки худи сарвар ин фарҳангро комилан дарк намуда, онро бипазирад. Мисоли равшани он дар садсолаҳои охир дар сиёсати фарҳангии Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Раҳмон бараъло зоҳир мегардад.
Туфайли такя ба чунин сиёсати фарҳангӣ таҳқиқи Фалак на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси ҷаҳонӣ хеле пуравҷ гардид. Аз ин сатҳи илмии маводи симпозиуми мазкур шаҳодат медиҳад. Мавзўи форуми навбатӣ нисбатан хеле васеъ буда, дар қиёс бо форумҳои I (Душанбе, 2004) ва II (Кўлоб, 2006) нахустин маводҳои сирф илмиро дар бораи жанри мусиқии Фалак, системаи лаҳнии он – чормуқом, рубоихонӣ ва мақоми он дар Фалак, фаҳмиши фалсафии падидаи Фалак, муқоисаи илмии Фалак дар байни тоҷикони Афғонистон, зуҳури унсурҳои тафаккури бадеии Фалак ва алоқамандии он бо шаклҳои ҳунари гулдузӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар маҷмўа инчунин як силсила мақолоте оид ба «Гурғўлӣ» – ҳамосаи мусиқии тоҷик низ бахшида шудааст.
Илова бар ин дар китоби мазкур маводи таърихӣ ва назариявии мусиқии суннатии тоҷик (ва Шарқ) низ ворид гаштаанд, ки ба омўзиши паҳлуҳои гуногуни мусиқии тоҷик мусоидат мекунанд. Ҳадаф дар он аст, ки хонандаи тоҷик бо муҳаққиқони хориҷе, ки фаъолияти илмии хешро бо падидаҳои гуногуни мусиқии тоҷик ва халқҳои ҳамсояву ҳамзабони мо бахшидаанд, шиносоие пайдо кунад.
Мақолаҳои маҷмўа ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудаанд. Бидуни шак хонандаи муосири тоҷик аз ин гуногунзабонӣ душворие намекашад. Омили раҳнамунии ин амал он аст, ки мутолиаи маводи илмӣ бо забони худи муаллиф беҳтар аст.
Хоннада аз мутолиаи мақолоти мухталиф, ки аз ҷониби пажӯҳишгарони мумтоз навишта шудаанд ва аз нигоҳи илмӣ мусиқии Фалакро ба риштаи таҳлил кашидаанд, барои худ баҳраҳо мебарад, бо пешинаи таърихии он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон низ ошно мешавад.
Китоби “Фалак ва масъалаҳои таърихӣ – назариявии мусиқии тоҷик”-ро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.
Таҳияи Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси шуъбаи
кўдакон ва наврасон
.