Фалсафа ва файласуф

Сатрҳое, ки ҳоло мехонед, иқтибос аз пешгуфтор ба китоби “Фалсафа”-и донишманди тоҷик Ғуломҷон Мирзоев мебошад, ки соли 2016 чоп шудааст. Китоб дарбаргирандаи мавзуоти ҳам таърихи фалсафа ва ҳам фалсафаи муосир ба шумор рафта, дар он масъалаҳои муҳимтарин, равияҳову ҷараёнҳои гуногуни фалсафӣ ба таври мухтасар ва дар заминаи сатҳи муосири таҳқиқи фалсафа баён карда шудааст.

Муаллиф дар сарсухан овҷардааст:

Хирад чашми ҷон аст, чун бингарӣ,

Ту бе чашмшодон ҷаҳон наспарӣ.

  Омӯзандаи азиз, ҳоло ту расидӣ ба ҷое, ки дар қатори донишҳои дигар илме омӯзӣ, ки онро фалсафа унвон кардаанд. Ин вожа, яъне мафҳум, ба ту номаълум ва нофаҳмост, вале аз ҷумлаи баъдинаи ҳамин пешгуфтор маъниивожагии онро хоҳӣ донист, аммо муҳтавои илмии онро минбаъд, дар раванди омӯзиши мавзӯъ аз бар мекунӣ.

Юнонзамин фалсафаро муҳаббат ба хирад гуфт ва ин гуфторро аввалин маротиба ба маънии мазкур файласуфи Юнони Бостон Пифаҳор (нимаи дувуми асри VI–ибтидои асри V то мелод) истифода карда будааст. Пифаҳор фалсафаро дар ҷустуҷӯйи дарёфти ҳақиқат маънидод мекардааст.

Аз он замон бештар аз дувуминҳазор сол сипари шуд.Тули ин асрҳо инсоният мудом ва муттасил пажӯҳиш мекард, ҷадал менамуд, мактабҳо гушоиш медод, ранҷ мебурд, ба маъниҳо уқм мезад, ҷон месупорид, то хирадро пайдо ва аз бар намояд. Кадом хирадро ҷустуҷӯ дошт инсоният? Оё чунин хирад ҳаст? Агар бошад, чӣ аст он? Чаро аҷдоди миллати мо вожаҳои хирад ва хирадманд,  ҳикмат ва ҳаким офариданд ва чаро ҳайате аз фарзандонашонро ҳаким унвон карданд? Чаро Рӯдакии Самарқанду Фирдавсии туроби Тӯс, Саъдиву Ҳофизи Шероз, Носири Хусрави хоки Қубодиёну Хайёми Нишопурзамин, Бӯалии Бухорову Мавлои Балх, чаро шумори зиёди ҳарфҳои дигари забонамон, ки сарҳарфи исми теъдоди зиёди хирадмандони миллатамон ҳастанд, дили мардуми оламро рабуданд ва чаро оламгир гаштанд? Ба ҳама ин ва суолҳои дигар ҷавоб чунин аст, ки онҳо дар роҳи дониш, дар роҳи хирад, дар роҳи гушодани ҳикмати олам ва одам заҳмат кашида, умр ба сар бурданд, аз худ мероси гаронбаҳо ба ояндагони минбаъда боқӣ гузоштанд ва арзишҳои ин мерос ҳамеша дар хидмати аҳли башар буд, кунун низ ҳаст ва шубҳае нест бар он, ки абадӣ хоҳад монд. Ҳамин тариқ, эшон луқмаи нони хешро ба заҳмат дар роҳи дониш пайдо мекарданд. Онҳо тавасути эҷоди худ олам ва оламиёнро гирифтанд, оламиён ҳамеша бо онҳо буданд ва абадӣ бо онҳо хоҳад монд.

Чунон ки маълум аст, онҳо олам оламиёнро на ба шамшер, балки ба шеър, ба маънӣ, ба илм таслиму тасхир карданд. Хирад омӯхтанду хирадманд буданд, ҳикмат омӯхтанду ҳаким буданд. Файласуф буданду муҳаббат ба хирад, ба илм, ба ҳикмат,ба дониш доштанд ва ба авлоди минбаъдаи башар чунин васият карданд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг–андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В–аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

(Рӯдакӣ)

Ин ҳашт мисраъ шеъри маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ҳазор сол муқаддам эҷод шудааст, як ҷаҳон маънии фалсафӣ дорад. Қабл аз ҳама, инсонҳоро ҳидоят мекунад, то аз “рози дониш” бебаҳра намонанд. “Рози дониш”–и Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз қмсматҳои умдатарини омӯзиши фалсафа ба шумор меравад, ки дар атрофи он баъдтар ҳарф хоҳем зад.

Аз овардани мисраҳои шеър манзурамон таълими адабиёт нест, вале шеър манбаъҳои эҷод дорад, ки онҳо сарчашмаҳои омӯзиши илми фалсафа низ мебошанд. Барои он ки бисёр мунтазир накунем ва нагузорем, ки атрофи манбаъҳо ба фикр фурӯ рафта бошед, ҷавобро ифода мекунем ва мегӯем, ки сарчашмаҳои мазкур-олами атроф, ҷомеа, якҷоя бо тамоми хусусиятҳои хоси худ, ки дар узвияташ ҳастем, инсон, ки ягона махлуқи соҳибтафаккур ва соҳибнутқ аст ва кулли маъниҳои зиндагӣ аз сиёсат то ба ҳуқуқ, аз ахлоқ то ба зебоипарастӣ, аз ишқ то ноумедӣ, аз зиндагӣ то марг, яъне аз олами ҷисмонӣ то ба олами маонӣ ва олами ҷон (рӯҳ) мутааллиқ ба ӯст, манбаъҳои омӯзиши фалсафав ба шумор меравад.

Агар мушаххастар, яъне дақиқтар гуфта бошем, чунин мешавад, ки мавзӯи фалсафа аз омӯзиши усулҳои хосу оми пайдоиш ва рушди олами муҳит, яъне оламе, ки моро манзили зист додааст, инсон ва ҷомеаи инсонӣ, ки дар ин олам пайдо гаштаву рушд кардааст ва мавҷудияти ҳам ҷисмонӣ дорад ва ҳам маънавӣ, ки он офаридаи худи ӯст ва, ниҳоят, усулҳои маърифати воқеиятҳои номбаршуда, яъне донистани ин воқеиятҳо иборат аст.

Аз гуфтаҳои боло ва маънидодҳо хоҳ-нохоҳ чунин бар меояд, ки фалсафа бар асоси мавзуъҳои баррасиаш ҳама соҳаҳоро дар бар мегирад ва дар замини натиҷаҳои илмҳои соҳаҳои гуногун дар бораи оламу ҷомеаву одам ва маърифати он ҷавоб мегӯяд. Ин ифода иаънии онро дорад, ки фалсафа, ба қавле, илмест муттаҳидкунандаи маърифат, ки тавассути он инсон ҷаҳонбинии хешро ташаккул медиҳад.

Агар фалсафа ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ бошад, пас вай меҳвар, асоси бунёди сохтмони фарҳанги инсоният ва раҳнамои тамоми илмҳост. Аз ин лиҳоз фалсафа ҳамчун илми раҳмонӣ (методологӣ) ба илмҳои дигар хидмат мекунад ва раҳнамо илм ба шумор меравад.

Баъди ин ҳама “розу ниёз” ба азизони донишомӯз иброз доштанӣ ҳастем, ки хоҳ сарнишини ҳавопаймо бошиву хоҳ табиби ҷарроҳ, хоҳ муҳандис бошиву хоҳ вазир, хоҳ банкдор бошиву хоҳ соҳиби дафтару ҳисоб, фалсафа раҳнамои ту аст.

Бинобар ин фалсафаро тамоми донишомӯзони ҷаҳон ҳамчун яке аз илмҳои муҳимтарини ҷомеашиносӣ дар кулли макотиби олӣ омӯзонанд. Дар ҳамин асос ин фан ба барномаи омӯзиши ҳатмии мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил гардидааст ва аз омӯзандагон, қабл аз ҳама, аз донишҷӯён тақозо карда мешавад, ки ин илмро низ ба хубӣ биомӯзанд, то “ биноҳои обод”, ки “ зи борону аз тобиши офтоб нагардад хароб” (иқтибос аз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсии ҳаким) сохта бошанд ва ба мардум хидмати арзанда пешкаш намоянд….

Хоҳишмандон китоби “Фалсафа”-и донишманди тоҷик Ғуломҷон Мирзоевро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Зебонисо РИЗОЕВА,

мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ

ба истифодабарандагон