Фанни шеър. Чиро истиора гӯянд?
Истиора – (калимаи арабӣ, маънои ба орият ё амонат гирифтан), истилоҳи фанни балоғат ва яке аз чаҳор рукни илми баён. Ҳамчун санъати бадеӣ истиора як навъи ташбеҳ ва намунае аз маҷоз аст, ки ба корбурди як калима ба ҷои калимаи дигар ишора мекунад. Нахустин бор ба моҳияти истиора ҳамчун санъати бадеӣ Арасту ишора кардааст. Ў аз ин санъат чун як навъи маҷоз (метафора) ёд оварда, асли ин санъатро интиқоли маънии як калима ба калимаи дигар донистааст.
Ба андешаи Арасту аз ҳар мавқеъ, ки ба истиора нигоҳ кунем, онро бузургтарин василаи шоирӣ меёбем, зеро маҳсули дарунбинӣ ва жарфнигарии шоир аст. Истиора навъе аз маҷоз дониста шуда, хусусияти асосии он ифода кардани ашё бо номи ашёи дигар аст, ки ҳақиқати аслии ҳар ду дар сифате муштарак бошад, чунонки марди шуҷоъро «шер» хонанд ба сабаби далерие, ки миёни ҳар ду муштарак аст ва мардуми нодонро «хар» хонанд аз ҷиҳати кундзеҳние, ки муштарак аст дар байни ҳарду. Хитоб ба ғайри инсон, монанди ҳайвонот, набототу ҷамодот ва мунозираи байни онҳоро – мунозираи теғу қалам, рўзу шаб ва шамъу гулро аз зумраи истиора донистаанд. Ин санъат ҳам дар назм ва ҳам дар наср истифода шуда, дар ҳама забонҳо маъмулу маъруф аст. Истиора натиҷаи омезиши ташбеҳу маҷоз, инчунин самараи тахайюлоти шоирона ва маҷози ақлист. Аксари муҳаққиқон истиораро маҷози луғавӣ гуфтаанд, ки дар ин ҳолат истифодаи калима ба маънии ғайри аслиаш дар назар дошта мешавад.
Истиора ҳамчун санъати маънавӣ асосан аз ду дидгоҳ баррасӣ мешавад:
- Истиора як навъи ташбеҳ аст, ки дар асоси инкишофи баъдии ташбеҳи пўшида ба вуҷуд омадааст, вале дар он ташбеҳкунанда бе зикри ташбеҳшаванда ва ба ҷои он истифода мешавад, масалан: «наргис» ба ҷойи чашм, «гули зард» ба ҷои офтоб, «алиф» ё «сарв» ба ҷои қомати маҳбуба ва ғайра.
Маҳаш мушксою шакар майфурўш,
Ду наргис камонкаш, ду гул диръпўш.
Асадии Тўсӣ
Дар байти боло «маҳ» ба маънии рўй, «шакар» ба маънии лаб, «наргис» ба маънии чашм ва «гул» ба маънии рухсора истифода шудаанд. Ин навъи истиораро ташбеҳи кўтоҳшуда низ гуфтаанд.
- Истиора навъе аз маҷоз аст, яъне, дар он калима на ба маънои аслӣ, балки ба маънои маҷозӣ ба кор меравад, аммо дар байни маънои аслӣ ва маҷозии калима бояд ҳатман мушобиҳат ҷой дошта бошад. Масалан:
Ҳазорон наргис аз чархи ҷаҳонгард
Фурў шуд, то баромад як гули зард.
Низомии Ганҷавӣ
Дар ин байт «наргис» ба маънии ситора ва «гули зард» ба маънии офтоб истифода шудаанд.
Истиораро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: равшан ва пўшида. Дар истиораи равшан, ки онро «биттасреҳ» низ мегўянд, соҳиб истиора зикр нашуда, танҳо истиорашаванда номбар мешавад. Масалан:
Барафрўхт он моҳ чун офтоб,
Фурў рехт бар гул зи наргис гулоб.
Низомии Ганҷавӣ
Шоир дар мисоли боло «моҳ», «гул», «наргис» ва «гулоб»-ро, ки истиорашавандаанд, ба ҷои ёр, рўй, чашм ва ашк истифода карда, ҳолати аз чашм ба рухсора шоридани ашкро тасвир намудааст. Дар истиораи пўшида, ки онро истиораи изофӣ ва киноя низ мегўянд, адиб истиорашавандаро зикр накарда, ба ҷои он аломату хусусияти онро ба таври изофат ба соҳибистиора мепайвандад. Масалан:
На дасти сабр, ки дар остини ақл барам,
На пои ақл, ки дар домани қарор кашам.
Саъдии Шерозӣ
Дар ин байт «сабр», «ақл» ва «қарор» ба ҳайси шахс тасаввуршуда, «даст», «остин», «пой» ва «доман» ҳамчун сифат ва хусусиятҳои инсон ба таври изофат ба соҳибистиора пайванд мешаванд. Калимаҳои ориятиро истиорашаванда ва калимахои ивазшударо соҳибистиора меноманд.
Истиора чаҳор рукни аслӣ дорад: 1) мустаорун лаҳ маънии маҷозии истиораро гўянд, ки ба ҷои «мушаббаҳ» аст дар ташбеҳ; 2) мустаорун минҳ маънои ҳақиқии истиораро гўянд, ки ба ҷои «мушаббаҳ биҳ» аст дар ташбеҳ; 3) мустаор сурати лафзии истиораро гўянд бе дар назар доштани маънии он; 4) ҷомеъ ваҷҳи иштирок миёни мустаорун лаҳ ва мустаорун минҳро гўянд, ки ба ҷои «ваҷҳи шабаҳ» аст дар ташбеҳ. «Алоқа», «қарина» ва «малоиму муносиб»-ро аз масъалаҳои баҳсталаби истиора донистаанд.
Истиораро вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни он ба муфраду мураккаб, макнияву мусарраҳ, тамсиливу аслӣ, табаияву таҳқиқия, муҷарраду мурашшаҳ ва ғайра ҷудо карданд. Истиора аз исм, сифат, феъл ва зарф сохташуда, дар забони омма дар қолаби зарбулмасалу мақол ва таъбирҳо фаровон ба кор меравад. Масалан: Гул ба гул, хор ба хор (гул ба маънии ҷавон ва хор ба маънии пир); Чашми рўз накафида («торикии рўз») ва ғайра.
Дар баъзе осори адабиётшиносии нав таҳти мафҳуми «истиорагуна» аз унсурҳои тасвирофарӣ – намод (символ), тамсил, устура ва мисоли аъло (архетип) ёдовар шудаанд. Истиора далели балоғату фасоҳати гўянда буда, истифодаи истиораҳои муносибу фаҳмо ҳусни баёнро бештар мекунанд. Истиораҳои ғайривоқеӣ ва мавҳум онро коҳиш медиҳанд. Чунончи, яке аз сабабҳои душвор будани дарки шеъри намояндагони сабки ҳиндӣ истифодаи фаровони истиораҳои печида ва аз фаҳм дур мебошад.
Истиора нисбат ба ташбеҳ мўҷаз ва барҷастатар буда, дар баёни эҳсосот ва тасвири ягон манзараи ҳаёт беҳтарин воситаи бадеӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб Ибни Халдун истиораро бунёди шеър медонад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 644-645.
Муаллиф: Ф. Раҷабов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.