Фанни шеър. Истишҳод чист?
Истишҳод (калимаи арабӣ буда шаҳодат додан, далел овардан, гувоҳӣ хостан) истилоҳест дар илми маонӣ ва илми бадеъ. Дар илми маонӣ он аст, ки ба манзури таъкид ё таъйиди як маъно маънои дигаре ба дунбол биёваранд.
Масалан:
Дуруштию нармӣ ба ҳам дарбеҳ аст.
Чу рагзан, ки фассоду марҳамнеҳ аст!
Саъдӣ.
Мисраи дуввум барои таъкиду тайиди маънои мисраи аввал омадааст.
Ҳамчунин гўянда мумкин аст, ки ба оя, ҳадис ё назми дигарон истишҳод кунад. Чунончи Ҳофиз дар ғазале аз сухани Рўдакӣ ин гуна истишҳод кардааст:
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш «Бўйи ҷўйи Мулиён ояд ҳаме»!
Истишҳод дар илми бадеъ он аст, ки шоир зимни сухани манзум ном, лақаб ё тахаллуси худро ба гунаи латиф чунон ҷой диҳад, ки зебоии каломро бияфзояд. Ном ё лақаби шоир метавонад дар аввал ё дар охири мисраъ ояд. Чунончи дар аввали мисраъ:
Саъдӣ, инак, ба қадам рафту ба сар боз омад,
Муфтии миллати асҳоби назар боз омад.
Фитнаи шоҳиду савдозадаи боди баҳор,
Ошиқи нағмаи мурғони саҳар боз омад!
Ё ки истишҳод дар охири мисраъ:
Агар бо ту насозад душман, эй дўст,
Ту мебояд, ки бо душман бисозӣ.
Гарат ранҷе расад, махрўшу махрош,
Таваккул кун ба лутфи бениёзӣ.
Вагарна, чанд рўзе сабр фармо,
На ў монад, на ту, на Фахри Розӣ.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 653.
Муаллиф: У. Юсуфӣ.
Таҳияи: Шаҳноза Садирзода, корманди
шуъбаи библиографияи миллӣ.