Фаъолияти китобдорӣ дар даврони Истиқлол: рушд ва дурнамо
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба 32 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50-солагии таъсисёбии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ва «Рўзи китоб» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ва намоиши китоб таҳти унвони «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони истиқлол: рушд ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар конференсия олимону мутахассисони варзидаиМД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодимуҳаммад Сўфизода, директори муассисаи нашриявии «Ирфон», н.и.п., дотсент Қурбон Ғуломзода, директори МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода, директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин Тутинисо Юсуфзода, директори Китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли . Хуҷандӣ Қурбонгул Раҷабзода, директори Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Дўстӣ Шарифҷон Кабиров, директори Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Файзобод Раҳматулло Файзов, директори МД «Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Аминов, сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Ховалинг Маҳсиддин Саидтоҷов, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ Абосалӣ Давлатов, директори Китобхонаи муосири «Пойтахт» Аҳдия Ҷалолиддинзода, директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулрухсор Алиева ва директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ Ибни Сино Лола Болтаева, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷуёну магистрантон, докторанту аспирантон, унвонҷуёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкада ширкат варзиданд.
Дар оғоз ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бахшида ба 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50-солагии таъсисёбии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ва «Рўзи китоб» табрику таҳният гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбиро орзу намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳимми таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароитҳои воқеан мусоидро фароҳам овард. Дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ соҳаи китобдорӣ бо дастовардҳое ноил гардид, ки дар қиёс ба даврони шуравӣ дар самти рушду такомули фаъолияти китобхонаҳо, таҳқиқу баррасии илмии масъалаҳои мубрами соҳа, барномарезии давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, таҳияву интишори осори илмӣ, маводи таълимӣ ва таълимию методӣ ба забони давлатӣ беназиранд. Маҳз баланд гардидани сатҳи ҳувийяти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, соҳаи китобдорӣ беш аз ҳарвақта рушд намуд.
Ректори донишкада, инчунин, қайд намуд, ки бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ин радиф метавон аз бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллӣ ва таҷлили “Рўзи китоб” ёдовар шуд.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидзода, дар доираи мавзуи «Фарҳанги мутолиа ва нақши волидайн дар ташаккули он» иброз дошт, ки аз таҳлили сарчашмаҳои илмию таърихӣ бармеояд, ки проблемаи фарҳанги мутолиа ҳамеша предмети омўзиши илмҳои гуногун ва муҳаққиқони мухталиф қарор дошта, андешаҳо оид ба хониш ва ташаккули фарҳанги мутолиа низ хеле зиёданд. Ба андешаи С. Шосаидзода,- «дар баробари унсурҳои мазкур ба таркиби мафҳуми «фарҳанги мутолиа» муносибати эҳтиёткорона нисбат ба китобу матбуот ва дигар маводи иттилоотӣ, ташкили дурусти кор бо китоб ва дигар сарчашмаҳои мутолиа, риояи қоидаҳои гигенӣ, физиалогӣ ва психологии кор бо китобро дохил кардан зарур аст”. Номбурда иброз намуд, ки «ҳамкории падару модарон бо ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки волидайн гуфтору рафтори фарзанди худро дар ҳолатҳои гуногун омўзанд, аз хусусиятҳои хоси шахсияти ў, ки мушоҳида ва дарки он дар муҳити оила имконнопазир аст, огоҳ гардад, вобаста ба он барои ислоҳи ҷанбаҳои номатлуби ахлоқи фарзандон ва ташаккули тамоюлоти арзишманди ҳаёти онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд. Таъкид гардид, ки «арзиши асосии фарҳанги педагогии волидайн, пеш аз ҳама фарзандон-ҳифзи иҷтимоӣ, тарбия, таҳсилот, камолот ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо мебошад».
Мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, профессор Бозор Сайфуллозода мавзуи «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла иброз дошт, ки «дар давоми ду даҳсолаи охир нақш ва саҳми Пешвои миллат дар вусъати раванди табъу нашри адабиёти илмиву оммавӣ, бахусус, китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимию методӣ, рисолаҳои илмии олимон, адибони классику муосири тоҷик, тарҷумаи осори пурқимати шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон, дастраси хонандагони тоҷик гардонидани онҳо, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, истифодаи самарабахши китобҳои аудиоӣ ва электронӣ ниҳоят бузургу беназир ва қобили ситоиш мебошад». Ба андешаи Бозор Сайфуллозода «тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи китобдорӣ лаҳзае аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, пайваста дар ҳолати рушд қарор дорад. Тайи ин солҳо Пешвои муаззами миллат дар баробари эъмору рушди иқтисоди миллӣ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, китобу китобхониро роҳи ягонаи аз ҷаҳолат раҳонидани шаҳрвандони кишвар арзёбӣ карданд.
Дотсент Гадобег Маҳмудов зимни ирои маърўзаи илмӣ зикр намуд, ки «имрӯз сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки мутахассисон вобаста ба талаботи замон омода карда шаванд. Новобаста аз ҳалли мушкилот сатҳи салоҳияти касбии аксарияти кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба талабот ҷавобгў нест. Норасоии кадрҳои китобдорӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ низ мушоҳида мешавад. Вобаста ба ин, Гадобег Маҳмудов ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбиии китобдоронро яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.
Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф зимни баррасии мавзуи «Саҳми факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар омода намудани кадрҳои соҳаи китобдорӣ» иброз намуд, ки воқеан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, бавижа илму маориф ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ карда истодаааст. Ҳадафи асосӣ дар ин самт баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат, боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад.Ба андешаи Зафари Шариффакултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» маркази асосии тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдории ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, айни замон дар ин боргоҳи фарҳангӣ 4024 нафар донишҷӯён аз рӯи 4-ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ факултетро беш аз 3000 нафар хатм намуда, имрӯз дар китобхонаҳои мамлакат ва берун аз марзи он дар самти баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон, тарғиби мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, фаъолият доранд. Илова бар ин, дар факултет муҳаққиқони ҷавон дар зинаи магистратура ва докторантура доктор Phd, доктор аз рўи итисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мавсуф, бо дарназардошти эҳтиёҷоти китобхонаҳои мамлакат зиёд намудани шумораи қабули донишҷӯён дар факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносиро ҳамчун яке аз роҳҳои асосии таъмини китобхонаҳои кишвар бо кормандони соҳибкасб арзёбӣ намуда, пешниҳодоти зеринро ба сифати тадбирҳои иловагӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси китобдорони кишвар арзёбӣ кард:
- тағйир додани нақшаи қабули донишҷӯён ва мундариҷаи таҳсилоти тахассусӣ, ки бештар ба ҳалли вазифаҳои мушахасси китобхонаҳо иртибот доранд;
- мутамарказгардонии неруҳои илмию педагогии соҳаи китобдорӣ барои тарбияи китобдорон, даст кашидан аз тайёркунии кадрҳои китобдорӣ дар он муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус, ки дорои чунин неру нестанд;
- дар заминаи шартномаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ба кишварҳои мутараққӣ ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонидани довталабоне, ки ба касби китобдорӣ майл доранд;
- комилан тағйир додани низоми мавҷудаи такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон дар ҷумҳурӣ;
- дар пойтахт ва маркази вилоятҳо барои китобдорони китобхонаҳои давлатию-оммавӣ ташкил намудани семинар – тренингҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи китобдорӣ-иттилоотӣ.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода иброз дошт, ки конференсияи мазкур дар доираи лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттлоотӣ» баргузор гардида, дар раванди он масълаҳои мубрами соҳаи китобдорӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтанд. Мавсуф пешниҳод намуд, ки фаъолияти тамоми марказҳои таълимӣ, илмӣ ва китобхонаҳо бояд ҳамоҳанг сохта шуда, барномаи воқеӣ ва илман асосноки такмили ихтисос ва бозомўзии китобдорон таҳия карда шавад. Самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо дар радифи дигар муассисаҳои иттилоотӣ муайян карда шаванд.
Номзади илмҳои таърих дотсент Майрам Мамадазимова зимни баррасии мавзуи «Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар рушди технологияи иттилоотӣ» зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир иттилоот омили муҳими рушди илму истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёт гардидааст. Пешрафту таназзул, қафомонӣ ва муфлисшавии ин ё он соҳаи фаъолияти ҷомеа ва шахс аз сатҳу сифат, коркарди илмӣ, ҳифзу дастрасгардонӣ ва истифодаи иттилоот вобастагӣ дорад.
Ба ндешаи номбурда захираҳои иттилоотӣ хазинаи бебаҳои мероси зеҳнии миллат ва умумибашарӣ ба шумор рафта, масъалаҳои бунёду рушди захираҳои миллии иттилоотӣ зери назорат ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат бо ин мақсад 5 декабри соли 2003 қарори махсусро «Дар бораи дастгирии бунёд, истифода ва ҳимояи захираҳои миллии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд. Дар заминаи ҳамин қарор ҳуҷҷатҳои муҳими меъёрию ҳуқуқии чунин фаъолият, аз ҷумла, «Низомнома дар бораи бунёд, истифода ва ҳифзи захираҳои давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомнома доир ба қайдгирии давлатии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуданд.
Дар конференсия инчунин муаллимони калони кафедраи китобхонашиносӣ ва библиогафишиносӣ: Ҷамил Валиев дар мавзуи«Санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ», Нилуфар Равшанова «Сиёсати китобдории даврони истиқлол: натиҷаҳо ва самтҳои афзалиятноки рушд», муаллим Шариф Наботов – «Истифодаи дастурҳои библиографӣ дар раванди хидматрасонии китобхонавӣ», муаллими кафедраи бойгоншиносии Донишкада Эраҷ Исмоилов – «Нақши китобхонаҳо дар тарбияи маънавии ҷавонон» ва докторанти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Ҳуснофарин Ҷамолова -«Нақши китоб ва китобхонӣ дар рушди ҷомеа” ибрози андеша намуданд.
Дар охир, миёни иштирокчиён табодули афкори судманд сурат гирифт.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»