«Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон»

Фаъолияти китобдорӣ дар ТоҷикистонТаҳти ҳамин унвон аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот шуруъ аз соли 2010 то имрўз 9 китоб оид ба масъалаҳои мубрами илми китобдории тоҷик ба табъ расидаанд. Ин ҷо сухан дар бораи мазмуну муҳтавои Китоби VI (Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: маҷмуаи мақолаҳо / мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Қ. Буризода; муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2017. – 640 с.), меравад.

Дар китоби VI силсиламаҷмуаи «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон», ки аз пешгуфтору 7 фасл иборат аст, 44 мақола ва 4 тақриз ба китобу дастурҳои библиографӣ пешниҳод шудааст. Дар пешгуфтор мураттиб оид ба ҳадафу сохтори маҷмуа ва дар кадом сатҳ баррасиву гурўҳбандӣ шудани мақолоти он маълумоти мушаххас додааст.

Фасли якуми маҷмуа «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» иборат аз 15 мақола буда, дар онҳо масоили мубрами илми муосири китобдорӣ, аз қабили назария ва методологияи инноватикаи китобдорӣ, фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун самти муосири фаъолияти методии китобхонаҳо, роҳандозии равандҳои инноватсионии таълим дар мактабҳои китобдорӣ, фаъолияти инноватсионии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, истифодаи технологияи муосири иттилотию иртиботӣ дар китобхонаҳо, бунёд ва истифодаи китобхонаҳои электронӣ дар Тоҷикистон,  такмили фонд ва таҳияи феҳристҳои электронӣ, амсилаҳои муосири менеҷменти китобдорӣ, аҳаммият, самтҳои асосӣ ва марҳилаҳои ҷараёни таҳқиқоти маркетинги китобдорӣ, мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Фасли дуюми маҷмуа «Китобшиносӣ» унвон гирифта, дар он се мақолаи коршинос, адиби шинохта Сироҷиддин Икромӣ ҷой дода шудааст. Дар мақолаи якум «Китоб. Чанд паҳлуи як проблема» муаллиф оид ба масоили раванди омодасозии китоб, нашру паҳннамоӣ ва вазъи мутолиаи он маълумот дода, пешниҳод кардааст, ки барои ташкил ва баргузории таҳқиқоти сотсиологӣ, омўзиш ва муайяну мушаххас намудани талаботи хонанда ба китоб, сатҳи китобхонӣ ва арзиши китоб дар бозор, шуъбаи тадқиқоти сотсиологии китоб ва қироати собиқ Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ аз нав эҳё карда шавад. Дар мақолаи «Корбурди ISBN дар кишвари мо» муаллиф оид ба талабот ва иҷроиши низоми корбурди рақами стандарти байналмилалии китоб (ISBN) андешаҳои ҷолиб баён карда, мафҳумҳои асосии марбут ба мавзуъро шарҳ додааст. Мақолаи сеюми С. Икромӣ «Оё кишвари мо узви ISSN мешавад?» ба саволҳои «Стандарти байналмилалии рақамгузории нашрияҳои даврӣ (силсилавӣ) (ISSN) кай таъсис ёфтааст? Он чӣ рақам аст? Истифода аз он чӣ зарурат дорад?  Оё кишвари мо шомили он мешавад ва дар ин замина чӣ корҳое ба сомон расонида шудааст?» посухҳои муътамад додааст.

Дар фасли сеюми маҷмуа «Китобхонашиносӣ» 13 мақола ба таҳқиқи масоили рушди суннати китобдорӣ дар аҳди Сосониён ва Сомониён, имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи китобдорӣ, рушди китобхонаҳои мамлакат дар даврони истиқлол, вазъ ва дурнамои татбиқи услубҳои муосири таълим дар донишкадаҳои китобдорӣ,  созмондиҳӣ ва баргузории озмуну фестивалҳо дар соҳаи китобдорӣ, такмили фаъолияти иттилоотию китобдории китобхонаҳои Тоҷикистон, саҳми Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар рушди китобдории тоҷик, ҳамгироии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бо фаъолияти илмӣ-методӣ дар соҳаи китобдорӣ ва бозомўзию такмили ихтисоси китобдорон, бахшида шудааст.

Фасли чорум «Библиографишиносӣ» 9 мақолаи муҳаққиқонро перомуни масоили таърихи библиографияи тоҷик, ҷойгоҳи Хонаи китоби Тоҷикистон дар бақайдгириву таҳияи дастурҳои библиографияи давлатӣ, равандҳои асосии фаъолияти библиографии китобхонаҳо, бахусус фаъолияти библиографии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино фаро гирифта, хусусиятҳои хоси рушди библиографияи тоҷикро дар давраҳои гуногуни таърихӣ баррасӣ намудааст. Дар ин фасл 4 мақолаи муҳаққиқ Қ. Буризода (Абдураҳимзода) доир ба мавзуъҳои «Хонаи китоби Тоҷикистон: таърих, вазъ ва мушкилот», «Сарчашмаи таҳқиқнашудаи адабию библиографӣ» (оид ба тазкираҳо), «Рушди библиографияи тоҷик дар солҳои 1960-1980-уми асри ХХ» ва «Рушди библиографияи тоҷик дар солҳои 1980-1991-уми асри ХХ» ворид шудаанд.

Фасли панҷуми маҷмуа «Раҳовард» ном дорад ва дар он ду мақолаи адиби шинохта, коршиноси соҳаи табъу нашр Сироҷиддин Икромӣ таҳти унвонҳои «Матбуот дар ҳошияи Ваҳдати миллӣ» ва «Калиди кохи маърифатро гум накунем!» оид ба масоили мубрами табъу нашри китоб ва вежагиҳои мутолиаи он бахшида шудааст. Дар мақолаи якум муаллиф такя ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи табъу нашр вазъи воқеии раванди пешниҳоди нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопиро тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои ҳалли муаммоҳои дар ин самт ҷойдоштаро нишон додааст. Дар мақолаи дуюм омилҳои асосии дуршавии хонанда аз китоб ва мутолиаи он, тафовути  китоби чопӣ аз китоби электронӣ, ҷойгоҳи китоби чопӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ, роҳу усулҳои наву самарабахши ҷалби хонандагон ба китобхонаву донишандўзӣ, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Дар фасли шашум «Чеҳранигорӣ» ду мақола оид ба фаъолияти илмӣ, илмӣ-методӣ ва омўзгории китобхонашиносони тоҷик Сафар Шосаидзода ва Бозорбой Холов бахшида шуда, саҳми онҳо дар рушду нумўи илми китобдории тоҷик нишон дода шудааст.

Фасли охирони маҷмуа «Тақризҳо» ном дорад ва дар ин фасл 4 тақриз ба дастурҳои библиографии: Эмомалӣ Раҳмон: китобномаи шарҳиҳолӣ / мураттиб Ш. Комилзода; зери назари академик Н. Салимов. – Душанбе: Эр-граф , 2013. – 656 с.; Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ: китобнома / мураттиб Ш. Комилзода; зери назари академик А. Раҳмонзода. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – 224 с.; Китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: феҳристи адабиёт / мураттиб М. Комилов; зери назари Ш. Комилзода. – Душанбе, 2016. – 312 с.; Комилзода Ш. Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирўз ва имрўз: дастури таълими барои мактабҳои олӣ / муҳаррир Қ. Бўриев. – Душанбе: Ирфон,  2015. – 196 с., навишта шудааст. Дар тақризҳо оид ба ҳадафу вазифаҳо, сохтор ва аҳаммияти дастурҳои библиографӣ дар пажуҳишу интихоби адабиёт ва нақши дастури таълимии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар омўзиши асосҳои дониши китобдорӣ-библиографии хонандагон, маълумотҳои саҳеҳ дода шудааст.

Ҳамин тавр, мақолаву тақризҳои дар китоби VI силсиламаҷмуаи «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» интишоршуда фарогири масъалаҳои мубрами илми китобдории тоҷик буда, барои олимону мутахассисони соҳа, кормандони муассисаҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, донишҷўёну унвонҷўёни факултаву шуъбаҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар метавонанд ҳамчун сарчашмаи боэътимоди афзудани дониши соҳавӣ мавриди истифода қарор дода шаванд.

Меҳроҷ КОМИЛОВ,
сардори шуъбаи рисолаҳои
илмии
Китобхонаи миллӣ