Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ дар Тоҷикистон

 Китоб ҳосили зеҳнии адиб, олим ё шоирест, ки натиҷаи заҳмати чандинсолаи ақлонию ирфонии худро дар авроқи он баҳри мондагории меҳнати фикрии худ ва тарбияи мадании ҷомеа инъикос кардааст. Агар китоб ганҷ бошад, пас китобхона махзани бебаҳои илму адаб аст, ки ҳосили тафаккури ҳазорон равшанфикрони давру замони мухталифро дар худ ғунҷондааст.

         Бо мурури тарақкию пешрафти башарият китобхонаҳо дар ҷомеаи маданӣ арзи ҳастӣ карданд, ки ҳадафи аввалияи онҳо дар ҳама давру замон парвариши ақлонии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар соҳаи мавриди ниёзи онҳо буду ҳаст. Тадриҷан бо гузашти вақт ва рушду такомул ёфтани тамаддуни башарӣ аз қабили пайдоиши шабакаи байналмиллалии интернет ва таъсиру мубодилаи фарҳангу забонҳои давлатҳои пешрав ба кишварҳои нисбатан пасрав ё тозаистиқлол китобхонаҳои электронӣ ба вуҷуд омаданд.  Замоне барои гирифтани маълумоти зарурӣ мутолеаи китобҳои сершумори чопӣ зарур буд, ки вақти зиёдеро зоеъ мекард. Хушбахтона, бо пайдоиш ва рушди технологияи иттилоотӣ дарёфти ахбор осон гардид. Ҳоло ҷаҳонишавии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар радифи кор ва зиндагии ҳамарўзаи одамон дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида мерасад.

         Табиист, ки дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо ҷомеаи иттилоотии мо низ аз ин раванд дур буда наметавонад ва барои бунёди китобхонаҳои электронӣ дар кишвар ниёз ба вуҷуд омад. Тўли беш аз даҳсоли ахир дар Тоҷикистон чандин китобхонаҳои электронӣ рўи кор омаданд ва тибқи мушоҳида фаъолияти китобхонаҳои электронӣ дар пойтахти кишвар- Душанбешаҳр хуб ба роҳ монда шудааст. Ва баръакс, фаъолияти китобхонаҳои электронӣ дар ноҳияҳо, вилоят ва шаҳрҳои кишвар нисбатан суст буда, пешрафти ин соҳа дар минтақаҳои дигари мамлакатамон такмилу ислоҳ мехоҳад.

        Китобхонаҳои электронӣ нисбат ба китобхои чопӣ назар бо як қатор афзалиятҳояш фарқ мекунад. Масалан маводи электронӣ назар ба маводи чопӣ аз ҷиҳати нарх арзонтар буда, барои тартиб додани он ашёи хом лозим нест. Китобҳои электронӣ аз ҷиҳати фарогирии андоза бо дигар маводи чопӣ хурд мебошад.

         Бунёди китобхонаҳои электронӣ таърихи тўлонӣ надорад. Он дар Аврупову Иёлоти Муттахидаи Амрико ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта ва дар Русия оғози қарни XXI пайдо шуда, раванди ташаккули он дар ҷараён аст.

         Маҳфуми китобхонаи электронӣ дар Тоҷикистон падидаи нисбатан ҷадидест, ки аз соли 2007 ба инҷониб дар миқёси Ҷумҳурӣ роиҷ гашт. Бо вуҷуди истилоҳи наву тоза будан ин мафҳум имрўзҳо дар ҳудуди кишвар чандин китобхонаи электронӣ арзи ҳастӣ дорад ва бузургтарини он Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон аст, ки мутааллиқ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад ва он аз соли 2012 баробари таъсиси худи китобхона ба фаъолият шурўъ кардааст.

         Фаъолияти китобхонаи миллии электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2017 ба сатҳи нисбатан хубтар расид ва сомонаи худро фаъол кард. Айни ҳол китобхонаи миллии электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 170 компютер дар ихтиёр дошта, ба хонандагон, ки асосан донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳоанд, дар сатҳи зарурӣ хидмат мерасонад. Китобхонаи электронӣ дар ду баст фаъолият карда, рўзона зиёда аз 300-400 нафар хидматрасонӣ мекунад.

         Тибқи маълумот ҳоло фонди умумии китобхонаи миллии электронӣ ҳудуди зиёда аз 328 ҳазор адад маводи электронӣ аст, ки аксаран бо забони русӣ буда, ба забони тоҷикӣ низ махзани бою ғанӣ ҷамъоварӣ шудааст. Ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ низ мавод дастрас намудан мумкин аст.

         Дар ин асно метавон аз фаъолияти шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд, ки кормандони шуъбаи мазкур мунтазам он адабиёте, ки талаботи хонандагон ба онҳо зиёд аст, дар формати (ПДФ) нусхабардорӣ намуда, дар сомонаи электронии китобхона ворид мекунанд.

         Дар шароити кунунӣ ки ҳамагуна иттилоъ мавқеъ ва қиммати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун  истифодаи технологияи электрониро муҳим мешуморанд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо сифати баланд анҷом ёбад.

         Вежагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ аз китобдори китобхонаи имрўзӣ тақозо мекунад, ки бо технологияи муосир бештару беҳтар ошно гардад, то сифати хизматрасониро ба мизоҷони китобхона хубтар ба роҳ монад.

         Тибқи омори Раёсати фарҳанги Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ зиёда аз 164 китобхона фаъолият дорад, ки бархе аз онҳо бо китобхонаҳои электронии замонавӣ муҷаҳҳазанд. Доираи васеи хонандагони худро доранд ва дар самти хизматрасонии китобхонаи электронӣ таҷриба низ андўхтаанд.

         Айни замон дар миқёси Ҷумҳурӣ Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе, Китобхонаи илмии Донишгоҳи Давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода, Китобхонаи Вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирии вилояти Суғд, Китобхона Вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, Китобхонаи оммавии шаҳри Кўлоби ба номи Садриддин Айнӣ ва чанде дигар аз китобхонаҳои донишгоҳию илмӣ дорои китобхонаҳои муҷаҳҳази электронӣ ҳастанд.

         Барои мисол китобхонаи электронии Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон аз соли 2015 дар ду баст фаъолият мекунад, ки 15 ҳазор маводи электронӣ дорад ва дар як рўз аз 20 то 450 хонанда хидматрасонӣ карда мешаванд.

         Вақтҳои охир бахши электронии Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ басо фаъол аст. Мутасаддиёни ин бахш шабакаҳои интернетиро барои таблиғи бойгонии электрониашон васеъ истифода мебаранд. Бино ба гуфтаи масъули он Ҷомӣ Пӯлодзода ҳоло ин китобхона бештар аз 100 ҳазор китоби электрониро дар хидмати истифодабарандагон қарор додааст ва дар фазои маҷозӣ бештар аз 40 ҳазор хонанда дорад.

Китобхонаи Вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дорои шуъбаи автоматикунонӣ ва технологияи компютерӣ мебошад, ки низ дар ду бахш фаъолият мекунад ва 35000 маводи электронӣ дар ихтиёр дорад. Бо китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ, бо шуъбаи электронии Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва дигар китобхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳамкорӣ мекунад. Ба китобхона ҳамарўза то 500 нафар хонанда ташриф меоваранд.

         Китобхонаи Вилоятии Тошхўҷа Асирии вилояти Суғд соли 1996 ташкил ёфта, фонди электрониаш имрузҳо ба 46 ҳазору 259 адад мерасад. Ба шуъбаи электронии китобхона солона то 19000 хонанда ташриф оварда, солона то ба 50000 нафар хонанда хидмат мерасонад.

         Шуъбаи электронии китобхона 22 махзани хурди соҳавӣ, 78 қомуси электронӣ, 189 луғати электронӣ, 173 презентатсияҳои илмӣ, 813 маҷаллаи электронӣ, 3500 корҳои илмӣ, 265 роликҳои тарбиявӣ дар формати мр3 ва мр4 доранд. Дар давоми соли таҳсил китобхона дар як рўз имкони хидматрасонӣ ба 50-70 нафарро дорад. Тибқи гуфтаҳои масъулони ин китобхона аз сабаби камии компютер маҷбуранд, ки як хонандаро фақат тўли 30 дақиқа нигаҳ доранд. Дар айёми таътил бошад ба ин китобхонаи электронӣ 25-30 нафар хонанда истифода мебаранд.

         Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бошад, ҳудуди 180 китобхонаҳои шаҳрию ноҳиявӣ фаъолият мекунанд, вале мутаассифона ягон китобхонаи электронӣ надоранд.

         Китобхонаи Вилоятии шаҳри Хоруғ 194 ҳазору 784 китоби чопӣ дорад ва ҳамагӣ 406 китоби электронӣ, ки дар сайти китобхона гузошта шудаанд. Ба китобхонаи мазкур ҳамарўза зиёда аз 20 нафар хонанда ташриф мебаранд, ки аксарияти онҳоро донишҷўён ва мактаббачаҳо ташкил медиҳанд. Аъзоёни доимии ин китобхона беш аз 3000 хонанда аст. Китобхонаи Вилоятии шаҳри Хоруғ бо 7 китобхонаи марказии навоҳии Бадахшон ҳамкорӣ доранд.

         Китобхонаи шаҳрии шаҳри Турсунзода бошад, дорои шўъбаи электронӣ мебошад ва аз соли 2011 ба интараф фаъолият мекунад. Фонди шуъба дорои 6537 нусха китобҳои электронӣ мебошад. Шуъбаи электронӣ ҳамарўза аз 35 то 80 нафар хонандаро хидмат мерасонад. Тибқи омори расмии пешниҳодшуда шумори хонандагони шуъба тўли 8 моҳи охири соли ҷорӣ ба 12 ҳазору 815 нафар расидааст. Китобхонаи мазкур бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ва бо китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

         Шуъбаи электронии Китобхонаи шаҳрии Ҳисор бошад, аз соли 2015 ба инҷониб фаъолият мекунад ва 18 компютер дар ихтиёр дорад. Феълан фонди шуъбаи электронӣ 1315 китоби электронӣ дорад ва рўзона ба аз 25 то 40 нафар хонанда хидмат мерасонад. Инчунин китобхонаи шаҳрии шаҳри Ҳисор бо Китобхонаи Пажўҳишгоҳи илмӣ, бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар  ҳамкорӣ мекунад.

         Шуъбаи электронии китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бошад, аз аввали соли 2016 ба инҷониб фаъолият мекунад, вале тибқи гуфтаи кормандони масъули ин китобхона шуъбаи мазкур фаъолияти пурра ва назаррасро тўли чаҳор соли ахир ба роҳ мондааст. Айни ҳол фонди электронии шуъбаи мазкурро беш аз 12 ҳазор китоби электронӣ ташкил медиҳад, вале ин омори ниҳоӣ нест. Шуъба дорои беш аз 33 адад компютер буда, ҳамарўза ба беш аз 70 нафар хонанда хидмат мерасонад. Шумораи хонандагони маҷозӣ ё худ вертуалии шуъбаи мазкур ба зиёда аз 40 нафар хонанда мерасад. Инчунин қобили қайд аст, ки шуъбаи электронии Китобхонаи шаҳрии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ бо китобхонаиДонишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Китобхонаи ноҳияи Исфара, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи Академияи Миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

         Китобхонаи электронии Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон дар фонди электронии худ беш аз 238 ҳазор нусха мавод гирдоварӣ кардааст. Дар толори хониши китобхонаи электронии Донишкада 39 компютер насб шудааст, ки 14 адади он дар назди китобхонаи №2-и Донишкада буда, 8-тои дигар ба шабакаи интернет пайваст мебошанд.

         Китобхонаи электронии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соли 2006 таъсис ёфта, фонди он дорои 8860 китоб аст. Инчунин дар ин китобхона 5104 лексияи устодони ин махзани илм дар формати сабти электронӣ нигаҳдорӣ мешавад. Инчунин китобхонаи электронии Донишгоҳи мазкур бо китобхонаҳои электронии Донишгоҳҳои аграрии Қазоқистон, Белорусия, Украина, Молдавия, Академияи кишоварзии Русия ҳамкорӣ дорад.

         Китобхонаи электронии Донишгоҳи давлатии Хўҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз моҳи декабри соли 2012 ҷиҳати таҳияи феҳристи электронии фонди китобхонаи Донишгоҳ иқдоми ҷасурона гузошта, то моҳи январи соли 2015 376572 адад китоби мавҷударо ба феҳрасти электронӣ ворид сохтанд. Китобхонаи электронии Донишгоҳ дорои 33 компютер мебошад.

         Китобхонаи электронии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2006 ташкил шуда, дорои 2000 китоб мебошад ва 4 компютер ба истифодабарандагон хизмат мерасонад. Маводи электронии ин китобхона асосан бо забони русӣ мебошанд, аммо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ  низ китоб доранд.

         Китобхонаи электронии Донишгоҳи шаҳри Хоруғ соли 2008 ташкил ёфта, фондаш 110000 китоб ва 10 компютер дар ихтиёр доранд.

         Имрўзҳо дар макотиби олии кишвар китобҳои электрони хеле кам истифода мешаванд. Омили ин масъала бошад, омодагии нопурраи худи устодон дар соҳаи технологияи компютерӣ мебошад. Бинобар ин он муаллимоне ки имконияти васеи кор бо компютерҳои инфиродӣ доранд, истифодаи китобҳои дарсии электрониро дар раванди таълим яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим медонанд. Дар ҳақиқат истифодаи китобҳои дарсии электронӣ раванди таълимро мусоид ва муфид мегардонад ва барои мустаъқиман самаранок аз худ намудани маводи таълимӣ имконият медиҳад. Аз ин дараҷаи дониши компютерии донишҷўён зиёд мегардад, қобилияти коркарди иттилоотро мукаммал менамояд. Дар натиҷа кори муаллимонро осон намуда, фаъолияти донишҷўёнро ба сўи мустаъқилият таъмин месозад.

МАСТОНЗОД Эрондухт, мутахассиси шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ.