“Фаъолияти шуъбаи депозитарӣ дар самти ҳифз ва нигоҳдории мероси матбуот”

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангиву илмии миллат рӯз то рӯз аҳаммияти махсус пайдо намудааст.

Ин мероси маънавӣ аз қалби таърих то имрӯз дар лавҳасангу кӯҳпораҳо ва дастхатҳову саҳифаҳои китобу нашрияҳо аз насл ба насл гузашта, тамаддуни миллатҳоро ҳифз намудаанд. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 нашрияҳои даврӣ, ба вежа рӯзномаву маҷаллаҳо низ ҳамчун василаи интиқоли афкори омма ва тарғибу ташвиқи тамаддуни инсонӣ хидмат намудаанд. Ҳоло бошад ин нашрияҳо бо гузашти солҳо ва рушди воситаҳои иттилоотӣ ба бахши камтаваҷҷуҳ мубаддал шуда, бахше аз ин нашрияҳо солҳо аз сафҳаи рӯзгор маҳв шудаанд.

Китобхонаҳо ҳамчун махзани асосии дониш ва ҳофизаи таърихии ҷомеа дар нигоҳдории осори хаттӣ, нашрияҳои даврӣ ва адабиёти илмӣ нақши калидӣ доранд.

Дар ин раванд фаъолияти шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ ба ҳисоб меравад, ки нашрияҳои зиёди дорои қадомати таърихиро дар худ ҳифз намудааст.

Шуъбаи депозитарӣ на танҳо вазифаи нигоҳдории адабиёти камистифода ва матбуоти куҳанро иҷро менамояд, балки ҳамчун маркази ҳифзи мероси илмӣ ва фарҳангии миллат хидмат мекунад. Маҳз тавассути чунин махзанҳо пайванди наслҳо нигоҳ дошта шуда, имкони омӯзиши таърихи матбуот, адабиёт ва фарҳанги миллӣ барои муҳаққиқон фароҳам мегардад.

Истилоҳи “депозитарӣ” аслан аз калимаи лотинии “depositum”епозитум) гирифта шуда, маънои нигоҳдорӣ ва ҳифзро дорад. Гарчанде ин мафҳум нахуст дар соҳаи бонкдорӣ истифода гардидааст, баъдан ба низоми китобдорӣ ворид шуда, ҳамчун шакли махсуси нигоҳдории адабиёт мавриди истифода қарор гирифт.

Дар низоми китобдорӣ фондҳои депозитарӣ барои ҳифзи осори камистифода, вале дорои аҳаммияти илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шудаанд. Маҳз ин имконият боис шудааст, ки дар шуъбаи АД матбуоти даврии дорои хусусияти таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Имрӯз дар фонди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 53 номгӯй нашрия ва маҷалла бо теъдоди бештар аз 2000 нусха нигоҳдорӣ мешавад. Ин фонд нашрияҳоро аз асрҳои XVIII-XIX то давраи Иттиҳоди Шуравӣ ва замони муосир дар бар мегирад.

Аз ҷумла, яке аз куҳантарин нашрияҳои ҳифзшаванда маҷаллаи “Отечественные записки” мебошад, ки шумораҳои он ба соли 1848 мансубанд.

Мавҷудияти чунин нашрияҳо нишон медиҳад, ки фонди депозитарӣ бойгонии китоб, маркази муҳимми ҳифзи таърихи матбуот ва андешаи илмӣ ба шумор меравад.

Аҳаммияти фондҳои депозитарӣ дар он аст, ки онҳо имконияти омӯзиши сарчашмаҳои аввалияро барои муҳаққиқон фароҳам месозанд. Бисёре аз нашрияҳои даврӣ ва китобҳое, ки имрӯз дар истифодаи оммавӣ қарор надоранд, маҳз дар ҳамин гуна фондҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ин осор метавонанд барои таҳқиқоти таърихӣ, адабиётшиносӣ, журналистика ва дигар самтҳои илмӣ аҳамияти бузург дошта бошанд.

Яке аз вазифаҳои асосии шуъбаи депозитарӣ ҳифзи мероси матбуотии миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Матбуоти даврӣ ҳамчун оинаи замон вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, нигоҳдории рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар нашрияҳои даврӣ барои омӯзиши таърихи миллат аҳаммияти калон дорад.

Дар шароити имрӯза бисёре аз нашрияҳои куҳан зери таъсири омилҳои табиӣ, аз ҷумла, намнокӣ, ҳарорат ва фарсудашавии коғаз қарор мегиранд. Аз ин рӯ, фаъолияти шуъбаи депозитарӣ дар самти таъмини шароити махсуси нигоҳдорӣ бисёр муҳим мебошад.

Риояи меъёрҳои ҳарорат, намнокӣ, истифодаи рафҳои махсус ва ҳифзи санитарии фондҳо барои нигоҳдории дарозмуддати адабиёт мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, шуъбаи депозитарӣ дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ низ саҳми назаррас дорад. Зеро бисёре аз китобҳо ва нашрияҳое, ки имрӯз камистифода шудаанд, дар асл қисми муҳимми таърихи маънавии миллатро ташкил медиҳанд. Агар чунин осор сари вақт ҳифз карда нашаванд, эҳтимоли аз байн рафтани онҳо вуҷуд дорад.

Дар асри XXI, ки ҷомеа ба фазои рақамӣ ворид гардидааст, зарурати ҳифзи нусхаҳои аслӣ боз ҳам бештар эҳсос мешавад. Гарчанде имрӯз қисми зиёди маълумот ба шакли электронӣ нигоҳдорӣ мегардад, нусхаҳои чопӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимоди таърихӣ аҳаммияти худро гум накардаанд.

Фаъолияти шуъбаи депозитарӣ барои наслҳои оянда аҳаммияти бузург дорад. Маҳз тавассути ин шуъба муҳаққиқон метавонанд ба осори куҳан дастрасӣ пайдо намуда, таҳқиқоти илмии худро анҷом диҳанд. Илова бар ин, чунин фондҳо дар пуррагардонии адабиёти миллӣ ва ҳифзи ёдгориҳои хаттӣ саҳми муассир мегузоранд.

Дар шароити муосир зарур аст, ки фаъолияти шуъбаҳои депозитарӣ бо технологияҳои рақамисозӣ пайваст карда шавад. Рақамикунонии нашрияҳои куҳан метавонад ҳам ба ҳифзи нусхаҳои аслӣ ва ҳам ба дастрасии васеи муҳаққиқон мусоидат намояд.

Дар маҷмуъ, шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз бахшҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ дар ҳифз ва нигоҳдории мероси матбуотӣ ва илмии миллат нақши муҳим дорад. Фонди он, ки нашрияҳои нодир ва куҳанро дар бар мегирад, барои омӯзиши таърих, фарҳанг ва рушди илм аҳамияти бузург дорад.

Нигоҳдории дурусти чунин осор ҳифзи китобу матбуот ва ҳофизаи таърихии миллат мебошад. Аз ин рӯ, рушди фаъолияти депозитарӣ, такмили шароити нигоҳдорӣ ва рақамикунонии фондҳо яке аз вазифаҳои муҳими низоми китобдорӣ ба шумор меравад.

Шуъбаи депозитарӣ ҳамчун посдори мероси хаттӣ ва фарҳангии миллат барои имрӯз ва фардои ҷомеа хидмат намуда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди илму маърифат саҳми арзишманд мегузорад.

Бунафша Абдуллозода

корманди шуъбаи депозитарӣ.