Фаъолияти шуъбаи таъмир ва тармими китоб ва ҳуҷҷатҳо дар моҳи январ

таъмир ва тармими китобДар давоми  моҳи  январи соли 2025 ба шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаҳо ва бахшҳои Китобхонаи миллӣ 13-адад дархост ворид шудааст. Дар шуъба теъдоди 1700- нусха адабиёти фарсудашударо таъмир  ва муқовабандӣ   намудем.

Инҳо асоса китобҳое буданд, ки дар натиҷаи истифода зиёд фарсудаву варақҳояшон пора шуда буд.

Аз ҷумла китобҳои баъдеӣ аз осори мондагори адабиёти форсу тоҷик  Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр”, Сайфи Фарғонӣ “Девон”, Фотеҳ Ниёзӣ “Димаи диловар”, Саъди Шерозӣ “Бустон”, Қиёмиддин Файз “Як бор ҷастӣ, малахак”, Олимов М. “Ёди он солҳо”,  гурӯҳи адибон “Мурғи сухангӯй”, Таммсааре А. “Ганҷ”, Кандинов Л.П. “Дил ба умед”, Балзак Оноре “Падар Горио”, Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ”, “12 дарвозаи Бухоро”  ва ғайра будаанд.

Китобҳое, ки таъмирталаб будаанд, аз шуъбаи кўдакон ва наврасон 32 адад, шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон 17 адад, шуъбаи хизматрасонии библиографӣ 15 адад, шуъбаи хизматрасонии имконияташон маҳдуд  36 адад ва аз махзани 6-ум ошиёна 1600 адабиётҳо таъмир намудем ва барои истифода бурдани хонандаго пешкаши шуъбаҳо гардонидем.

Сурайё Одинаева, сармутахассиси шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо