Фарҳанг ҳастии миллат аст

Ин китоб соли 2021 дар таҳияи Абдуфаттоҳ Шарифзода нашр шуда ва маводҳои он бозгӯйи саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди яке аз бахшҳои муҳими соҳаи иҷтимоии кишвар – фарҳанг мебошад.

Дар китоб нақши барҷастаи Сарвари фарҳангпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии шоистаи миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик дар ҷаҳон, бузургдошти хотираи фарзандони оламшумул, шахсиятҳои барҷастаи адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик, Қаҳрамонони Тоҷикистон, гиромидошти таърихи куҳани шаҳрҳои Тоҷикистон, эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, рушди театру синамо, бунёди иншооти муосири фарҳангӣ дар саросари мамлакат, баргузории ҷашнҳои милливу фарҳангӣ ва озмунҳо, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, интихобу тарбияи кадрҳои арзандаи соҳа ва нашри китобҳои баландарзиши адибони классику муосир ба қалам дода шудааст.

Китоб зери таҳрири Эмомалӣ Насриддинзода, Фарҳод Раҳимӣ, Зулфия Давлатзода, Нуриддин Саид, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Низомӣ Муҳриддин, Субҳиддин Шаммсиддинзода, Раҳмоналӣ Мирализода ба чоп расидааст.

Дар пешгуфтори китоб аз ҷумла омадааст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби пурмуҳтавои “Аз Ориё то Сомониён” фармудаанд:

Ман аз саҳифаҳои таърихи куҳани диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро ба ҳам бипайвандам, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам. Зеро таърих боинсофтарин ва одилтарин ҳакам аст, ки ҷумлаи неку бади гузаштаву имрӯзаро дар мизони адли хеш бармекашад”.

Ҳам афкор ва амали Президенти мамлакат он нуқтаро муссалам медорад, ки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон таҷрибаи фарҳангиву маънавии миллиро фаро гирифтааст, сиёсате аст, ки аз сиришти воқеиву таърихии мардум бархоста, бо тақозои ормонҳои фитрии мардум самти густариши худро муайян мекунад.

Ин сиёсат, ки ба маърифати донишмандонаи сарнавишти таърихӣ ва саргузашти фарҳангии халқ бунёд ёфтааст, бо арзишҳои поягузори ҷомеаи демократӣ бо эҳтирому арҷгузории ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки моҳияти аслии зиндагонии ҷомеаи башарӣ аст, таносуби том пайдо намуд. Ин аст, ки сиёсати фарҳанггустар ва маънавиасоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди фазои мусоид барои рушди фарҳанги миллии тоҷикон дар миёни соири милал ҳусни истиқбол ёфт ва оинаи ибрату пайравӣ гардид.

Маърифати таърих, худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, ғуруру ифтихори миллӣ, арҷгузории суннатҳои фарҳангии миллӣ, эҳтиром гузоштан ва инкишоф доштани анъанаҳои таърихии ниёгон ва ҷойгоҳи ин арзишҳои маънавӣ дар ташакули давлатдории миллӣ, дар маҷмӯъ сиёсати фарҳангии Президентро дар худ таҷассум кардаанд, ки ҳадафи аслии он бар пояи асолати миллӣ устувор намудани ҷаҳонбинӣ ва мафкураи ҷомеа, бар пояи фарҳанги миллии тоҷикӣ бунёд ниҳодани низоми давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Китоби “Фарҳанг ҳастии миллат”-ро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Меҳрангез МУҲАББАТОВА, сармутахассиси
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон