Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии комили Тоҷикитсон (солҳои 1991 – 2011). Идома

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон яке аз масъалаҳои доғи рўз ин авҷ гирифтани хурофотпарастӣ ва гузаронидани ҷашну маъракаҳои сермасраф дар ҷомеаи тоҷик буд. Ин ҷашну маъракаҳо бори гароне буд бар дўши мардуми Тоҷикистон. Ин ҳолат ҳукуматро водор намуд, ки тадбирҳои таъҷилӣ андешад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии осудаи халқ ба қонуни махсус оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо имзо гузошта, таъкид намуданд, ки «То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёда дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳи назаррас ноил шуда наметавонем»

Дар ҳақиқат анъана ва ҷашну маросимҳои ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқи одамон дар гузаронидани тўю маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил дода буданд. Кор то ҷое расида буд, ки ғаму андўҳи хароҷоти пас аз марги наздикон на танҳо ворисон, ҳамчунин шахсони зиндаро, қабл аз марг ба ғами вазнин гирифтор мекард.

Воқеан, қисме аз мардуми тоҷик ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезаданд, ки дар ягон гўшаи дигари олами ислом ба назар намерасад. Роҳи ягонаи ҳарчи зудтар раҳо кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта ва бидъатҳо қабул кадани қонун буд.

Ин буд, ки 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тағйироту иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардид. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, Низомномаи он тасдиқ гардид. Ин ва дигар чорабиниҳои ҳуқуқию ташкилӣ воситаи беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, дар шароити болоравии нархи ҷаҳонии маҳсулоти ғизоӣ манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро ҳифз ва барои амалӣ гаштани стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Мардуми Тоҷикистон дар чор сол (нимаи дуюми соли 2007 ва нимаи аввали соли 2011) бештар аз 4,5 миллиард сомонӣ маблағро ба манфиати хеш сарфа карданд. Маблағҳои сарфагардида ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва пурсамар масраф намудани буҷаи оилавии шаҳрвандон мусоидат намуданд.

Дар амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақши раисони ҷамоатҳои деҳот ва раисони маҳаллаҳо хеле назаррас аст.

Барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд 14 декабри соли 2010 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ин лоиҳа яке аз муҳимтарин санадҳои батанзимдарорандаи одобу ахлоқ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозанд, ки имрўз сатҳи пешрафту инкишофу ҳаёти маънавии инсониятро на шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумўи илму маориф ва техникаву технологияҳои муосир муайян мекунад.

Ин қонун на танҳо падару модар, балки роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омўзгорон, ҷомеа ва давлатро вазифадор менамояд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд диққати махсус диҳанд. Он ҳамчунин дар тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагону донишҷўён нақши муҳим мебозад. Дар ҳақиқат имрўз дар замони ҷаҳоншавии босуръати проблемаҳои башарӣ ва омезиши арзишҳо, ки нақш ва нуфузи таълиму тарбия ҳамчун меъёри иҷтимоӣ ба хотири рушди инсон ва таҳкими сармояи зеҳнӣ асоси бунёди ҷомеаи навро ташкил менамояд, қабули чунин санади муҳим иқдоми саривақтӣ мебошад ва он натиҷаҳои дилхоҳ дод.

Ба шарофати ғамхориҳои доимии ҳукумат садҳо муассисаҳои фарҳангӣ-театрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаву китобхонаҳо, ёдгориҳои нодири таърихӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд ва даҳҳо биноҳои замонавии фарҳангӣ қомат афрохтанд.

Дар ин замон Консерваторияи миллӣ таъсис ёфт, ки дар рушди санъати мусиқӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳа саҳми арзанда дорад.

Дар Душанбе бунёд гардидани Китобхона ва Осорхонаи миллӣ ҳамчун марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳими даврони истиқлолият мебошад, ки дар хизмати наслҳои имрўзаву оянда қарор хоҳад гирифт.

Дар ин радиф шоистаи зикр аст, ки силсилаи қонуну барномаҳои давлатӣ, асноди меъёрии ҳуқуқии вобаста ба инкишофи минбаъдаи соҳаҳои фарҳанг-театр, китобхонаву осорхона, воситаҳои ахбори омма ва ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ барои таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг, бунёди инфраструктураи муосири фарҳангӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати истифода аз дастовардҳои соҳаи фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ мусоидат намуданд.

Бо вуҷуди ин, то ҳанўз як силсила масъалаҳое ҷой доранд, ки ҳаллу фасли онҳо зарур аст.

Имрўз дар мамлакат беш аз 40 осорхонаи таърихиву кишвашиносӣ, ки дорои теъдоди зиёди бозёфтҳои нодир мебошанд, фаъолият менамоянд.

Вале бояд қайд кард, ки теъдоди воситаҳои ахбори умум дар солҳои истиқлол ба таври назаррас афзудааст.

Боиси ифтихор аст, ки бо шашаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон-Наврўзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашт.

25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе иди байналмилалии Наврўз ҷашн гирифта шуд. Барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврўз-2012 роҳбарон ва намояндагони воломақоми зиёда аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ба пойтахти Наврўзи ҷаҳонӣ-шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.

Дар конфронс Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ суханронӣ намуда, бо ифтихору сарфарозии бепоён аз ҷаҳоншавии ин ҷашни бостонӣ мардуми кулли кишварҳои таҷлилкунандаи Наврўзи оламафрўзро табрику таҳният гуфтанд.

Дар доираи сеюмин ҷашни Рўзи байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти шиори «Наврўз – ҳамбастагии маънавии халқҳо ба хотири фардои дурахшон» баргузор гардиданд.

Ширкаткунандагони тантанаҳо бо арҷгузорӣ ба ташаббуси ҷумҳуриҳои Наврўзро таҷлилкунанда ва дастгирии дигар кишварҳо дар мавриди ба иди Наврўз додани мақоми байналмилалӣ баёнияи муштарак қабул карданд. Иштирокчиёни конфронс аз қарори Маҷмааи Умумии СММ A\RES\64\253 аз 18 феврали соли 2010 ҷиҳати эълон намудани 21-уми март ба унвони Рўзи байналмилалии Наврўз изҳори қаноатмандӣ намуда, онро қадр карданд ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Туркманистон ҷиҳати моҳи марти соли 2013 дар шаҳри Ашкобод баргузор намудани ҷашни навбатии Рўзи байналмилалии Наврўзро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.

Рўйдоди дигари таърихиву фарҳангӣ ин аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид.

Барои ба ин рўйхат тавассути барномаи трансмиллии «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ворид намудани 8 ёдгории таърихиву фарҳангӣ аз қабили «Шаҳраки қадимаи Панҷакент», «Шаҳри Бунҷекат», «Қалъаи Ҳисор», «Маъбади буддоии Аҷинатеппа», «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», шаҳри «Тахти Сангин”, “Шаҳри Ҳулбук», «Қалъаи Ямчун» корҳои тадқиқотӣ идома доранд. Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки имрўз тоҷикистониён дар беҳтарин саҳнаҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ менамоянд. Тавассути дастгирии ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолият санъаткорони тоҷик ба зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Танҳо дар соли 2010 ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораву озмунҳо ва фестивалҳои 20 мамлакати ҷаҳон ширкат варзида, фарҳангу ҳунари волои миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд.

Ҳамаи ин дигаргунию ислоҳотҳо ва саъю кўшишҳои халқи тоҷику сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ояндаи наздик ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ободи шукуфон табдил хоҳад ёфт.

МАНБАЪ: н.Тоҷов, К.Ҳусейнов, М.Тоҷов: “Фарҳангшиносӣ”. Душанбе, “Эр-граф”, соли 2012.

Таҳияи Фархунда Шокирова,

мутахассиси шуъбаи абонементи

байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.     

   

Теги: Абонементи байникитобхонаҳо