Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии комили Тоҷикитсон (солҳои 1991 –2011)

Баъди барҳам хўрдани СССР ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қувваҳои мухталифи сиёсӣ бо дастгирии хоҷагони хоириҷашон барои ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон муборизаро оғоз намуданд. Дар натиҷа кишварро бесарусомонӣ ва хараҷу мараҷ (анархия) фаро гирифта, тоҷикистониён ба кўчаи сарбастае рафта қарор гирифтанд.

Аз кашмакашиҳои дохилӣ, бенизомиҳои маҳаллӣ, гирдиҳамоиҳои тўлонии беъманӣ ва билохира ҷанги бародаркўш (солҳои 1992 – 1997) ҳаёти фарҳангӣ ва аҳли зиёи ҷумҳурӣ зарару зиёни ҷиддӣ дид. Дар оташи ҷанг садҳо биноҳои мактабу муассисоти томактабии кўдакон, китобхонаҳо, клубҳо, кинотеатрҳо, хонаҳои фарҳангӣ ва бисёр марказҳои илмӣ, фарҳангию-фароғатӣ сўзонида нобуд карда шуданд. Намуди фарҳангии водиҳои шукуфони Вахш, Ҳисор, Рашт, Дарвозу Бадахшон ба сар чодари сиёҳ дошт.

То ба имзо расидани Созишномаи сулҳу оштии миллӣ мактубу маориф, муассисоти тандурустӣ, санъат, илму адабиёт давраи мушкилтаринро аз сар мегузаронд. Вазъи мактабу маориф дар ҳолати фоҷиавӣ қарор дошт. Маблағгузории давлатӣ ба мактаби таълимоти умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ қатъ гардид. Бо сабабҳои муҳтоҷӣ ҳазорон хонандагон, донишҷўён ва омўзгорону устодон мактабро тарк гуфтанд. Сифати таълиму тарбия паст шуд. Талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ иҷро намешуд. Сатҳи дониши талабагону донишҷўён ба пуррагӣ коҳиш ёфт.

Зиндагии тоқатфарсо талабагони зиёдро аз мактаб ба кўча партофт. Онҳо дар бозорҳо аробакашӣ, носу сигорфурўшӣ карда, дар кўчаҳо барои пайдо кадани қути яломут мошинҳои «тоҷикони нав»-ро шустушў мекарданд., устодону омўзгорони гўшаи бозорро интихоб када, майдачўйдафурўшӣ мекарданд. Зиндагӣ сафи ҷавонони маънавиёташон пасту равонашон шикастаро зиёд кард. Теъдоди бедодгарон, майзадагон, нашъамандон, нашъаҷаллобон, дуздон, шўрапуштону гадоҳи сари кўчаву бозор афзуд.

Илму массисоти илмӣ аз набудани маблағ ва нарасидани воситаҳои моддӣ-техникӣ ҳоли ногуворе доштанд. Олимону мутахассисони зиёд ҷумҳуриро тарк намуданд. Бисёр ходимони санъату адабиёт дилшикатса шуданд. Вале дар байни ходимони илм, санъату адабиёт теъдоди меҳанпарастони асил бештар буда, онҳо ба оянда бо чашми умед менигаристанд. Маҳз дар ҳамин давра филми Бақо Содиқов «Имом-ал-Бухорӣ» эҷод шуд. Театри «Аҳорун»-и Фаррух Қосим амал кард. Гурўҳи мусиқии «Борбад», гурўҳи «Шашмақом» таъсис ёфтанд.

Дар давраи бўҳрони шадиди фарҳанги тоҷик фарзандони фарзонаи миллат роҳи рафъи ин бўҳронро ҷўён буданд. Зарур буд, ки қабл аз ҳама ба беҳбудии кори мактабу маориф аҳамият дода шавад. Кори мактаб дар ҷумҳурӣ мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки 27-уми декабри соли 1993 Маҷлиси Олӣ қабул карда буд ва «Дастуруламал оид ба мактаби маълумоти умумӣ», ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ 12-уми октябри соли 1995 қабул карда буд, ба роҳ монда мешавад.

Дар қонун омадааст, ки вазифаи таълиму тарбия дар доираи маориф мувофиқи шароитҳои давлати демократии дунявӣ иборат аз он аст, ки шаҳрвандони баландмаълумоти эҷодкору ҳаматарафа инкишофёфтае тайёр карда шаванд, ки дорои дониши чуқур, тавоно, малакаи касбӣ буда, дар онҳо ғояҳои сулҳдўсти, гуманистӣ, меҳанпарастӣ, ҳақиқати иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои эътирофшудаи гуманистӣ, ҳуқуқ ва қонун мақоми ҳалкунанда дошта бошад.

Баъд аз истиқрори сулҳ ҳукумат доир ба такмили кори мактабу маориф чандин қарору нишондодҳо қабул намуд, ки дар маҷмўъ як ислоҳоти пурраи маорифро ташкил медиҳанд. Мундариҷаи асосии ислоҳотро консепсияи мактаби миллӣ дар бар мегирад. Дар ин кор қонун «Дар бораи забони давлатӣ» (соли 1989) амал мекунад.

Лоиҳаи «Консепсия миллии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи декабри соли 2001 ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуда буд. Ин ҳуҷҷат иборат аз 15 банд буда, мақсад ва вазифаҳои маълумот, сарчашмаҳои маълумот, зинаҳои таълиму тарбия, омодасозии кадрҳои илмӣ-омўзгорӣ, симои муаллими замон ва ғайраро дорост.

Дар назар буд, ки тамоми мактабу муассисоти фарҳангии дар натиҷаи ҷанг хароб гашта барқарор, таҳкурсии моддӣ-техникии онҳо мустаҳкам карда шавад, теъдоди қаблии хонандагон пурра карда, омўзгорон ба ҷойҳои пештараи кор ба мактабҳо баргардонда шаванд. Талабагону донишҷўён бояд мувофиқи талаботи муносибатҳои бозаргонӣ таълиму тарбия гирифта, на танҳо касби дўстдоштаашонро мебоист интихоб мекарданд, балки донишу таҷрибаи наслҳои гузаштаро аз бар карда, шахсони меҳнатдўст, инсонпараст ба воя мерасиданд.

Бояд таҷрибаи пешқадам, усулҳои беҳтарини таълиму тарбия дар мактабҳо ҷорӣ карда, ба усули омўзиши гимназиягӣ, литсей, коллеҷ ва мактабҳои шахсӣ гузашта мешуд. Дар назар буд, ки донишҷўён ба асрори муносибатҳои бозаргонӣ пурра сарфаҳм рафта, таълим ба стандарти умумиҷаҳонӣ ҷавобгў мешуд.

То 1-уми январи соли 2001 дар 3567 мактабҳои маълумоти умумии ҷумҳурӣ 1506153 кас таҳсил доштанд, ки 693206 нафарашонро духтарон ташкил медоданд. Дар мактаб 97770 омўзгорони соҳибмаълумот ба кори таълиму тарбияи ҷавонон машғул буданд. Дар кори мактаб камбудиҳо низ ҷой доштанд. Теъдоди хонандагони аз мактаб дурмонда кам набуд. Таҳкурсии моддӣ-техникии таълим дар мактабҳо ба талабот ҷавобгў набуд ва аз сабаби камии маош дар мактаб омўзгорон намерасиданд.

Тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми феврали соли 1996 дар мактабҳои олӣ усули бисёрзинагии касбомўзӣ ҷорӣ шуда, донишҷўён мувофиқи қобилият ва имконияташон ҳамчун бакалавру магистр тайёр карда мешаванд…

Ҳукумат барои инкишофи илми академӣ аҳамияти зиёд медиҳад, зеро Академияи миллии илмҳо маркази илмии хоҷагии халқ, густариши маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад.

Олимони академия пайваста дар ҷустуҷўи мавзўҳои илмӣ, омўзиши захираҳои табиӣ, нерўҳои тавлидотӣ буда, тамоми фаъолияти илмии худро барои пешбурди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи маънавиёти аҳли ҷомеа равона кардаанд. Зарур дониста шудааст, ки маҳсули илмии олимон ба талаботи иқтисодиёти бозаргонӣ мувофиқ карда, ба миқёси ҷаҳонӣ бароварда шавад.

Илми академӣ бо тадқиқотҳои олимону устодони кафедраҳои мактабҳои олӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Мактабҳои олӣ ба масъалаи тайёр кардани пажўҳишгарони ҷавон аҳамияти калон медиҳанд. Дар ин кори хайр идрори президентӣ ба донишҷўёни қобилиятноку аспирантҳо иқдоми нек аст. Халқи тоҷик бо олимони намоёни худ С. Табаров, А. Раҳмонов, Ў. Мирсаидов, А. Мухторов, С. Мухторов, О. Бобоев, М. Илолов, И. Қурбонов, Р. Масов, Ю. Носиров, Б. Сангинов, П. Бобоҷонов, Ҳ. Мансуров, Ҳ. Сафиев, Ю. Нуралиев, Ю. Ёқубов, Ю. Исҳоқӣ, М. Ғуломов, А. Пўлодов, Б. кимсанов, Н. Мирзоев, Ш. Холиқов, М. Диноршоев, Х. Асозода, Д. Гулмирзоев, С. Наврўзов, Р. Набиева, Д. Уроқов, Т. Ғаниев, Н. Саидов, А. Шамолов, С. Ҷононов ва дигарон ифтихор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон 19-уми ноябри соли 1997 дар анҷумани XI нависандагони Тоҷикистон иброз дошт, ки нависандагони муосир идомадиҳанда ва меросбардорони адабиёти классикӣ аз А. Рўдакӣ то С. Айнӣ мебошанд. Аз ин рў, адибон бояд дўстиро тараннум карда, ҳақиқатҷў бошанд. Чунин ғояҳо дар эҷодиёти Мўъмин Қаноат, Гулназар Келдӣ, Аюбӣ, Ато Ҳамдам, Камол Насрулло, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Фарзона, Зулфия Атоӣ, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Меҳмон Бахтӣ, Саидалӣ Маъмур, Абдулло Қодирӣ, Сорбон, Абдулҳамид Самадов, Низом Қосим, Урун Кўҳзод, Саттор Турсун, Юсуф Акобиров, Убайд Раҷаб ва дигарон хеле инкишоф ёфтаанд.

Симои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократии Тоҷикистонро васоити ахбори умум, радио, телевизор, интернет рўзнома ва маҷаллаҳо ифода мекунанд. Дар Тоҷикистон ин васоитҳо ба таври озод амал мекунанд ва ҳаёти дохиливу берунии ҷумҳуриро инъикос менамоянд. Ба ғайр аз нашрияҳои «Садои Мардум», «Ҷумҳурият», «Шоми Душанбе», «Минбари халқ», «Садои Шарқ», «Помир», «Адабиёт ва санъат» боз бисёр нашрияҳои соҳавӣ, ҳизбӣ, шахсӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, маҷмўаҳо ва ғайра чоп мешаванд.

Дар густаришёбии фарҳанг мавқеи коркунони телевизион, радио, осорхонаҳо ва театрҳои ҷумҳурӣ бузург аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 1463 китобхона, 30 осорхона, 1100 хона ва қасрҳои фарҳанг, 15 театрҳои касбӣ ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ театрҳои маҳаллӣ кор мекунанд. Онҳо дар дилу дидаи мардум нури хирад, маърифат, зебоипарастиро мепарваранд.

Имрўзҳо кўшиши давлат ба рушд ва таъмини моддии инфраструктураи фарҳанг-дастгирии театрҳо, марказҳои фарҳангии ҷавонон, китобхонаҳо, нашри адабиёти таълимӣ ва бадеиву методӣ, бо технологияи компютерӣ таъмин намудани муссисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва таҳияи барномаҳои гуногун оид ба ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст.

Дар байни мардум дастаҳои навбунёди «Шашмақом», «Фалак» ба мисли дигар соҳаҳои санъат обрў ва эътибори баланд пайдо карда истодаанд. Овозхонҳои машҳури ҷумҳурӣ Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Ҷўрабек Муродов, Абдулло Назриев, Давлатманд Холов, Муродбек Насриддинов, Лола Азизова, Нуқра Раҳматова, Ҷўрабек Назриев, Саидқул Билолов, Афзалшо Шодиев, Хосият Ортиқова, Хурсандмурод Зарифов, Нигина Рауфова ва дигарон маъруфу писанди мардум шудаанд. Мактаби овозхонии Одина Ҳошим, Ҷўрабек Мурод, Дўстмурод Алиев, Муқаддас Набиева барин ҳунарпешаҳо санъати сарояндагӣ, ромишгарӣ ва мусиқии ҷумҳуриро ғанӣ гардонданд.

Дар пешбурди фарҳанги халқи тоҷик вохўриҳои ҳамасолаи Раиси Ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё мавкеъ ва мақоми хоса доранд.

Вазифаи аввалиндараҷаи фарҳанги имрўза он аст, ки ҷавонон дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ваҳдат, ободкориҳо тарбия ёбанд. Ба мардуми фарҳангдўсти тоҷик ахлоқи ҳамида, гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек хос мебошад. Тоҷикон ватани ягона, миллати ягонаи барои мо чун модари ғамхору мушфиқ доранд, ки ободу шукуфон нигоҳ доштани он мароми мост.

6-7 сентябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзўи «Рўдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» баргузор гардид.

5-6 октябри соли 2009 бошад дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» шуда гузашт, ки дар он намояндагони зиёда аз 50 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.

Мактабҳои ин диёр бо ёрдами фонди мазкур таъмир шуда, соҳиби васоити таълим – китоб, компютер ва ғайра шуда, талабагон забони англисиро хуб аз худ мекарданд.

Дар шароити имрўза равобити фарҳангӣ ва илмии байни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад. Дар ҷашнвораҳои ҳазорсолаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 650-солагии зодрўзи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, соли бузургдошти «Тамаддуни ориёӣ», 80-солагии шаҳри Душанбе, ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб, 18-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 800-солагии зодрўзи нобиғаи Шарқ Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, 1150-солагии устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам (с.2009) донишмандони ҳарду кишвар дар баробари намояндагони дигар кишварҳо ширкати фаъолона доштанд.

МАНБАЪ: н.Тоҷов, К.Ҳусейнов, М.Тоҷов: “Фарҳангшиносӣ”. Душанбе, “Эр-граф”, соли 2012.

Таҳияи Фархунда Шокирова,

мутахассиси шуъбаи абонементи

байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.