Фарҳанги халқи тоҷик дар даврони шуравӣ ва соҳибистиқлолии комили Тоҷикистон. Идома

Инкишофи илм. Сохтмони ҷомеаи нав бе густариши илму техника номумкин буд. Аз ин лиҳоз омўзиши неруҳои тавлидотӣ, сарватҳои табиӣ, нерўи барқ, наботот, ҳайвонот, забону адабиёт,таъриху фарҳанги халқи тоҷик талаботи давру замон гардид.

Соли 1930 дар назди Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон нахустин муассисаи илмӣ – пажўҳишгоҳӣ, илмӣ – тадқиқотии давлатӣ доир ба омўзиши забону адабиёт ва таъриху мардумшиносии халқи тоҷик ташкил дода шуд. Худи ҳамон сол стансияи таҷрибавии пажўҳиши илмӣ – тадқиқотии Умумииттифоқии пахтакорӣ дар Вахш ва соли 1932 пажӯҳишгоҳи меваю сабзавот ва токпарварӣ, инчунин расадхонаи Сталинобод ба кор шурўъ карданд.

Соли 1932 дар асоси экспедитсияи комплексии тоҷикӣ – помирӣ, иборат аз 72 отряд 700 нафар пажўҳишгар таҳти роҳбарии А.Е.Ферсман дар маҷлиси якҷояи бригадаи АУ ИҶШС дар ҳайати академикҳо В.Л.Комаров, А,Е.Ферсман, С.Ф.Олденбург, А.Ф,Иоффе, Д.Н.Прянишников, профессорон Д.В.Наливкин, Е.Н.Павловский ва дигарон бо ризогии ШКХ Тоҷикистон базаи Тоҷикистонии АУ ИҶШС ташкил ёфт.

Солҳои 1929-1931 дар Тоҷикистон пажўҳишгоҳҳои эпидемиологӣ, микробиологӣ, санитарӣ, паразитологӣ, вараҷа низ ба кор оғоз карданд. Дар ҳайати базаи академияи улум 13 муассисаи илмӣ, аз ҷумла, пажуҳишгоҳҳои тропикӣ, санитарӣ-бактериологӣ, пахтакорӣ, расадхонаи астрономӣ ва ғайра амал мекарданд.

Моҳи апрели соли 1933 дар шаҳри Ленинград, конференсияи якум оид ба омўхтани нерўҳои тавлидотии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар асоси нишондодҳои ин конфронс олимони намоёни кишвар Д.И.Шербаков, Н.П. Горбунов, Д.В.Наливкин, Е.Н.Павловский, А.Е.Ферсман, В.Л.Комаров, Б.И.Вавилов ва дигарон дар омўзиши боигариҳои табиӣ ва инкишофи илми табиатшиносии халқи тоҷик саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Баъдан дар Тоҷикистон пажӯҳишгоҳи Умумииттифоқии илмӣ – тадқиқотии субтропикҳои хушк (соли 1934) стансияи хокшиносӣ – мелиоративии Вахш (соли 1936) таъсис ёфтаанд. Соли 1937 базаи Тоҷикистонии АУ ИҶШС дорои 7 пажўҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотӣ, даҳ стансияҳои соҳавӣ ва 172 нафар ходимони илмӣ буд. Тадқиқотҳои илмӣ ба сохтмони сотсиалистӣ сахт марбут буданд. Соли 1933 олим В.П.Красичков навъи пахтаи наверо ихтироъ кард, ки ҳосилнокиаш 15 фоиз зиёд гашт.

Дар ҷодаи илми тиб низ ғамхорӣ хеле зиёд буд. Дар панҷсолаи дуюм барои ин соҳа 168 млн. сум ҷудо гардид. Соли 1937 дар Тоҷикистон 96 беморхона, 206 гўшаи амбулаторӣ, 176 бунгоҳҳои акушерӣ – фелдшерӣ, 46 машварат– ҷой барои занон ҷой доштанд. Ба мардум 407 духтурон ва 1430 пешхизматони хурду миёнаи тиб хизмат карда, алайхи касалихои сирояткунанда, вараҷа, нағзак ва ғайра мубориза мебурданд.

Олимони ҷумҳурӣ дар ҳалли масоили мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, ғаллакорӣ, кирмакпарварӣ, боғу токпарварӣ саҳмгузор буда, навъу усулҳои беҳтарину серҳосили зироатҳоро дар соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ пешниҳод мекарданд.

Соли 1941 базаи Тоҷикистонии АУ ИҶШС табдил дода шуд, ки сардори он академик Павловский буд. Дар ҳайати он пажўҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотии геологӣ, ботаника, зоологӣ – паразитологӣ, таърих, забону адабиёт, расадхонаи Сталинобод, стансияи хоку обсанҷии Вахш ва ғайра ворид буданд. Ба пешрафти минбаъдаи илми тоҷик Ҷанги Бузурги Ватанӣ халал расонид.

Илм ва фарҳанги халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги

Ватанӣ (1941-1945)

Аз рўзи аввали ҷанг ходимони илму фарҳанги тоҷик фаъолияти эҷодии худро ба кори ҷабҳа равона карданд. 1-уми сентябри слои 1941 ШКХ Тоҷикистон “Дар бораи дигаргунсозии кори филиали Тоҷикистонии АФ ИҶШС” қарор қабул намуд. Олимони институтҳои илмӣ – тадқиқотӣ ба манфиати иқтисодиёт ва мудофиаи Ватан мубориза мебурданд. Геологҳо ҷустуҷўи конҳои нави ангишт, нафт (Қизилтумшуқ), нимфулўзҳо, фулўзҳои ранга, ашёи хоми кимиёӣ, истеҳсоли намак ва ғайраро васеъ карданд.

Барои парвариши рустаниҳои шифобахш дар боғи ботаникии Душанбе 27 намуди руастаниҳо аз таҷриба гузаронида шуданд. Рустаниҳои шифобахши валериан, наперстиан, белладон ва ғайра натиҷаҳои хуб доданд. Парвариши арча ва аз он тайёр кардани доруи шифобахш ба роҳ монда шуд.

Зоологу паразитологҳо, селексионерон корҳои зиёде карданд. Хусусан хидматҳои пажӯҳишгоҳи зоологияи АФ ИҶШС (директораш академик Е.Н.Павловский), ки ба Душанбе кўчонида шуда буд, хеле калон аст. Ходимони он алайҳи касалиҳои вараҷа, сирояткунанда, ҳашароти зараровари кишоварзӣ ва ғайра корҳои зиёди илмӣ – тадқиқотӣ мебурданд. Олимони ҷамъиятшиносӣ тоҷик дар соҳаи омўзиши таъриху фарҳанг корҳои зиёди илмӣ – тадқиқотиро анҷом дода, меҳнаткашонро дар рўҳияи ватандўстӣ ва садоқати бепоён ба халқу ватан тарбия менамуданд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои кормандони соҳаи маорифи халқ имтиҳони ҷиддӣ буд. Онҳо барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ақибгоҳ мутахассис тайёр менамуданд. Таълиму тарбияи насли наврас дар шароити хеле вазнини рўзҳои ҷанг мегузашт. Дар ҷумҷурӣ барои дуруст ташкил намудани таълиму тарбия омўзгорон ва васоити таълимӣ намерасид. Масалан, солҳои 1942-1943 дар ҷумҳурӣ китобҳои дарсӣ нашр нашуданд. Ҷавононе, ки мактабро тарк менамуданд, сафи коргарону деҳқононро пурра намуда, қисмашон дар курсҳои кўтоҳмуддат ихтисос мегирифтанд.

Мактабиён аз нарасидани сару либос танқисӣ мекашиданд. 17- декабри соли 1942 КМ ҲК(б) Тоҷикистон “Дар бораи вазъияти кори мактабҳои ҷумҳурӣ” қарор қабул намуда, ташкилотҳои ҳизбӣ – шуравӣ ва комсомолиро вазифадор кард, ки барои беҳтар ташкил намудани таълим дар мактабҳо чораҳо андешанд. Фонди таълими умумӣ ташкил дода, ба кўдакон хўроки бепул, сару либос ва ашёи хониш дода мешуд.

Қарори ШКХ ИҶШС “Дар бораи аз синни ҳафтсолагӣ ба мактаб қабул намудани кўдакон” аз 8 –уми сентябри соли 1943 аҳамияти калон дошт. Ин қарор дар Сталинобод ва тамоми Тоҷикистон аз якуми сентябри соли 1944 ҷорӣ карда шуд. Маблағгузории давлатӣ ба маорифи халқ зиёд мешуд. Агар соли 1924 барои инкишофи маорифи халқ 180,4 млн. сўм ҷудо шуда бошад, пас ин маблағ дар соли 1945 ба 219,5 млн.сўм расид.

Барои бепарасторон интернатҳои давлатӣ, хонаҳои бачагон ташкил карда мешуданд. Агар соли хониши 1943-1944 7 интернат бошад, пас соли хониши 1945 – 1946 дар ҷумҳурӣ 21 интернати давлатӣ буд. Шумораи тарбиятгирандагон аз 336 ба 1368 нафар расид. Теъдоди хонандагон дар мактабҳои таълими умумӣ сол то сол зиёд мешуд. Агар шумораи хонандагон соли хониши 1942-1943 дар ҷумҳурӣ 237 ҳазор нафар бошад, пас соли хониши 1943-1944 он ба 254 ҳазор нафар расида буд.

Дар асоси қарори ШКХ ИҶШС аз 21 июни соли1944 “Дар бораи чораҳо оид ба беҳтар намудани сифати таълим дар мактабҳсоли хониши 1944-1945 ҷорӣ гаштани имтиҳони “Номаи Камол” аҳамияти калон дошт. Аввалин маротиба 33 нафар хатмкунандагон мактаби миёнаро бо медали тилло тамом карданд. Яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба тайёр намудани кадрҳои болаёқати педагогӣ вобаста буд. Дар маркази вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои калони ҷумҳурӣ курсҳои кутоҳмуддати муаллимтайёркунӣ кушода шуданд. Дар оғози соли хониши 1944-1945 дар ҷумҳурӣ 12783 нафар муаллимон ба тарбияи насли наврас машғул буданд. Ҳамон сол мактабҳои олии омўзгории ҷумҳуриро 607 нафар муаллимони ҷавон хатм намуданд.

Дар солҳои ҷанг меҳнати пуршарафи муаллимон аз тарафи ҳизбу ҳукумат қадр карда мешуд. Моҳи апрели соли 1944 нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Ҷанг ба пешрафти маълумоти олӣ дар Тоҷикистон таъсири манфии худро расонд. Мактаби олӣ дар роҳи тайёр намудани кадрҳои соҳиб маълумот барои хоҷагии халқадамҳои аввалин мегузошт. Аммо ҷанг пешравии онро боздошт. Кадрҳои беҳтарини омўзгорӣ ва қисми зиёди донишҷўён ба ҳимояи Ватан даъват шуда буданд. Бо вуҷуди ин мактаби олӣ дар тайёр намудани кадрҳои болаёқат саҳми арзанда мегузошт.

Соли хониши 1941-1942 дар Тоҷикистон шаш мактаби олӣ амал кард. Соли 1942 Донишгоҳи технологии саноати консервабарории шаҳри Одесса ба шаҳри Сталинобод кўчонида шуд, ки он дар тайёр намудани муҳандисон саҳм гузошт. Солҳои 1942-1943 дар ин донишкада 250 нафар писарону духтарон таҳсил менамуданд. Дар солҳои ҷанг аз ҳисоби ба ақибгоҳ муҳоҷир шудани профессорону муаллимони баъзе мактабҳои олии кишвар, омўзгорони мактабҳои олии ҷумҳурӣ афзуд. Соли 1943 Донишкадаи омўзгории Ленинобод ба Донишкадаи омўзгории занона табдил дода шуд. Омўзишгоҳҳои омўзгории Ленинобод, Конибодом ва Хоруғ ҳам занона шуданд. Соли 1943 Донишкадаи технологии саноати консервабарории Тоҷикистон 31 нафар муҳандисро ба кор омода сохт. Дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон соли хониши 1941-1942 548 нафар донишҷўён таҳсил мекарданд, ки ба тарбияи онҳо 78 нафар муаллимон машғул буданд.Соли хониши 1942-1943 теъдоди донишҷўён ба 941 нафар ва муаллимону профессорон ба 111 нафар расид. Соли хониши 1945-1946 дар ҳафт донищкадаи олии Тоҷикистон 2,7 ҳазор донишҷўён таҳсил доштанд. Солҳои ҷанг мактабҳои олии ҷумҳуриро зиёда аз ҳазор нафар муаллим, агроном, муҳандисон, духтурон, зоотехникҳо ва дигар ихтисосҳо хатм намуданд.

Дар баробари мактаби олӣ инчунин ба инкишофи маълумоти миёнаи махсус аҳамият дода мешуд. Соли хониши 1945-1946 дар ҷумҳурӣ 24 ҳунаристони миёнаи махсус буд, ки онҳоро соли 1945 бештар аз 792 нафар ҷавонписарону духтарон хатм намуданд. Корҳои тиббу тандурустӣ ҳам ба тарзи ҳарбӣ аз нав сохта шуданд. Бисёр коркунони тиб ба ҷанг рафтанд. Охирҳои ҷанг дар Душанбе ва Ленинобод госпиталҳои ҷарроҳӣ барои маҷрўҳони ҷанг кушода шуд.

Адабиёти шўравии тоҷик дар муборизаи умумихалқӣ бар зидди душман ҳисси арзандаи худро гузошт. Шоиру нависандагони тоҷик аз рўзҳои аввали ҷанг иштирокчиёни муҳорибаҳо гардиданд. Дар сафи ҷанговарон Ҳ.Юсуфӣ, С.Улуғзода, Ф.Ниёзӣ, Б.Раҳимзода, В.Кириллов, А.Пирмуҳаммадзода, Л.Бузургзода, Ҳ.Карим, А.Назаров ва дигарон буданд. Онҳо қалами хешро ба яроқ иваз намуда, ватани азизро аз душман ҳифз мекарданд.

Садриддин Айнӣ оташи ғазаби хешро ба душман дар назму насри пурҳарораташ изҳор менамуд. Шеърҳои “Қаҳрамони Лениград”, “Суруди зафар”,”Қасидаи ҷанг ва зафар”, аз ганҷинаи бебаҳои назми ҷангии тоҷик ба шумор мерафт. Мақолаҳои публисистии “Чингизи асри ХХ”, ”Деви ҳафтсар”, ”Шерзод”, хусусан, асарҳои таърихии “Шўриши Муқаннаъ”, ”Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, ва ғайра халқро ба муборизаи зидди душман сафарбар мекарданд.

Мавзўи асосии адабиёт муборизаи зидди фашизм буд.Шеърҳои А.Лоҳутӣ ”Шамшери душман бишканем”, ”Ба шаҳри Ленин”, “Хонаи Тарас озод хоҳад шуд”, “Ба халқи муборизи Украина”, “Ба бародари рус” ва ғайра шўҳрати калон пайдо карданд. Соли 1942 “Қишлоқи тиллоӣ”, “Қасами Тешабой”, “Одамон аз Боми ҷаҳон”– и М.Миршакар дастраси хонандагон гардиданд. Мирзо Турсунзода ҳам баҳри ғалаба шеъру достонҳои беҳтарини ҷангӣ “Хотираи капитан”, “Роҳи оҳан”, “Ҳаргиз”, “Баҳодури тоҷик”, “Ба ҷанг”, “Писари Ватан” ва ғайра эҷод намуд. Шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, ки ҷони хешро дар ҳифзи Ватан нисор кардааст, дар заминканҳо шеърҳои ватандўстонаэҷод мекард. Ў ҳисси бепоёни ватандўстии худро дар шеъри “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар” намуда буд:

Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,

Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ!

Рўзи ғалаба аз болои фашизми Германия наздик шуда буд. Аммо Ҳ.Юсуфӣ онро надид. 22 феврали соли 1945 дар наздикии шаҳри Варшава ҳалок гашт.

Санъат дар кори сафарбаркунии умумии омма ба ҷабха дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми арзанда гузошт. Ба душвориҳои солҳои ҷанг нигоҳ накарда, сохтмони бинои театри опера ва балети тоҷик 17 феврали соли 1942 ба охир расид. Дар бинои нав спектакли “Суруди ғазаб”, мазҳакаи мусиқии “Розия”, операи “Тоҳир ва Зўҳро” намоиш дода шуд. Театри ба номи А.Лоҳутӣ бошад, спектаклҳои “Дили модар”, “Хонаи Нодир”, “Дар оташ” – ро” намоиш дод, ки он аз ҳаёти коркунон, ҷанговарону меҳнаткашон нақл мекарданд.

Моҳи июли соли 1943 бо қарори КМ ҲК(б) Тоҷикистон “Театри фронтии ҶШС Тоҷикистон” ташкил шуд. Ин театр дар давоми ду моҳи дар фронт буданаш ба ҷанговарон 250 консерт намоиш дод, ки онро зиёда аз 209 ҳазор аскару афсарони шуравӣ тамошо карданд.

Кинои тоҷик пеш рафт. Тирамоҳи соли 1941 ба Душанбе киностудияи “Союзлетфилм” оварда шуд. Моҳи ноябри соли 1941 ШКХ ҶШС Тоҷикистон дар бораи чкҷоя кардани киностудияҳои Москваю Душанбе қарор кард. Кинофилмҳои “Фарзанди Тоҷикистон” (соли 1943), “Консерти тоҷик ба фронт” ва киножурнали “Тоҷикистони советӣ” бароварда шуданд. Рассомон бо расму ҳаҷвия ва плакатҳои пурмазмуни “Мушфиқӣ дар Европаи фашистӣ”, “Ҷанговарони тоҷик” ва ғайра ҳаёти замони ҷангро тасвир менамуданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ матбуоти тоҷик халқро ба офаридакорӣ ва ҷанговаронро ба шуҷоатмандӣ даъват мекард. Ҳар як мақола, очерк ва ҳикояе, ки дар саҳифаҳои матбуот чоп мешуд, он васфи меҳнати пурмаҳсулу корнамоии ҷангии фарзандони тоҷик буд. Дар солҳои ҷанг рўзномаҳои “Тоҷикистони сурх”, “Коммунист Таджикистана”,”Қизил Тожикистони” ва 64 рўзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нашр мешуданд.

Ҳамин тавр, муассисаҳои фарҳангӣ – маърифатии Тоҷикистон дар торумори фашизми Олмон ва тарбияи меҳанпарастӣ, далерӣ, дўстӣ ва бародарии халқҳои Шуравӣ саҳми босазо гузошта, мардумро баҳри ғалаба чӣ дар майдони ҳарбу зарб ва чӣ дар ақибгоҳ бар зидди душман сафарбар намуданд.

МАНБАЪ: Н.Тоҷов, К.Ҳусейнов, М.Тоҷов: “Фарҳангшиносӣ”. Душанбе, “Эр-граф”, соли 2012.

Таҳияи Нигина ҚУРБОНОВА.