Фарҳанги халқи тоҷик дар даврони шуравӣ ва соҳибистиқлолии комили Тоҷикистон. Идома

Рукни асосии фарҳанг мактаб ва маориф мебошад. Солҳои 60-80 –уми асри ХХ давраи нашъунамои маданияи халқи тоҷик буд. Қабул карда шудани қонун “Дар бораи мустаҳам намудани алоқаи мактаб бо ҳаёт ва боз ҳам инкишоф додани маорифи халқ дар ИҶШС”, ки онро 24 декабри соли 1958 сесияи Шўрои Олии ИҶШС тасдиқ намуда буд, барои ривоҷу равнақи соҳаи маориф аҳамияти бузург дошт. Ин қонунро моҳи марти соли 1959 сесияи Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон маъқул дониста қабул кард. Мувофиқи ҳамин қонун соли 1963 дар Тоҷикистон гузариш ба таълими ҳатмии ҳаштсола пурра анҷом ёфт. Аз ҳисоби маблағҳои давлат ва колхозҳо тўли солҳои 1949-1963 – ум 142 мактабҳои нав сохта шуданд.

ҲАЁТИ ФАРҲАНГӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР СОЛҲОИ 60-80 – АСРИ ХХ

Соли таҳсили 1965-1966 ба паси мизи мактабҳо 583,3 ҳазор нафар хонандагон нишастанд. Барои инкишофи мактаб танҳо соли 1960 – ум 657,2 млн. сўм сарф шуда буд. Соли 1966- ум 796 ҳазор кас ба воситаҳои гуногуни таълим фаро гирифта шуда буданд. Агар соли 1966 шумораи умумии мактабҳо дар ҷумҳурӣ 2834 ададро ташкил карда бошад, пас соли 1971 ба 3078 адад расида буд, ки дар онҳо таносубан 32,5 ҳазор ва 49,9 ҳазор муаллимон кор мекарданд. Соли 1980 шумораи мактаб то ба 3200 расида буд, ки дар онқариб 58 ҳазор устодон ифои вазифа доштанд. Соли хониши 1970-1971 дар 280 мактабҳои шабона ва ғоибонаи коргарҷавонон 24 ҳазор хонандагон ва дар 32 мактаб – интернатҳои ҷумҳурӣ 12,3 ҳазор бачагон таҳсил доштанд. Аз ҳисоби маблағҳои колхоз дар ноҳияҳои Колхозобод, Ленин, Шаҳритус, Куйбишев, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Рўшон, Қурғонтеппа, Пролетарва ғайра мактабҳои зебо ва бо техникаи таълимӣ хуб ҷиҳозонидашуда сохта шуданд.

Умуман, дар давоми солҳои 1960-1985 дар ҷумҳурӣ 2382 мактабҳо сохта шуда, теъдоди хонандагони онҳо соли хониши 1985-1986 ба 1,155,2 ҳазор хонанда расид, ки ба онҳо 71639 нафар муаллимон таълим медоданд. Зиёда аз 80 фоизи устодон соҳиби маълумоти олӣ буданд.Ташкили бригадаҳои истеҳсолии талабагон мактабро ба истеҳсолот наздик менамуд. Танҳо соли хониши 1964-1965 барои 181 бригадаҳои истеҳсолии талабагони деҳот 774 гектар замин ҷудо карда шуда буд, ки дар онҳо зироатҳои гуногун кишт карда мешуданд.

Ба масъалаи мустаҳкам кардани таҳкурсии моддӣ – техникии таълимӣ дар мактабҳо диққати ҷиддӣ дода мешуд. Мактабҳо аз воситаҳои техникии таълим васеъ истифода бурда, корҳои лабораторӣ, таҷрибавӣ ва истеҳсолӣ мегузарониданд. Кабинетҳои хуб ҷиҳозонидани замонавӣ аз фанҳои физика, кимиё, биология, таълими меҳнат ва ғайра дар ихтиёри талабагон буданд. Дар тули солҳои 1976-1980 мактабҳои ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 9 млн. сўм воситаҳои техникии таълим, аз ҷумла, киноаппарат, магнитофон, телевизор, узели радио ва ғайра хариданд. Ихтисос ва иморати омўзгории устодон тавассути курсҳои гуногун, худомўзӣ мактаби таҷрибаи пешқадам, университетҳои халқии донишҳои илмӣ – педагогӣ, хонишҳои педагогӣ, лексияҳо, маърўзаҳо, сўҳбатҳо, конференсия ва машваратҳои педагогии ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ, дохилимактабӣ ва ғайра такмил ва сайқал дода мешуд.

Солҳои 60-80-уми асри ХХ аз зумра омўзгорони пешқадами макотиби олӣ ва ҳамагонии ҷумҳурӣ байрақбардорони мактабу маориф гардиданд, ки ба ин саф Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ М. Маҳмудова, Ҳ.Каримова, муаллимони пешқадам С.Наъимов, Р.Саидов, В.Сафаров, Д.Саидмуродов, М.Бобохонов, А.Раҳматуллоев, С.Н.Наврўзов, Т.Муҳиддинов, М.Ҳ.Маликов, Ф.Н.Иванов, Т.Н.Талбаков, М.Н.Назаршоев, Ҳ.А.Аҳмадов, М.Р.Шукуров, М.Эркаев, Х.С.Сатторов, Б.Ҳайдарқулов, Р.К.Раҳматулина, Е.Абдушукурова, Е.М.Симакова, М.Н.Сидоренко ва дигарон дохил буданд. Бисёриҳо сазовори унвони “Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон” гардиданд. Ҳамин тавр,маорифи халқ пеш мерафт. Мактаб ба истеҳсолот наздик мешуд. Маълумоти миёнаи умумӣ характери оммавӣ гирифт.Таҳкурсии моддӣ – техникии мактабҳо мустаҳкам ва сифати таълим баланд гардид. Теъдоди мактабҳо ва омўзгорони маълумоти олидор хеле зиёд шуд. Ҳаёт талаб мекард, ки истеҳсолот бо кадрҳои ихтисосманду соҳибмаълумот таъмин бошад. Ин вазифаро макотиби олӣ ва миёнаи махсус ба ўҳда дошт. Соли 1961 донишкадаи технологии Тоҷикистонро бори аввал 132 ҳазор нафар донишҷўён хатм карда, ба истеҳсолот рафтанд.

Пешоҳанги макотиби олии ҷумҳурӣ Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд, ки соли 1970 дар он 12,3 ҳазор донишҷўён таҳсил доштанд. Мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо лабораторияҳо ва васоити беҳтарини таълимӣ таъмин буданд. Масалан, соли 1968 васоити техникии таълимии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин қариб 2 млн. сўмро ташкил медод. Донишҷуён пажуҳишгарони соҳаҳои мухталифи илм буда, дар конференсияҳои илмии дохилидонишгоҳӣ, шаҳри, ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ иштироки фаъолона доштанд. Донишҷуён дар ҳайати гурӯҳҳои бинокор ҳам иштирок карда, дар бунёди корхона ва иншоотҳои саноатӣ ва кишоварзӣ саҳмгузор буданд.

Барои Тоҷикистон мактабҳои олии Москва, Ленинград, Тошканд, Киев, Воронеж кадрҳои зарурӣ тайёр мекарданд. Аспирантура ва Шуроҳҳои илмии мактабҳои олӣ кадрҳои зиёди илмӣ – педагогӣ тайёр мекарданд. Танҳо соли 1970 ба аспирантура 200 кас қабул шуда буданд. Роҳҳои пешрафту пешбурди маълумоти олӣ дар қарори КМ ҲКИШ ва Шўрои Вазирони ИҶШС аз 18 –уми июли соли 1972 оид ба ”Чораҷўиҳо дар бораи такмили минбаъдаи маълумоти олӣ дар мамлакат” муайян карда шуда буданд. Дар ин асос дар ҷумҳурӣ соли 1971 Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва соли 1973 Донишкадаи санъати Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд шуданд. Донишкадаҳои олии ҷумҳуриро соли 1975-ум 50,4 ҳазор донишҷўён хатм карданд, ки аз рўи 120 ихтисос мутахассисон тайёр карда буданд. Соли 1985 дар мактабҳои илмӣ ва миёнаи махсус 95247 нафар толибилмон таҳсил доштанд, ки аз он 55056 нафарашон донишҷўёни мактабҳои олбуданд.

Баробари донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ, ҳунарҳои зебо ва забони русӣ (Донишкадаи забонҳо) филиалҳои донишкадаҳои политехникӣ дар шаҳри Ленинобод, Донишкадаи омўзгории ба номи Шевченко (ҳоло С.Айнӣ) дар шаҳри Қургонтеппа ва ғайра кор мекарданд. Мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ имкон доштанд,ки то оғози асри ХХI бештар аз 100 ҳазор мутахассисонро омода созанд. Танҳо соли 1987 донишкадаҳои олӣ 8 ҳазор ва миёнаи махсус 12 ҳазор мутахассис тайёр намуданд.

Обрў ва эътибори макотиби олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон афзуда, аз мамолики тараққикардаи ҷаҳон пеш гузашта буд.

Яке аз хусусиятҳои фарҳангии солҳои 60-80 ин суръат гирифтани тадқиқотҳои илмӣ буд, зеро илм ба неруи асосии тавлидотии ҷомеа табдил ёфта буд. Аз ин сабаб ҳизбу ҳукумат ба пажӯҳишҳои илмӣ аҳамияти калон медод ва илмро ба истеҳсолот наздик менамуданд. Олимони Академияи илмҳо ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба ҳалли якҷояи масъалаҳои мубрами илм аҳамияти зиёд медоданд. Солҳои 1958-1961 дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ 7 докторони илм ва 55 нафар номзадҳои илм тайёр карда, 300 нафар ҷавонон ба аспирантура шомил гаштанд. Соли 1964 пажӯҳишгоҳҳои физиология ва биофизикаи рустаниҳо, пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникӣ ба истифодаи мошинҳои барқии ҳисобдор гузаштанд. Шуъбаи энергетикаи АИ ҷумҳурӣ машғули интиқоли хатҳои баландшиддати барқӣ дар шароити кўҳсор буданд ва олимони пажуҳишгоҳҳои зилзиласанҷӣ ба зилзила тоб овардани сарбанди ГЭС-и Норакро таҳқиқ мекарданд. Ходимони илмии пажӯҳишгоҳи химия нақшаи комплексии технологии конҳои Майхураро кашида, ба истифода доданд. Олимони зоологу паразитолог барои аз ҳашароти зараррасон ҳифз намудани ҷангалзорҳо,марғзорҳо ва соҳа кишоварзӣ бисёр пешниҳодҳои муфид анҷом доданд. Олимони соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ барои навъҳои серҳосили ғалладона, пахта ва парвариши гўсфандони серпашму гўшт, баланд бардоштани равғаннокии шири чорвои калони шохдор мубориза мебурданд.

Таърихшиносон соли 1963 таърихи сеҷилдаи халқи тоҷикро дар панҷ китоб ба табъ расонданд. Дар харобаҳои Панҷакенти бостонӣ ҳафриётҳои наҷиби бостоншиносӣ идома дорад. Муҳаққиқони пажӯҳишгоҳи забону адабиёт “Номгўи дастхатҳои Шарқ”-ро тартиб доданд. Доир ба иқтисодиёт, фалсафа, ҳуқуқ ва давлат асарҳои нодир чоп шуданд. Роҷеъ ба проблемаҳои мухталифи илм бисёр конференсияҳо ва симпозиумҳо гузаронида мешуданд. Дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ маркази ҳисоббарории барқӣ ва дар УДТ ба номи В.И.Ленин лабораторияи ҳисоббарории математикӣ кушода шуданд. Солҳои 1966-1970 дар илми тоҷик саҳифаҳои нав боз шуд. Дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ 14 пажуҳишгоҳҳо, 3 шуъбаи илмӣ, Шўрои омўзиши нерўҳои тавлидотӣ, сарредаксияи Энсиклопедияи Шўравии тоҷик, китобхонаи илмӣ ташкил карда шуданд.

Соҳаҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ низ рушд карданд. Масалан, Атласи ҶШС Тоҷикистон тартиб дода шуд. Асарҳои калонҳаҷми “Очеркҳои сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистон солҳои 1917-1965”,“Очеркҳои таърихи партияи Коммунистии Тоҷикистон”, “Очеркҳои таърихи хоҷагии халқи Тоҷикистон” (солҳои 1917-1965)” аз чоп баромаданд.

Соли 1972 асари барҷастаи академик Б.Ғафуров “Тоҷикон” пешкаши хонандагон гардида, сипас асари дуҷилдаи “Таърихи синфи коргари Тоҷикистон (солҳои 1917-1975)”, китоби дуҷилдаи “Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон”, асари 20 ҷилдаи “Маҷмўи фолклори тоҷик”, “Луғати забони адабии ҳозираи тоҷик” ва ғайраҳо чоп гардиданд.

Обрў ва эътибори олимони тоҷик дар арсаи ҷаҳон баланд гардида, Душанбе яке аз ҷойҳои гузаронидани конференсияҳои илмии кишвар ва ҷаҳон гардид. Масалан, соли 1968 бо ташаббуси ЮНЕСКО дар Душанбе конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба омўзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар замони Кушониён дар дараҷаи баланд гузашт. Бо ташаббуси кориандони Пажўҳишгоҳи шарқшиносии АИ Тоҷикистон соли 1988 дар Душанбе конференсияи илмии “Ислом ва сиёсат” ва симпозиуми III Умумииттифоқии шарқшиносон дар мавзўи “Таъсири мутақобилаи тамаддун дар Шарқ” гузаронида шуданд. Олимони тоҷик дар бисёр конференсияҳои илмии умумииттифоқӣ ва ҷаҳонӣ баромаду пешниҳодҳо мекарданд.

Теъдоди олимон дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сол то сол зиёд мешуд. Дар панҷсолаи ҳаштум тавассути аспирантура 250 номзадҳо ва 19 докторони илм тайёр карда шуданд. Дар ҳайати академия 22 академик ва аъзо –корреспондентҳо кор мекарданд. Коркунони илмӣ аз 3538 нафар ба 5067 нафар расиданд. Номзадҳои илм аз 737 кас то 1364 нафар (344 нафар занон) расиданд. Соли 1989 дар 15 пажўҳишгоҳ, 1514 нафар олимон кор мекарданд, ки 85 нафарашон докторони илм ва 656 нафарашон номзадҳои илм буданд.

Солҳои 70-80 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази нави илмӣ: Пажўҳишгоҳи математика бо маркази ҳисоббарорӣ, Шўъбаи генетикаи пахта, лабораторияи генетикаю селексия ва ғайра кушода шуданд. Олимони физик роҷеъ ба ҳам таъсиррасонии ядро, астрофизикҳо доир ба назарияи нави метеорҳо, назарияи олидараҷаи сохти спиралии само кашфиётҳои нодире карданд.

Соли 1967 мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А.Сино оид ба илму техника таъсис дода шуд. Лауреатҳои аввалини ин унвон академикҳо Баҳоваддинов А.М., Раҷабов З.Ш., Махсумов А.Н. ва Тоҷиев К. буданд.

Олимони машҳури тоҷик Б.Ғафуров, Б.Искандаров, С.Умаров, А.Адҳамов, З.Ш.Раҷабов, С.А.Раҷабов, М.Эркаев, Б.А.Литвинский, Э.А.Давидович, А.Мирзоев, А.А.Семёнов, А.М.Баҳоваддинов, К.Ш.Ҷўраев, Т.Р.Каримов, Ғ.Ҳайдаров, Р.Масов,Б.Нарзуллоев, Д.Е.Хайтун, М.Осимӣ, У.Мирсаидов, П.Бобоҷонов, А.Мухторов, Б.Сангинов, Ю.Носиров, Ҳ.Мансуров, Ю.Исҳоқӣ, М.Ғуломов, М.Назаршоев, Ю.Нуралиев, Д.Тоҷиев ва бисёр дигарон шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, дар пешрафти илми муосир саҳми арзанда гузоштанд.

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Н.Тоҷов, К.Ҳусейнов, М.Тоҷов: “Фарҳангшиносӣ”. Душанбе, “Эр-граф”, соли 2012.

Таҳияи Нигина ҚУРБОНОВА, сармутахассиси