Фарҳанги халқи тоҷик дар даврони шуравӣ ва соҳибистиқлолии комили Тоҷикистон. Идома

АДАБИЁТ ВА САНЪАТ. Солҳои асри 60-80-уми асри ХХ марҳалаи нави нашъунамои адабиёти шуравии тоҷик буд. Акнун адибон дар асарҳои худ бештар мавзўъҳои лирикӣ, меҳанпарастӣ, таърих, меҳнатдўстиро тараннум менамуданд. Соли 1960 М.Турсунзода барои асарҳои “Ҳасани аробакаш” ва “Садои Осиё” сазовори мукофоти Ленин гашт. Барои асарҳои баландғоя ва сермазмуни адабӣ ва санъат мукофоти давлатии ҷумҳуриявии ба номи АБУАБДУЛЛОҲИ Рўдакӣ таъсис дода шуд. Аввалин шуда соли 1963 Мирзо Турсунзода барои маҷмўаи шеърҳояш “Ҷони ширин” сазовори ин унвон гардид. Ӯ соли 1067 барои хидматҳои бузургаш дар пешбурди фарҳанг, мустаҳкам кардани сулҳу амонӣ ва дўстии хавлқҳо, инчунин  барои асарҳои “Аз Ганг то Кремл”, “Роҳ ба сўи Мавзолей” ва ғайра сазовори унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардид. Соли 1968 барои шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” ба дарёфти мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳрў мушарраф шуд. Соли 1975 мунтахаботи дуҷилдаи М.Турсунзода аа соли 1973 асари “Асри ман”- и ў (бо забони русӣ)  шуданд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон хидматҳои ватандўстонаи ин фарзанди фарзонаи миллатро қадр карда, ба ў унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Дар назди адибон ва ходимони санъат вазифа гузошта шуд, ки адабиёт, кино, театр, мусиқӣ бештар ба ҳаёт наздик карда, дараҷаи ғоявӣ – бадеии онҳо баланд бардошта шавад. Хонандагон бо асарҳои Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Хатлон”,  Фотеҳ  Ниёзӣ  Ҳар  беша  гумон  мабар, ки  холист”,  Ф. Муҳаммадиев  Дар он дунё”,  “Шоҳии япон”,  Раҳим  Ҷалил  Шўроб”, “ Маъвои дил”,  Ф. Ансорӣ “Шеърҳо дар бораи  водии  Вахш”,  Мўъмин  Қаноат  Мавҷҳои Днепр”,  Сурўши  Сталинград”,  Ю.  Акобиров  Замини  падарон”,  “ Водии муҳаббат”,  “Норак”,  Сорбон  “Актёр  ва  бисёр  дигарон  ошно  шуданд.  Адибон  М. Миршакар,  Б.  Раҳимзода,  Ғ. Мирзо,  Г. Сулаймонова,  С. Маъмур,  С. Турсун,  М. Хоҷаев,  У. Раҷаб  шеъру  асарҳои  шўравии  тоҷикро  бой  гардонданд.

Солҳои  60 ­- 80- ум  давраи  густариши  драматургия  ва  асарҳои  саҳнавии  адибони  тоҷик  буд.  Дар  ин  давра  эҷодиёти  С. Улуғзода  (“Рўдакӣ”),  Б. Раҳимзода (“Чанори  гўё”),  Ғ. Абдулло,  М. Миршакар,  С. Саидмуродов,  Ҷ. Икромӣ,  Ш.  Қиёмов,  Ф. Ансорӣ,  А.  Сидқӣ  ва  дигарон  хеле  пеш  рафт.  Ба  арсаи  адабиёт  шоирони  ҷавону  умедбахш  Б. Собир,   Л. Шералӣ,  Г. Келдиев,  М. Бахтӣ,  Г. Сафиева  гом  бардоштанд.

Дар саҳнаи  театрҳои  тоҷик  асарҳои  “ Тўфон”,  “Суруди  кўҳсор”, “Зангўлаҳои  Кремл”,  “Қишлоқи  тиллоӣ”,  “Достони  Бибизайнаб”, операҳои  “Шўриши  Восеъ”,  Пўлод  ва  Гулрў”,  “Комде ва Мадан”,  “Шоҳ  Лир”,  “Ромео  ва  Ҷуллета”,  “Макр  ва  муҳаббат”,  “Хизматгори  ду  хоҷа”,  “ Имтиҳон”,  “Иродаи  зан”,  “Дили  модар”,  “Шуълаи  инқилоб”,  “Дохунда”,  “Гарнизон  таслим  намешавад”,  “Роҳи  падарон”,  “Беватан”,  “ Эзоп”,  “Мо  аз  Боми  ҷаҳон”,  “ Роҳзанҳо”,  “Ваня- тағо”,  “Дар  чорсў”,  “Ибтидо”  ва  дигар  асарҳои  адибони  ҷаҳон  ва  тоҷик  ба  намоиш  бароварда  шуданд.

Дар  соҳаи  театру  кино  ва  мусиқӣ  ҳунарпешагони  машҳури  тоҷик  Б. Кимёгаров,  Т. Собиров,  А. Раҳимов,  К. Олимов,  М. Орифов,  Д. Қосимова,  И. Барамиков,  Е. Кузин,  Ҳ. Гадоев,  Т. Фозилова,  С. Тўйбоева,  А. Ҷўраев,  М. Қосимов,  Ҳ. Мавлонова,  А. Бобоқулов,  Л. Зоҳидова,  Ғ. Валаматзода,  М. Воҳидов,  М. Собирова,  Ҷ. Муродов,  З. Нозимов,  А. Назриев,  Г. Завқибеков,  Х. Назарова,  О. Ҳошимов,  А.  Муҳаммадҷонов  ва  дигарон  ҳунарнамоӣ  мекарданд.  Яке  аз  саҳифаҳои  ғании  санъати  театри  тоҷик  он  буд,  ки  дар  деҳоту  маркази  ноҳияҳо,  шаҳрҳо  ва  вилоятҳо  дар  заминаи  кружокҳои  худфаъолиятии  бадеии  театрҳои  халқӣ  ба  вуҷуд  омаданд.  Озмунҳои  гуногуни  санъат  аз  қабили  Парасту”,  “Бўстон” гузаронида  шуданд. Ансамблҳои  “Шашмақомхонҳо”,  “Рубобчизанон”,  “Гулшан”, “Лола”,  оркестрҳои  симфонӣ  ва  асбобҳои  халқӣ  ва  ғайра  фаъолият  мекарданд.

Равобити фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои бародар ва кишварҳои хориҷ густариш меёфт. Дар Тоҷикистон рўзҳои адабиёт ва санъати ҷумҳуриҳои бародар Узбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, РСФСР, Украина, Белорусия, Латвия, Литва, Эстония ва ғайра гузаронида шуданд. Рўзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои номбурда низ баргузор гардиданд. Рўзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Ветнам, Индонезия, Непал, Англия, Канада, Польша, Олмони Демократӣ ва кишварҳои дигар баргузор шуданд. Ба Тоҷикистон намояндагони адабиёту санъат, мутахассисону ҷамоатчиёни зиёда аз 80 кишварҳои хориҷа ташриф оварданд. Инкишофи санъати касбӣ ба пешрафти санъати худфаъолиятии бадеӣ зиёда аз 78 ҳазор иштирокчиёнро дар бар гирифта, ба аҳолӣ 15144 консерту намоишномаҳо пешкаш карданд. Ин амал дар ноҳияҳои Орҷоникидзеобод (Ваҳдати имрўза), Ғарм (Рашти имрўза), Совет (Темурмалики имрўза), Файзобод, Хуҷанд, ВАБК (ВМКБ имрўза) ва ғайра натиҷаҳои хуб додаанд.

Васоити ахбори умум, радио, оинаи нилгун, матбуот низ ташаккул меёфт.Масалан, агар соли 1966 дар ҷумҳурӣ 48 рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ бо тиражи 603 ҳазор адад нашр шуда бошанд, пас соли 1970-ум 61 рўзнома бо тиражи 888 ҳазор нусха нашр мешуд. Инчунин 42 маҷалла бо тиражи 10 млн. нусха чоп мешуд. Аз ҷумла, рўзномаи “Шоми Душанбе”, “Помир” чоп мешуданд. Соли 1970 дар ҷумҳурӣ 1163 китобхонаи оммавии дорои 72 млн. китоб, 929 клубҳо, осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, санъати тасвирӣ вуҷуд дошт. Осорхонаҳо дар вилоятҳои Ленинобод, Кулоб, Қурғонтеппа, шаҳрҳои Хоруғ, Панҷакент, Ўротеппа, осорхонаҳои С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ ва дигарон дар хизмати шаҳрвандон буданд. Соли 1985 теъдоди китобхонаҳо ба 1628 расида, дар онҳо 14872 млн. нусха китоб маҳфуз буд. Китобхона дорои 120 ҳазор хонанда буданд.

Фаъолияти кори клубҳо ва хонаҳои маданият, инчунин театрҳои халқӣ ҷоннок шуда буд. Соли 1985-ум 1338 клубҳо, 3776 кружокҳои дўстдорони санъат ва 50420 нафар аъзоёнро дар атрофи худ муттаҳид мекарданд. Теъдоди кинотеатр ва дастгоҳҳои кинонамоишдиҳӣ низ рў ба инкишоф доштанд. Агар соли 1960 дар ҷумҳурӣ 1172 дастгоҳи кино ба 40989 ҳазор аҳолӣ хизмат карда бошанд, соли 1985-ум 1318 дастгоҳ ба 44600 ҳазор шаҳрванд хизмат мекарданд.

Масъалаҳои  мухталифи маориф ва адабиёт дар қарору пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор, анҷуманҳои нависандагони Тоҷикистон нишон дода, Халлу фасл мегардиданд. Ҷашнвораҳои олимону адибон, ходимони илму санъат воситаи пешбурди фарҳанги миллӣ ба шумор мерафтанд. Ба ин ҷашнҳои 1000 – солагии зодрўзи Абуалӣ ибни Сино, 110 – солагии С.Айнӣ, 100 – солагии А.Лоҳутӣ, 70 – солагии М.Турсунзода ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Баробари пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва фарҳанги ҷумҳурӣ ҳаёти моддӣ – маишӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон рў ба беҳбудӣ дошт.

Дар колхозу совхозҳо  корхонаҳои адои хизмати маишӣ, аз ҷумла филиалҳои ноҳиявии комбинат хизмати маишӣ, бригадаҳои сайёри хизматрасон ташкил дода шуда буданд.

Тули солҳои 1966-1970 теъдоди муассиса ва корхонаҳои хизмати маишӣ 1,6 баробар, ҳаҷми корҳои иҷрошуда 2,5 баробар зиёд шуд. Дар ҷумҳурӣ ба миқдори 5,4 млн. метри мураббаъ хонаву ҷой сохта шуд, ки қариб 3 миллиони он дар деҳот буд, 620 ҳазор аҳолӣ хонаи нав гирифт, 471 км.қубури обгузар сохта, ба 122 ҳазор хона газ гузаронида шуд….

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Н.Тоҷов, К.Ҳусейнов, М.Тоҷов: “Фарҳангшиносӣ”. Душанбе, “Эр-граф”, соли 2012.

Таҳияи Нигина ҚУРБОНОВА, сармутахассиси