Фарҳанги халқи тоҷик дар даврони шуравӣ ва соҳибистиқлолии комили Тоҷикистон. Идома
Вусъатёбии инқилоби фарҳангӣ. Маорифи халқ. Дар нақшаи сохтмони сотсиалистӣ дигаргунсозиҳои фарҳангӣ ва ба амал баровардани инқилоби фарҳангӣ ҷои муҳимро ишғол мекарданд. Дар иҷрои ин вазифа пешрафти маорифи халқ нақши ҳалкунандаро мебозид. Соли хониши 1928-1929 дар Тоҷикистон 382 мактаб ва дар онҳо 18,6 ҳазор хонандагон буданд, ки ба онҳо 718 нафар омўзгорон таълим медоданд. Ба маълумоти ҳатмии ибтидоӣ аҳамияти зиёд дода мешуд.
Набудани таҳкурсии моддӣ – техникии мактабу маориф, нарасидани омўзгорон кори таълиму тарбияро халалдор мекард. Теъдоди мактабҳои миёна ва миёнаи нопура хеле кам буд. Бо вуҷуди он соли хониши 1932 – 1933 дар 2319 мактаб зиёда аз 125 ҳазор хонандагон таълим мегирифтанд ва ба онҳо 3795 нафар устодон дарс мегуфтанд. Дар тули панҷсолаи якум дар курсҳои кўтоҳмуддату техникумҳо 5522 нафар омўзгорон ба кор омода шуданд. Барои беҳтар шудани кори мактабу маориф ва таълими политехникӣ тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ, комсомолӣ, иттифоқҳои касаба, шуравӣ, колхозу совхозҳо сафарбар карда шуданд.
Соли 1931 дар Сталинобод ва соли 1932 дар Хуҷанд донишгоҳҳои омўзгорӣ ташкил шуда, омўзгорони маълумоти олидорро тайёр мекарданд. Дар Тоҷикистон чор донишкадаи олӣ ва 16 техникум кор мекард, ки дар онҳо 1,9 ҳазор ҷавонписарону духтарон таҳсил мекарданд. Дар Москва, Ленинград, Киев, Тошканд ва дигар шаҳрҳо ҳам барои Тоҷикистон мутахассисон омода мешуданд. Дар панҷсолаи дуюм ба маълумоти ҳатмии ҳафсолаи политехникӣ гузашта, ба бесаводӣ ва чаласаводӣ хотима дода шуд. Барои инкишофи маорифи халқ 447,5 миллион сўм ҷудо ва 241 мактаб барои 42460 талаба сохта шуданд. Акнун колхозҳо ҳам барои сохтмони мактабҳо маблағ ҷудо мекарданд.
Соли хониши 1936-1937 дар ҷумҳурӣ 4224 мактаб, аз ҷумла, 89 мактабҳои ҳафтсола, 18 мактаби миёна кор мекарданд, ки дар онхо 221 ҳазор хонандагон аз ҷумла 72 ҳазор духтарон таҳсил доштанд. Ба талабагон 8144 нафар омўзгорон дарс мегуфтанд. Дар панҷ сол курсҳои маҳви бесаводиро, 79982 ҳазор кас хатм карданд ва Тоҷикистон аз ҷиҳати саводнокии аҳолӣ дар Иттифоқ ба ҷои якум расид.
Чун ҳамеша халқҳои бародар барои Тоҷикистон кадрҳо тайёр мекарданд. Соли 1935 дар Тошканд барои Тоҷикистон донишгоҳи омўзгорӣ кушода шуд. Дар назди донишкадаҳои омўзгорӣ шуъбаҳои ғоибона ташкил шуданд ва соли хониши 1937- 1938 дар панҷ мактаби олӣ ва 28 техникумхо 4,6 хазор донишҷўён таҳсил мекарданд.
Маорифи халқ сол то сол нашъунамо меёфт. Соли хониши 1940- 1941 дар ҷумҳурӣ 2628 мактаб ва дар онҳо 303,1 ҳазор хонанда таҳсил мекарданд. Барои беҳтар шудани кори мактабу маориф қарорҳои анҷумани муаллимони аълочии ҷумҳурӣ, ки моҳи июли соли 1939 баргузор шуд, аҳамияти калон доштанд. Пешниҳод шуда буд, ки аз алфавити лотинӣ ба алфавити кириллӣ гузашта шавад ва ин кор аз 21 маи соли 1940 қонунӣ карда шуд.
Соли хониши 1940 – 1941 дар ҷумҳурӣ дар шаш мактаби олӣ 2,3 ҳазор донишҷўён ва дар 30 техникуму омўзишгоҳҳо 5,9 ҳазор кас таҳсил менамуданд. Соли 1939 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон кушода шуд.
МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ-МАЪРИФАТӢ
Масъалаи густариши фарҳангӣ – маърифатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ҳисоб мешуд. Онҳо дар байни аҳолӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати шуравиро тарғиб мекарданд. Дар ин кор чойхонаҳои сурх ва клубҳо саҳми босазо мегузоштанд. Дар клубу чойхонаҳои сурх баромаду намоишҳои хунарпешагони санъат низ ташкил карда мешуданд.
Ташкили китобхонаҳои оммавӣ низ ба роҳ монда шуд. Соли 1933 кушода шудани китобхонаи ҷумхуриявии ба номи Фирдавсӣ воқеаи муҳими маърифатӣ буд. Соли 1937 дар ҷумҳурӣ 400 китобхона ва дар онҳо 234,6 ҳазор китоб мавҷуд буд.
Баробари муассисаҳои фарҳангӣ – маърифатӣ матбуоти ҷавони тоҷик дар тарбияи башардўстӣ ва меҳанпарастии аҳолии ҷумҳурӣ мавқеи хоса дошт. Матбуот оммаро аз сиёсати ҳизбу ҳукумат воқиф гардонда, барои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва мубориза алайҳи унсурони бегона кушиш ба харҷ медод. Рўзномаҳои нав: “Деҳқонони камбағал”,“Барои коллективонӣ”, ”Комсомоли Тоҷикистон”(апрели соли 1930), “Пионери Тоҷикистон”(апрели соли 1932), ”Барои маорифи коммунистӣ” (июли соли 1932)., ”Бадахшони Сурх”, “Зарбдори сохтмони Вахш”, журналҳои “Роҳбари дониш”, “Маориф ва маданият”,“Барои адабиёти сотсиалистӣ”, “Бо роҳи Ленин”, ”Тандурустии Тоҷикистон”(соли 1923), “Коммунисти Тоҷикистон” (соли 1936), чоп мешуданд. Соли 1929 бинои матбааи Сталинобод ба кор даромад. Радиои тоҷик ҳам ташкил шуда буд. Агар соли 1937 дар ҷумҳурӣ 65 рўзнома бо тиражи 175 ҳазор чоп мешуда бошад, пас соли 1940 –ум 83 рўзнома ва 9 маҷалла нашр мешуд. Дар 201 китобхонаҳои оммавӣ 495 ҳазор нусха адабиёт маҳфуз буд.
Санъати тоҷик нашъунамо меёфт. Дар асоси маҳфилҳои ҳаваскорони санъат театрҳои касбӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1929 театри академӣ – драмавӣ ба номи А.Лоҳутӣ ташкил шуд. Театр барои реализми сотсиалистӣ мубориза бурда, намоишномаҳои “Балво”-и Д.Фурманов, “Ду коммунист”-и К.Яшин, “Шоҳдухтар Турандот”, “Ҳаёт даъват мекунад”, “Мубориза”, “Душман”, “Отелло”, ”Ревизор”, “Рустам ва Суҳроб”, ”Калтакдорони сурх”, ”Шодмон”, “Шўриши Восеъ” ва “Коваи охангар” ба саҳна гузошта шуданд. Аввалин ҳунарпешагони театри ба номи А.Лохутӣ Ҳ.Карим, Гулчехра Бақоева, Саидахон Раҷабова, Мастура Муллоҷонова, София Тўйбоева, Тўҳфа Фозилова, Азиза Азизова ва дигарон буданд. Соли 1933 дар назди театр гурўҳи машшоқону раққосон низ ташкил гардид.
Театрҳои мусиқӣ – драмавӣ дар Хуҷанд, соли 1932 Хоруғ, Кўлоб, Ғарм соли 1936, театри драммавии русии ба номи В.Маяковский дар Душанбе соли 1937 ташкил шуданд. Соли 1937 дар ҷумҳурӣ 13 театри касбӣ кор мекардд, ки дар онҳо зиёда аз 40 нафар ҳунарпешагони маҳаллӣ иҷрои вазифа доштанд. Барои тайёр кардани ҳунарпешагони драммаю балет ва ромишгарон соли 1936 дар Душанбе ва Ленинобод омўзишгоҳҳои махсус кушода шуданд. Ҳанўз соли 1931 слёти якуми ҳофизон, ромишгарон ва раққосони халқии ҷумҳурӣ барпо шуд, ки дар он беҳтарин ҳаваскорони санъат ширкат варзиданд.
Санъати халқи тоҷик сол то сол ғанӣ гардида дар он жанрҳои нави театрӣ, мусиқӣ ва драммавӣ ҷорӣ мешуданд. Соли 1938 филармонияи давлатӣ, оркестри асбобхои халқӣ, соли 1940 ансамбли тарона ва рақси тоҷик, инчунин дар назди филармония ансамбли занони рубобнавоз ва соли 1939 ансамбли этнографии Помир ташкил шуданд. Дар пешбурди санъати мусиқии тоҷик саҳми Д.Ибодов, Ш.Соҳибов, Левӣ Бобохонов, Акашариф Ҷўраев ва дигарон бузург буд.
Соли 1940 иттифоқи бастакорони тоҷик таъсис ёфта, асарҳои аввалин оҳангсозони тоҷик З.Шаҳидӣ, Ф.Солиев, Н.Пулодов, Ш.Бобокалонов ва дигаронро манзури шунавандагон гардонид. Дастовардҳои санъати тоҷик моҳи апрели 1941 дар даҳаи якуми адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва намоиш дода шуданд.Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо ордени Ленин ва театри драммавӣ- академии ба номи А.Лоҳутӣ бо ордени Байрақи Сурхи меҳнат мукофотонида шуданд. Ба Муҳаммадҷон Қосимов унвони Артисти Халқии ИҶШС ва ба Т.Фозилова, Р.Ғолибова унвони Артистони Халқии ҶШС Тоҷикистон дода шуд. Даҳаи адабиёт ва санъат дар Москва тантанаи санъату адабиёти тоҷик гардид.
Дар бузургдошти бедории сиёсӣ ва ҷахонбинии мардум нақши кино бағоят бузург буд. Тоҷикон, ки аз ин санъат дур буданд, солҳои бистуми асри ХХ ба он ошноӣ пайдо карданд. Аввалин намоиши кино соли 1927 дар Душанбе, Хуҷанд, Ўротеппа ва Конибодом сурат гирифт.
Соли 1929 дар назди вазорати маорифи Тоҷикистон гурўҳи кино ташкил шуда, моҳи июли соли 1930 ба театри “ Тоҷиккино” табдил дода шуд ва филмҳои ”Омадани поезди аввалин ба Душанбе”, “Аввалин трактор дар Тоҷикистон”, “8- уми март”, “Сохтмони Вахш”, “Вақте ки амирон мемиранд, “Даъват”, “Муҳоҷир”, филми “Тоҷикистони офтобрўя” (соли 1936) пешкаши тамошобинон гардиданд. Соли 1939 “Тоҷиккино” ба тарҷумаи филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ шуруъ кард. Соли 1940 дар Тоҷикистон 140 дастгоҳи намоиши кино мавҷуд буд.
Санъати тасвирии халқӣ-кандакорӣ дар чўб, гаҷ ва санг ба дараҷаи баланди касбӣ расида буд. Соли 1937 комёбиҳои устоҳо ва ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳи байналхалқии Париж сазовори баҳои баланд гардиданд.
АДАБИЁТ. Адабиёти халқи тоҷик хеле қадима буда, дар таърихи адабиёти халқҳои ҷаҳон мавқеъ ва мақоми хоса дорад. Бо вуҷуди он то замони шуравӣ ин адабиёти гуногунжанр ва мазмунан бой дастраси мардум набуд. Пўшида нест, ки дар даврони шуравӣ ба густариши тамоми жанрҳои адабӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешуд. Дар тамоми жанрҳои адабӣ принсипи адабиёти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ риоя мешуд. Бо ҳамин равия адабиёти тоҷик пеш мерафт. Хусусияти хоси адабиёти тоҷик дар солҳои 30 – юм иборат аз жанрҳои конфликтологӣ буда, он дар муборизаи идеологӣ бо назарияҳои пантуркӣ, панисломӣ, миллатгароёни буржуазӣ ва ақидаҳои зидди шуравӣ сурат мегирифт.
Барои пешрафти адабиёти шўравии тоҷик қарори КМҲК(б) Умумииттифоқ аз 23-юми апрели соли1932 “Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ ва қарори КМ ҲК(б) Тоҷикистон” аз 10 июли соли 1932 “Дар бораи дигаргунсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ” ва ташкил намудани “Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон” сабаб шуданд. Қарорҳои анҷумани якуми нависандагони ИҶШС (августи соли 1934) ва анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон (соли 1934) барои инкишофи минбаъдаи адабиёти шўравии тоҷик такони бузурге доданд.
Дар асоси ин қарорҳо адибони тоҷик ба муборизаи меҳнаткашон барои сохтмони сотсиалистӣ ҳамроҳ шуданд, ки дар ин кор сарвар ва пешоҳанги онҳо Садриддин Айнӣ буд. Бо сарпарастии С.Айнӣ ва шоири инқилобӣ Абулқосим Лоҳутӣ дар солҳои 30-юм як зумра шоиру нависандагони боистеъдод ба монанди М.Турсунзода, М.Миршакар, Ҷ.Икромӣ, А.Деҳотӣ, М.Раҳимӣ, С.Улуғзода, С.Ҷавҳаризода ва дигарон ба арсаи адабиёт омаданд. Дар эҷодиёти ин адибон мавзўи ҳаёти нав ва мубориза бар зидди сохти кўҳна мавқеи асосиро ишғол мекард.
Маҳз дар солҳои 30 – юм хонандаи тоҷик бо бисёр асарҳои адибони рус аз қабили М.Горкий, В.Маяковский, А.Серафимович, А.Чехов, М.Е.Салтиков-Шедрин, А.Н.Островский, А.С.Пушкин, Н.А.Некрасов, И.А.Крилов адибони халқҳои бародар Т.Г.Шевченко, Янка Купала, Павло Тичина ва дигарон шинос гардид.
Асарҳои С.Айнӣ “Дохунда”(соли 1930), “Колхози коммунизм”, (соли 1933), “Мактаби кўҳна”, “Марги судхӯр” (соли 1935), “Ғуломон” (соли 1935), “Ҷанги одам бо об” (соли 1937), “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” ва ғайра чоп шуда, хонандаи тоҷикро бо ҳаёти гузашта ва муосир ошно намудаанд. С.Айнӣ ҳамчун нависандаи ҳақиқатнигор ҳаёти вазнини то инқилобии халқро дар асарҳояш таҳлил намуда, насли навро дар рўҳияи ватандўстии сотсиалистӣ тарбия менамуд.
Солҳои сиюм адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ низ ривоҷ ёфта буд, ки асосгузори он С.Айнӣ маҳсуб мешуд. Аввалин тадқиқотҳои илмии адабиётшиносон Ш.Ҳусейнзода ва Х.Мирзозода низ пайдо шуданд. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ асари С.Айнӣ “Ятим” (соли 1940), ҳикояҳои Ҳаким Карим, ҳикояҳои Раҳим Ҷалил “Ҳисса аз қисса”, романи “Гулрў” ва ғайра нашр шуданд.
Дар маҷмўъ ин асарҳо роҳи халқи тоҷикро ба сўи ҳаёти нав мунаввар менамуданд. Вале ҷанги хонумонсўз ба эҷодиёти адибони тоҷик газанд овард.
(Идома дорад)
МАНБАЪ: н.Тоҷов, К.Ҳусейнов, М.Тоҷов: “Фарҳангшиносӣ”. Душанбе, “Эр-граф”, соли 2012.
Таҳияи Нигина ҚУРБОНОВА, сармутахассиси