Фарҳанги халқи тоҷик дар даврони шуравӣ ва соҳибистиқлолии комили Тоҷикистон.
25 октябри (7 ноябри) соли 1917 дар Россия инқилоби сотсиалистӣ ғалаба кард ва Давлати шуравӣ барпо карда шуд. Бо ёрӣ ва дастгирии Россияи шуравӣ дар Осиёи Миёна низ тартиботи шуравӣ барпо карда шуд. Аз рўзҳои аввали барпо гардиданаш Давлати шуравӣ ба инкишофи илму фарҳанг диққати ҷиддӣ медод.
Фарҳанги навтарини халқи тоҷикро ба се давраи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Давраи аввали фарҳанги навтарини халқи тоҷик солҳои 1920-1929, давраи дуюм солҳои 1929- 1991- ро дар бар мегирад. Давраи сеюми фарҳанги навтарини халқи тоҷик аз 9 сентябри соли 1991 оғоз ёфта, то ҳол идома дорад. Ҳар яке аз ин давраҳо дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд.
Дар солҳои аввали мавҷудияти ҳокимияти шуравӣ дар соҳаи маданият ва маориф корҳои зиёде ба чо оварда шуд. Дар назди шуроҳои маҳаллӣ шуъбаҳои маорифи халқ ташкил карда шуда буданд, ки корҳои маданию маърифатӣ, маҳви бесаводии аҳолии калонсол ва ба омўзиши ҳатмӣ фаро гирифтани наврасон дар ихтиёри онҳо буд. Дар охири соли 1918 дар Тоҷикистони шимолӣ 15 мактаб, соли 1919 бошад 73 мактаби шуравӣ кушода шуд.
Вале дар мактабҳо кадрҳои омўзгорӣ намерасид. Барои тайёр кардани муаллимон дар шаҳрҳои Туркистон курсҳои кўтоҳмуддати омўзгорӣ ташкил карда шуданд. Дар асоси декрети Шурои Комиссарони халқи РСФСР оид ба таълими ҳатмии умумӣ Шурои вилояти Самарқанд қарор дод, ки тамоми аҳолии хату савод надоштаи ҳар ду ҷинс аз 12 то 45 сола бояд дар мактабҳои шабона таҳсил мекарданд. Барои онҳо рўзи корӣ ва дигар имтиёзҳо муайян карда шуд. Дар курсҳои шабонаи Хуҷанд аз фанҳои арифметика, грамматика, таърих, сохтмони Шуравӣ, забонҳои русӣ ва ўзбекӣ дарс мегуфтанд. Дар Хуҷанд, Ўротеппа, Драгомирово мактабҳои ягонаи меҳнатии дараҷаи 1 ва 2 амал мекарданд. Мактабҳои маҳви бесаводӣ бошанд, дар ҳама ҷо кор мекарданд.
Бояд қайд кард, ки тамоми дигаргуниҳои сиёсӣ, хоҷагӣ ва маданӣ бо ёрию мадади халқи бузурги рус ва Россияи Шуравӣ гузаронида мешуданд.Россияи Шуравӣ барои бо васоити таълимӣ ва омўзгорон таъмин кардани мактабҳо кўмаки зиёд мерасонид.
Соли 1922 дар музофоти Хуҷанд курсҳои думоҳаи омўзгорӣ кушода шуданд. Соли 1923 аввалин 11 нафар муаллимоне, ки ин курсҳоро хатм карда буданд, ба деҳот фиристода шуданд. Рўз то рўз шумораи мактабҳои нави шуравӣ зиёд мешуд. Агар дар соли хониши 1923 – 1924 дар музофоти Хуҷанд 17 мактаб ва 1678 нафар талаба бошад, пас соли хониши 1924 – 1925 шумораи мактабҳо ба 27 расид, ки дар онҳо 2400 нафар талабагон таҳсил мекарданд.
Дар Хуҷанд маҳфилҳои ҳаваскорони санъат низ ташкил карда шуда буданд, ки асосгузорони он аввалин муаллимон буданд.
Дар Бухорои Шарқӣ қадамҳои нахустин дар соҳаи маориф гузошта шуданд. Моҳи марти соли 1921 дар Душанбе изҳороти вилоятии маориф ва 5 мактаби шуравӣ ташкил карда шуд. 600 нафар ҷавонписарону духтарон ба мактаби нави шуравӣ қадам ниҳоданд. Баробари ин аввалин муаллимон ба Бухорои Шарқӣ омаданд.Соли хониши 1923-1924 дар Кўлоб, Ховалинг, Ғарм, Ҳоит мактабҳои нав дар Душанбе, Кўлоб, Қаратоғ, Ғарм бошад, интернатҳо кушода шудаанд. Муаллимон дар курсҳои кўтоҳмуддат тайёр карда мешуданд, ки соли 1921 онро 25 нафар хатм карданд. Азбаски муаллимон намерасиданд, бинобар ин дар курсҳо мудирони нозироти вилоятии маориф, сардорони милиса, коркунони ҳизбӣ-давлатӣ дарс мегуфтанд. Маҳви бесаводии калонсолон вазифаи аввалиндараҷа ҳисобида мешуд.Бар зидди бесаводӣ муборизаи умумидавлатӣ сар шуд. Баробари он ба масъалаи инкишофи муассисаҳои давлатӣ-равшаннамоӣ аҳамияти зиёд дода мешуд. Соли 1923 дар Душанбе аввалин китобхона ташкил шуда, ба маркази корҳои оммавӣ-сиёсӣ табдил ёфт.
Адабиёти советии тоҷик дар муборизаи шадиди зидди пантуркистон ва миллатчиёни буржуазӣ ташаккул меёфт. Асарҳои Садриддин Айнӣ “Суруди озодӣ”, “Марсия”,“Ба шарафи инқилоби Октябр” сурудҳои аввалини инқилобӣ буданд. С.Айнӣ повестҳои “Ҷаллодони Бухоро” ва “Одина”-ро пешкаши хонандагон намуд .Асарҳои ў дар маҷаллаи ”Шўълаи инқилоб”, ки аз моҳи апрели соли 1919 то декабри соли 1921 дар Самарқанд нашр мешуд, чоп мешуданд. Баробари С.Айнӣ, инчунин шеърҳои инқилобии Абулқосим Лоҳутӣ нашр мешуданд. Соли 1923 достони “Кремл” – и ў дар Москва чоп шуд. Худи ҳамон сол асари дигари ў ”Инқилоби сурх” чоп гардид. Соли 1920 Пайрав Сулаймонӣ “Ба шарафи Инқилоби Бухоро” ном шеъре навишт. Солҳои 1924- 1925 шеърҳои Муҳаммадҷон Раҳимӣ низ дастраси хонандагон гардиданд.
Ҳамин тавр, ба душвории солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, дар пешрафти иқтисодиёт ва ташкил намудани аввалин марказҳои маданӣ – маърифатӣ комёбиҳои назаррас мушоҳида мешуданд.
Ҳукумати шуравӣ аз рўзҳои аввали ташкил ёфтанаш ба масъалаи маориф ва фарҳанг аҳамияти аввалиндараҷа медод. Хусусан саводнок кардани халқ мароми асосӣ буд. Аз ин хотир, маорифи халқ дар Тоҷикистон густариш меёфт. Соли хониши 1924-1925 дар ҷумҳурӣ 32 мактаби нави шуравӣ ва интернатҳо мавҷуд буданд. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи дуҳафтаинаи маориф соли 1925 боз 28 мактаб сохта шуд., ки дар онҳо 1610 наврасон таҳсил мекарданд. Ҳамагӣ солҳои 1925-1926 57 мактабҳои ибтидоӣ ва 8 интернатҳо кор мекарданд. Мактабҳо бо китобу васоити таълимӣ таъмин карда мешуданд. Баробари кушодани мактабҳои нав ба масъалаи маҳви бесаводӣ аҳамияти калон дода мешуд. Соли 1926 дар 63 мактаби маҳви бесаводӣ 1450 кас таҳсил мекарданд. Дар ҷумҳурӣ ҳанўз мактабҳои олӣ набуданд. Соли 1924 дар Тошканд донишкадаи тоҷикии муаллимтайёркунӣ кушода шуд, ки он барои пешрафти маориф дар Тоҷикистон нақши бузург бозид. Кадрҳои ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Тошканду Москва маълумоти олӣ мегирифтанд. Дар соли хониши 1926-1927 дар Тоҷикистон 161 мактаб ва 20 хонаи бачагон мавҷуд буд, ки онҳо 5430 хонанда доштанд.
Яке аз вазифаҳои муҳими давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқ сохтмони маданӣ буд. Дар ин соҳа вазифаи аввалин маҳви бесаводии аҳолии калонсолон ва вазифаи дуюм, ба амал баровардпни маълумоти ҳатмии ибтидоӣ барои бачагон буд. Соли 1925 дар назди Комиссариати маорифи халқи ҷумҳурӣ комиссияи фавқулода доир ба маҳви бесаводӣ ташкил карда шуд. Солхои 1928-1929 дар Тоҷикистон 318 мактаби маҳви бесаводӣ ташкил шуд, ки дар онҳо 9400 кас савод меомўхт. Дар уезди Хуҷанд бошад, солхои 1928-1929 – ум 250 мактабҳои маҳви бесаводӣ 7500 касро фаро гирифта буданд. Агар соли 1926 бо роҳи курсҳои маҳви бесаводӣ як фоизи аҳолии ҷумҳурӣ саводнок шуда бошад, пас дар арафаи ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ин рақам ба 61 фоиз расида буд. Баробари ташкили мактабҳои маҳви бесаводӣ, мактабҳои нави шуравӣ низ густариш меёфтанд.
Соли хониши 1926 – 1927 дар ҷумҳурӣ 144 мактабҳои шуравӣ ташкил карда шуданд., ки 3500 ё худ 5,6 фоизи ҳамаи наврасонро ба таҳсил фаро мегирифтанд. Ҳукумати шуравӣ ба хонандагони мактабҳо гузаштҳо карда, бачагонро бо китобу асбобҳои хониш, хўроки бепул таъмин мекард, ба деҳқононе, ки барои хондани фарзандонашон ғамхорӣ содир мекарданд имтиёзҳо медод.
Соли хониши 1927 – 1928 дар Тоҷикистон 294 мактаб мавҷуд буд, ки дар онҳо 8900 нафар талабагон таҳсил доштанд. Ғайр аз ин бароибепарасторон мактаб-интернатҳо кушода шуданд. Соли 1929 мактабҳои усули кўҳна барҳам хурданд. Омўзгорон дар курсҳои кўтоҳмуддат ва техникуму мактабҳои олии Тошканд тайёр карда мешуданд. Соли 1929 донишкадаи маорифи Тошкандро аввалин муаллимон хатм карда ваҳамон сол ин донишкада ба ихтиёри Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон дода шуд. Соли хониши 1928 – 1929 дар Тоҷикистон се техникуми омўзгорӣ кор мекард.
Муассисаҳои маданӣ – маърифатӣ ҳам густариш меёфтанд. Охири соли 1926 дар Тоҷикистон 11 касалхона, гушаҳои тиббӣ, 11 гўшаҳои фелдшерӣ ва амбулаторӣ кор мекарданд. Теъдоди онҳо сол то сол зиёд мешуд. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ 11 китобхонаи оммавӣ, ду маҳфили дўстдорони санъат, 32 клубу чойхонаҳои сурх ва 9 дастгоҳҳои кино мавҷуд буданд. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ 12 беморхона, 61 амбулаторияю гушаҳои тиббӣ кушода шуданд.
Матбуоти шўравии тоҷик дар инкишофи ҳаёти нави сотсиалистӣ ҳисса мегузошт. Солҳои 1926 – 1929 дар ҷумҳурӣ маҷаллаҳои “Роҳбари дониш”, “Дониш ва омўзгор”, “Маориф ва маданият”, рўзномаҳои “Тоҷикистони Сурх”, ”Қизил Тожикистони”, “Пролетари Хуҷанд” чоп мешуданд.
Дар маркази Тоҷикистон соҳаҳои мухталифи санъат низ инкишоф меёфтанд. Соли 1927 дар Душанбе бо ташаббуси муаллим Ҳаким Карим маҳфили мусиқӣ – драммавӣ ба номи А.Лоҳутӣ (соли 1933)-ро ташкил дод. Аввалин ҳунарпешагони ин театр Гулчеҳра Бақоева ва режиссёр Султон Саидмуродов буданд. Соли 1929 техникуми мусиқии Хуҷанд ба кор сар кард.
Адабиёти ҷавони шўравии тоҷик дар мубориза ба муқобили майдонҳои пантуркистӣ обутоб меёфт.Пантуркистҳо, ки дар он солҳо решаи чуқур давонда буданд ба муқобили забону адабиёти классикии тоҷик муборизаи беамон мебурданд. Яке аз муборизони оташсухани зидди пантуркизм ва панисломизм дар Осиёи Миёна асосгузори адабиёти шўравии тоҷик Садриддин Айнӣ буд.
Садриддин Айнӣ дар кори дастраси умум намудани мероси бои адабиёти классикии тоҷик нақши бузург бозид. Бо ташаббуси ў соли 1926 “Намунаи адабиёти тоҷик”дастраси умум гашт, ки он адабиёти асри Х ва ибтидои ва ибтидои асри ХХ- ро дар худ таҷассум мекард. Саҳми шахсии устод Айнӣ дар ташаккулёбии насри шуравии тоҷик хеле бузург аст. Бо қалами ў повеси “Одина” ва романи “Дохунда” навишта, аз чоп баромаданд. Ин асарҳои таърихии устод дар саҳифаҳои адабиёти шўравии тоҷик ганҷинаи бебаҳоанд.
Ба насри устод Айнӣ нависандаи ҷавон Ҷалол Икромӣ пайравӣ намуд. Аввалин ҳикояҳои ў “Ширин”, “Як ҳавзи пурхун Раҳматуллоэшон” бо кўмаки Садриддин Айнӣ навишта шудаанд. Назми шўравии тоҷик низ таҳти роҳбарии С.Айнӣ пеш мерафт. Пайрав Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Суҳайлӣ Чавҳаризода ва дигарон шеърҳои хешро пешкаши хонандагон мегардониданд. Дар асарҳои онҳо комёбиҳои аввалини инқилоби маданӣ, озодии занон, мубориза ба муқобили урфу одатҳои кўҳна ҷои намоёнро ишғол мекард.
Ҳамин тавр, маданияти қадима ва бойи халқи тоҷик шаклу мазмуни нав гирифта, дар омехтагӣ бо маданияти пешқадами халқҳои Шуравӣ боз ҳам ғанитар мегардид.