Фарҳанги  русӣ- англисӣ-тоҷикии  истилохоти  илмҳои  дақиқ  ва  табиатшиносӣ чоп шуд

Бо талоши донишманди тоҷик Пирмаҳмад Нуров “Фарҳанги  русӣ- англисӣ-тоҷикии  истилохоти  илмҳои  дақиқ  ва  табиатшиносӣ” аз чоп баромад. Гуфта мешавад, ки ин фарҳанги  мазкур  дар  самти  фарҳангсозӣ  ва   фарҳангнигории  тоҷикӣ  таҷрибаи  нахустин  буда,  бештар  аз  12500  истилоҳоти  русӣ,  англисӣ ва  муодили  тоҷикии  онҳоро  дар  соҳаҳои илмҳои  дакиқ  ва  табиатшиносӣ  (математика, физика ва  химия)  фаро  мегирад.

Фарҳанг  барои  кормандони  илмӣ,  омўзгорон  ва  донишҷўёни  муассисахои  таҳсилоти  олии  касбӣ,  муҳандисон,  технологу  конструкторҳо  ва  дигар  мутахассисоне, ки  дар  соҳаҳои  илм, техника, саноат  ва  монанди  инҳо  кору  фаъолият  мекунанд,  таъйин  шудааст.

Фарҳанг  аз  нигоҳи   нав,  пеш  аз  ҳама  бо  истифодаҳои  ҳарчи  бештари  имкониятҳои  дохилии  забони  тоҷикӣ  дар  сохтани  вожаҳои  илмӣ, илмии  техникӣ,  ҳамчунин  пазируфтани  баъзе  вожахои  байналмилалӣ  бо  назардошти  хусусияти  байналмилали  доштани  илм,  техника, технология,  забони  илмӣ, забони  техникӣ  ва  вожагони  онҳо таҳия  гардидааст.

Муаллиф дар муқаддимаи он овардааст, ки истилоҳот,  аз  ҷумла  истилоҳоти  илмҳои  дақиқ ва  табиатшиносӣ,  техникӣ  қисмати  муҳими  таркиби  луғавии  ҳар  як  забони  миллӣ  ва  манбаи  ғанигардониву  рушди  минбаъдаи  он  мебошад. Дар  забони  муосири  тоҷикӣ  аксари  истилоҳоти  илмҳои  дақиқ  ва  табиатшиносӣ  маҳз  тавассути  тарҷумаи  адабиёти  соҳавӣ   ва  забони  русӣ ворид  гардидаанд  ва  ворид  шудан  доранд. Ва  қариб  тайи  як  сол  аст, ки  хонандагону  данишҷуёни  тоҷик  тавассути  адабиёти  тарҷумавӣ  ва  таълифӣ  оид  ба  илмхои  муосири  дақиқ  ва  табиатшиносӣ,  мисли  физика,  математика,   химия  ва  монанди  инҳо  ба  кӯшиш  ва заҳмати  тарҷумонҳо  ва  муаллифони  китобҳои  дарсӣ  ва  таълимӣ  барои  хонандагони  мактабхои  таҳсилоти умумӣ  ва  донишҷўёни  мактабҳои  олии  ҷумҳурӣ  хеле  сайқал  ёфта, ахиран   рў  ба  беҳбудӣ  овардааст. Хусусан  аксари  истилоҳоти  соф  русии  илмӣ  муодилаҳои  тоҷикии  худро  ёфтаанд. Ин  комёбиҳо  дар  натиҷаи  кушиши  зиёди  олимони  алоҳидаи  ин  соҳоҳои  илм,  қомуснигорони  тоҷик  ва  тарҷумонҳову  муаллифон  муяссар  гаридааст.

Китоби “Фарҳанги  русӣ англисӣоҷикии  истилохоти  илмҳои  дақиқ  ва  табиатшиносӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарзона  ШАРИФОВА,
м
утахассиси  шуъбаи
Мукаммалгардонии  фонд.