Фарҳод Раҳимӣ. Пешвои миллат, Истиқлоли давлатӣ ва илми тоҷик
Дар ин маҷмӯа, ки охири соли гузашта чоп шуда буд, маҷмӯи мақолаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, ки дар хусуси рушду нумӯи илму маърифати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми бевоситаи Пешвои бузурги миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули тафаккури илмӣ- техникии ҳамдиёронамон баҳс мекунанд, фароҳам омаданд.
Дар бахше аз пешгуфтори ин китоб, ки “Ибтидои Истиқлол” номида шудааст, мехонем: Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва 9 сентябри соли 1991 дар таърихии миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ сабт гардид. Аммо баъд чӣ шуд?
Ҳамватани азиз! Набояд таърихро зуд фаромӯш кард, онро бояд донист, дар гӯшаи хотир нигаҳ дошт ва аз он сабақ омӯхт. Баъдан ҳукумат ва ҳукуматдорони вақт, ки ба ин ҳодисаи таърихӣ омода набуданд, эҳтимолан қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, ба ваҳму таҳлуқа афтоданду (ба монанди рӯзҳои аввали ба кишвари роҳ ёфтани пандемияи коронавируси нав, ки бо тавтеаи баъзе бадхоҳони дар хориҷӣ кишвар қарордошта, фазои мамлакатро тарсу воҳима фаро гирифта буд) зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва ҳокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвар ба гирдоби ҷангӣ шаҳрвандӣ кашида шуд. Кишвар мотамзада, миллат пароканда, давлат бесоҳиб, марзу бум бемуҳофиз ва дар ба рӯйи аҷнабиёни бедодгару мазҳабпарсту ғоратгар кушода шуд. Гурӯҳе ё гурӯҳаке, ки солҳо боз чунин фурсати муносиб меҷуст, бо номи муқаддаси Ислом, аммо бо сад фикру андешаи ғайримазҳабию ғайриисломӣ талоши ба сари қудрат омаданро карду билохира тобистони соли 1992 пойтахти кишварро тасарруф ва хайру баракатро аз ин сарзамин бурда, арзишу фарҳанги миллиро зери по намуда, ба пиёда намудани тарҳи хоҷагони хориҷиашон бо мақсади таъсиси як ҷумҳурии исломии мазҳабии ба мазҳаби аҷдодии мову шумо бегона даст заданд.
Ҳамватани азиз! Ин таърих аст ва онро набояд фаромӯш намоем. Дарё – дарё хуни тоҷик рехта шуд, ҳеҷ хонае набуд, ки ҷигарбандашро, сарпарасташро, ақрабои наздикашро, дӯсту ҳамсабақу ҳамкорашро аз даст надода бошад. Яксаду панҷоҳ ҳазор нафар фарзанди ин миллат кушта шуда, ҳазорҳо адад хонаву деҳоту иншооти иҷтимоӣ аз байн рафт ва аз ҳама бадтар он буд, ки риштаи умед ба оянда канда шуд. Миллате бо фарҳанги волову арзишҳои таърихӣ, гӯё ному нангро фаромӯш кард, ҳатто аз ифтихор бо “Шоҳнома”-и бузург маънии як байтро
“Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,
Наёяд, агар бошадаш ному нанг”
-ро сарфаҳм нарафта, бародар тир ба синаи худ зад ва то моҳи ноябри соли 1992 фаро нарасид, дарки онро накард, ки
“ Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт….” .
Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостон (на пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, зеро он дар дасти силоҳдорони ғайриқонунӣ буд) Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳама умед ба ин Иҷлосия буд ва шабонарӯз мардум дидаи умед ба он медӯхтанд, ҳар дақиқаи онро тавассути оинаи нилгун тамошо ва тариқи радио мешунавиданд ва ба якдигар қисса мекарданд. Ва якбора шӯълаи умед аланга зад, дилҳо ба тапиш даромад, садои шодию сурур дигарбора фазои кишварро пур намуд, мардум гӯиё дигарбора зинда шуданд ва пайки шодмонӣ расид, ки Худованд барои наҷоти ТОҶИКИСТОН, ВАТАНИ АЗИЗ ВА МАРДУМИ ТОҶИК САРВАР, РОҲБАР, ПЕШВО фиристод (боз аз ҳикмати фалсафӣ ёд меорам, ки ба бахти баланди мардуми тоҷик “он чи ки шуданӣ буд шуд”). Бовар ба он шуд, ки:
“Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом , ки ояд зи паси он саҳаре ҳаст”
Ва дигарбора қоматҳо рост ва чеҳраҳо гулгун ва табассум дар лабони мардум ҳувайдо гардид ва ин Пешвои мардумӣ андарзи бузургони миллат:
“ Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг”
-ро аз нахустин рӯзи ба мақоми раҳбарӣ расиданаш сармашқи кору пайкори худ намуд ва кишварро аз ин фоҷеа раҳоӣ бахшид…
Китоб, ки “Пешвои миллат, Истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик” ном дорад, як таҳлили олимонаву ҳакимонаи шахсест, ки солҳо сарварии Академияи илмҳои кишварро ба уҳда дошт ва дар мамлакат чӣ мегузарад, медонист, бо Пешвои муаззами миллат ҳамнишиниҳо дошту дар таҳияи барномаи калидии рушди кишвар даст дошт.
Мақолоти ин китоб саршор аз ҳуҷҷат, санад ва таҳлилҳои илмианд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол барҷаста нишон медиҳад.
Ин китобро шумо, хонандаҳои азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова, сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.