Фаридуни Фарҳодзод: Китоб нахонда эҷод кардан ғайриимкон аст!
Фаридуни Фарҳодзод аз нависандагони ҷавону тозакор ва пуркори тоҷики муқими Узбекистон аст. Чанде пеш ба Тоҷикистон омадаву ба Китобхонаи миллӣ ҳам ҳузур ёфта ва чанд китоби худро ба Китобхона туҳфа карда буд. Бо чанд суол атрофи эҷодиёташ ҳамсуҳбат шудем.
– Дар ҳикояи «Чун модаркалон даргузашт» мавзуи бисёр доғро баррасӣ намудед. Мавзуест, ки ба зиндагии имрўзи мо басо наздик аст. Аксари хонаводаҳо падар ё модар, баъзе ҳолатҳо ҳам падар ҳам модар ба муҳоҷират мераванду фарзандон аз муҳаббату навозишҳо ва тарбияи онҳо дур мемонанд. Дуруст мисли ҳикояи шумо «Чун модаркалон даргузашт» аз нигоҳи молӣ таъмин хоҳанд буд, аммо тамоми умр аз нарасидани меҳри волидон азият хоҳанд кашид, ки бо чизе ҷуброн нахоҳад шуд ва осори он дар зиндагии фарзанд ҳамеша боқӣ хоҳад монд…
– Айёми донишҷӯӣ буд. Рӯзе ба сартарошхона рафтам. Дар навбат меистодам, пиразане ҳамроҳи писараке, ки тахминан 8 ё 9 сол дошт, вориди сартарошхона шуд ва баъд аз ман навбат гирифт. Пас аз чанд лаҳза садои телефони мобилии пиразан баланд шуд. Пиразан саросема телефонро гирифт ва ба писарак рӯ оварда “бийиҷонат телефон кайсас” гуфт. Дар рафти сӯҳбати модару духтар писарак чанд бор хоҳиш кард, ки бо модараш сӯҳбат кунад. Пиразан гӯширо намедод ва ба майли хотир сӯҳбат мекард. Ниҳоят ба духтараш гуфт, ки наберааш мехоҳад бо ӯ сӯҳбат кунад. Ҷониби дигар чӣ гуфт намедонаму пиразан “ҳа хай, пагоҳ гап мезанад. Монда шуда бошӣ, хоб рав” гуфт ва телефонро хомӯш кард. Ҳолати ҳамонлаҳзаинаи писарак то ҳол аз пеши чашмам намеравад. Малулу ғамгин гашт. Рухсораш ранг бохт. Дар чашмаш ашк ҳалқа зад.
Сад афсӯс, ки ҳоло аксар волидон муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд ва тарбияи фарзандон дар ӯҳдаи бобову модаркалон ва ҳатто амаку амма ё тағову холаи онҳо мебошад. Албатта, ин ҳолат ба рӯҳия ва тарбияи бачагон бетаъсир намемонад. Аксари бачагони аз меҳру парастории падару модар дур рӯҳан озурда, аз ҳаёт дилсард мешаванд. Бо як сухан, имрӯз одамон ба пулу сарват меҳр монда, одамиятро, вазифа ва масъулияти хонаводагиро фаромӯш кардаанд ва ҳамин боис шуд то ҳикояи мазкур рӯйи коғаз биёяд…
– Ҳикояҳоятонро хондам, бисёр кутоҳ ва омўзандаанд ва хонандаро водор ба андешидан месозанд. Аз мутолиаи ҳикояи «Армон» ба ин натиҷа расидам, ки инсон барои расидан ба орзуи ягонааш ба ҳар кори пурмашаққат розист. Қаҳрамони ҳикояатон хеле азияту хорӣ кашид, аммо ормонӣ аз дунё рафт. Тақдир хеле нисбаташ бераҳм буд. Ҳоло маънои дуои бади «илоҳӣ ормонӣ шавӣ»-ро фаҳмидам. Поёни ҳикоя бисёр ғамбору ноумедкунанда асту хонандаро мегирёнад. Бо вуҷуди талошҳои бемаҳдудаш ба орзуяш намерасад. Оё мақсади адиб ба хонанда умед бахшидан нест?
– Албатта, хубу некӯ поён ёфтани ҳикоя ва қиссаву романҳо хуб аст. Нависандагони касбӣ низ ба ин маъно “дар анҷом нуре бояд дурахшад, то ба дили хонанда равшанӣ, умед бахшад”, гуфтаанд. Аммо дар зиндагӣ на ҳамеша чунин аст. Гоҳо гуле дар айни шукуфоӣ хазон, дарахте бо ҳосили фаровон хушк, кӯҳе бо тамоми шаҳомат бо хок яксон, шуълае аз боди сарсарӣ хомӯш, одами муваффақе аз ноомади кор шикаста мегардад. Ва инро зиндагӣ мегӯянд… Зиндагӣ ба назарам дард аст. Зеро дар зиндагӣ дилеро дарнамеёбед, ки дардошно набошад. Холӣ аз ғаму ранҷи рӯзгор бошад. Вақте аз дард мегӯед, аз дард менависед ва дар набзи навиштаатон дард эҳсос мешавад, он ба дилҳои дардошно зуд роҳ меёбад. Вақте ҳикоя менависем, набояд саҳлангорона, танҳо ба ном коғазро пур кунем. Коғазро бо нафасҳои дил бояд пур кард, то ба диле роҳ ёфтани он осон шавад. Ва дар ҳикояи “Армон” низ мехостем аз дарди дили як донишҷӯи ноком бигӯем.
– Аз куҷо гирфтед сужаи онро: аз зиндагӣ ё тахайюл?
– Аз зиндагӣ… Хуб медонем, ки аксар донишҷӯёни мусофир ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ кор мекунанд. Рӯзҳои истироҳат мардикорборзор мебароянд ва ин ҳол имрӯз низ хеле афзудааст. Баъзе донишҷӯён ҳатто дар машғулиятҳо иштирок накарда, аз пайи кор мераванд. Теъдоди зиёди чунин толибилмҳоро онҳое ташкил мекунанд, ки дар асоси шартнома таҳсил мекунанд ва мехоҳанд дастмузде ба даст оварда, ба волидонашон кумак кунанд. Дар байни онҳо донишҷӯёне, ки аз пайи ин саломатии худро аз даст додаанд ё фиреб хӯрдаанд, ё ки аз хондан барканор шудаанд, кам нестанд…
– Мегўянд нависанда бояд дар баробари маҳорати нависандагӣ доштан, захираи ғании луғавӣ, таҷрибаи рўзгор низ дошта бошад. Шумо, ки ҷавонед, навиштани қиссаву ҳикояҳои хуб чӣ гуна муясаратон гардидааст?
– Шоири маъниофар Бедил чунин мефармояд:
Доми теғ аст Бедил, роҳи борики сухансанҷӣ,
Забони хома ҳам шак дорад аз ҳарфофариниҳо.
Сухан гуфтан масъулияти бузург дорад. Пеш аз баёни сухан бояд хуб андешид. Агар мусаввир бо килку ранг кор карда, асари тасвирӣ офарад, нависанда бо сухан сару кор дорад. Сухан пуфак нест, ки вазне надошта бошад. Вазни сухан хеле гарон аст. Вақте сухан аз навиштани қиссаву ҳикояҳои хуб меравад, фикр мекунам, маҳсули навиштаҳои мо ҳоло шогирдонаанд. Камбудиҳо доранд ва мо ба роҳнамоиҳои устодон ниёз дорем, то қиссаву ҳикояҳои хуб нависем.
– Дар шабаки Фейсбук бо номи «Садои тоҷик» гурӯҳ доред, ки пурхонанда аст ва иттиллои ҷолиб ва манфиатовару кутоҳ дорад.
Ҳадафи он чист ва фикри сохтанаш кай ба зеҳнатон зад?
– Пас аз авҷи бемороии коронавирус тарзи фосилавии корбарӣ роҳандозӣ гардид ва ҳама хонанишин шуданд. Маҳз дар ҳамин даври “хонашинӣ” бо мақсади пурмазмун гузаронидани вақти холии ҳамзабонон, беҳсозии сатҳи забондонӣ ва забонфаҳмии тоҷикони бурунмарзӣ дар шабакаи интернетии Telegram гурӯҳи “Садои тоҷик”-ро таъсис додем. Нахуст матолиби хурду реза, аммо муҳиму хотирмони саҳифаи махсуси «Шоми шанбе» – ро аз сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» гирифта, дар гурӯҳи худ нашр мекардем. Баъдан шумораи мухлисону хонандагони он афзуд ва мо кори гурӯҳро дар шабакаҳои Facebook ва YouTube низ ба роҳ мондем, ки ҳоло беш аз 10 ҳазор нафар хонандагонро аз гӯшаву канори ҷаҳон фаро мегирад.
– Ҳикояҳои шуморо қабл аз чоп кӣ мехонад? Яъне устодатон ва раҳнамоятон кист? Умуман дар бораи аввалин ҳикояву устодони аввалатон суҳбат кунед.
– Аввалин инсоне, ки нисбат ба эҷод дар дилам шӯълаи умедро фурӯзон кардааст, нависанда ва ҳаҷвнигори маъруф, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бахтиёри Ҷумъа ҳастанд. Ҳар боре ҳикояеро менавиштам, хонда, назари худро мегуфтанд ва маро ангеза медоданд, то бештару беҳтар нависам. Вақте ҳикояҳоямро рӯйи саҳифаи фейсбук гузоштам, муносибати дилгармкунанда ва дастгирии ҳамзабонон маро водор сохт, ки бобати сайқали маҳорати худ зиёдтар кор кунам. Бахусус, муаллимаи азизу арҷманд, шоира ва нависандаи хушкалом, бонуи худшиносу худогоҳ Марямбонуи Фарғонӣ маслиҳатҳои муфид медоданд. Оид ба камбудиҳо мегуфтанд ва дар ислоҳи онҳо ёрӣ мерасонданд. Бо дастгирии адиб Юнуси Имомназар нахустин ҳикояҳоям дар китоби «Деҳаи зархез» рӯйи чопро дида бошад, бо кумаки шоир ва тарҷумони бомаҳорат Асадуллоҳ Исмоилзода аввалин маҷмӯаи ҳикояҳоям таҳти унвони “Шаби ялдо” интишор гардид.
Чанде аз аҳли фарҳанги Самарқанд, аз ҷумла нависандагон Адаш Истад, Тошқул Азимзода, Ӯктами Иброҳим, Шариф Халил низ бобати сайқали маҳорат маслиҳатҳои пурқимат додаанд ва барои чун эҷодкор камол ёфтанам саҳми шоиста гузоштаанд.
– Ҳикояҳои шумо пандомӯзанду баъзеяшон бовар мебахшанд, ки дунё аз одамони нек холӣ нест. Мисли ҳикояи “Таззод”. Хеле воқеист ва аз ҳаёти имрӯзи мо қисса мекунад. Вақти хондан фикр мекунем, ки воқеан мо одамон чӣ бетафовутем нисбати ҳамзамононамон.Аз таърихи пайдоиши ин бигўед.
– Дар тӯйе дар хидмат будам. Соҳибтӯён базми арӯсӣ ё тӯйи суннатӣ не, мучалгардони набераи худро ҷашн мегирифтанд. “Дар дастархони тӯёна ғайр аз тухми анқову ҷони одам дигар ҳама хӯрданӣ ба назар мерасид. Пешхизматҳо баробари холӣ гардидани як табақча, ба ҷояш зуд дигарашро мегузоштанд. Санъаткору раққосаҳо навбат мепоиданд”. Воқеаҳои ҳамин тӯй боис шуд, ки ҳикояи “Тазоди зиндагӣ”-ро нависам.
– Дар интихоби мавзуи ҳикояҳоятон ба чӣ такя мекунед ва аз куҷо мавзӯъҳоро мегиред?
– Чанде пеш як андешаи Сотим Улуғзодаро хондам, ки “Ҳамон вақт аз набзи ҳаёти мардум бохабар мешавед ва асарҳои шавқовари ҳаётӣ менависед, агар то нафаси охирин рӯзноманигор бимонед. Рӯзнома ду чиз медиҳад: якум шуморо ҷавон нигоҳ медорад. Аз бузургтарошӣ барин беморӣ, ки дарди безеб аст, шуморо эҳтиёт мекунад. Ва рӯзноманигорӣ разведкаи нависанда ба корзори зиндагист. Мудом ҳар ду чашми хӯрҷини шумо пур мешавад: як чашми хӯрҷин маводи идораи рӯзнома, чашми дигари хӯрҷин – нависандагӣ“ гуфтааст. Хушбахтона, мо эҷодкоре ҳастем, ки дар рӯзнома кор мекунем. Гарчанд “хӯрҷин”-и мо доим лабрез нест, бо такя ба дидаҳо, шунидаҳо ва воқеаҳое, ки иштирокдори бевосита ҳастам, ҳикоя менависам. Гоҳо як омили хурдакак, масалан зери по садо баровардани барг ё қомати хамидаи пирамард, ё ки дар канори роҳ устухон хоидани саге ва монанди ин сабаби тавлиди ғояи ҳикояе мегардад.
– Бештар аз осори кадом нависандагон меомӯзед?
– “Обро аз сарчашма бояд хӯрд”, мегӯянд. Аз ин рӯ, беш аз ҳама намунаҳои адабиёти мумтозро мутолиа мекунам. Ҳамзамон асарҳои адибони адабиёти муосири тоҷик ва ҷаҳонро низ мехонам. Одатан, китоб интихоб намекунам. Ҳама гуна китоби бадеиро, ки дастрас гардид, мехонам. Агар писанд афтад, то анҷом мутолиа мекунам ва агар дилгир кард, наметавонам ба анҷом расонам.
– Вазъи забону матбуот ва китобҳо дар Ӯзбекистон дар чӣ ҳол аст?
– Имрӯз дар Ӯзбекистон рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои зиёд бо забони тоҷикӣ рӯйи чоп меоянд. Барои табъу нашри китобҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар имкониятҳои хуб фароҳам гардидааст ва барои ин самтҳо имтиёзоти зиёд дода шудааст. Рӯзномаҳои тоҷикии “Овози Самарқанд”, “Садои Сӯх”, “Ховар”, маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” мунтазам чоп мешаванд, аммо теъдоди обуначиён кам. Ҳамасола садҳо китобҳои бадеӣ интишор мегарданд, лекин китобхонҳо камшумор. Ин китобҳо тӯли моҳу солҳо ё ҷевони муаллифро зеб медиҳанд, ё ки дар мағозаҳои китобфурӯшӣ зери чангу хок мемонанд. Аз забони шоир Кӯҳзоди Фатҳулло бигӯем:
Нашр кардам ман китобамро, вале хонанда ку,
Содашеъри беҳисобамро, вале хонанда ку?
Бо гаронӣ нашр кардам сафҳа-сафҳа аз дилам
Шодию ранҷу азобамро, вале хонанда ку?..
– Дар Ӯзбекистон як рӯзномаи кӯдакон нашр мешавад. Ин магар кам нест? Бо рӯзномаҳои кӯдаконаи тоҷикӣ ҳамкорӣ доред?
– Солҳо ин ҷониб дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаи бачагонаи “Булбулча-доно” бо забони тоҷикӣ чоп мешуд. Дар солҳои аввали таъсис рӯзнома бо теъдоди беш аз 6000 нусха рӯйи чоп меомад ва ба мактабҳои тоҷикии саросари ҷумҳурӣ дастрас мегардид. Мутаассифона, солҳои охир дар натиҷаи рушди коммуникатсияҳои иттилоотӣ ва нуфузи бештар пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор рӯзномаҳои хусусӣ аз сабаби кам шудани шумораи обуначиён фаъолияти худро қатъ карданд. Дар ин радиф чопи рӯзномаи бачагонаи “Булбулча-доно”, ки минбари ягонаи эҷодии донишомӯзони мактабҳои таҳсилот ба забони тоҷикии кишвар буд, боздошта шуд. Аз ин рӯ, ҳамкориҳоро бо рӯзномаҳои бачагонаи Тоҷикистон мавқуф гузоштем.
– Бо аҳли адаби Тоҷикистон ҳамкориятон дар кадом сатҳ аст?
– Худоро шукр, ки тӯли чанд соли охир муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон густариш ёфт ва ин барои мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои мо бо аҳли адаби Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон муосидат кард. Пештар низ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ба хусус, дар силсиласомонаҳои «Фейсбук» бо даҳҳо адибу шоир ва рӯзноманигори тоҷики берунмарзӣ, аз қабили Марямбонуи Фарғонӣ, Исфандиёри Назар, Абдуқодир Рустам, Шаҳзода Назарзода, Рустами Ваҳҳоб, Аъзам Ҳуҷаста, Равшнаи Махсумзод, Озарахш, Бобоҷон Шафеъ, Ҳабиб Саид, Нусратулло Бобоев, Иброҳимҷони Дӯсталзод, Бузургмеҳри Баҳодур, Одил Нозир, Толиби Луқмон, Сафар Абдураҳим «додугирифт»-и эҷодӣ доштам.
Пас аз боз гардидани сарҳадҳо робитаву ҳамкориҳо мустаҳкамтар шуд ва ҳини сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобистони соли 2021 ба амал омад, ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рафта, бо як гурӯҳ шоиру нависандагон, рӯзноманигорон, ихлосмандони адабиёт, аз ҷумла раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устод Низом Қосим, муовини раис, нависанда Равшани Махсумзод, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Парда Ҳабиб, адибон Салими Зарафшонфар, Сироҷиддин Икромӣ, Акбар Абдуллоҳ, Бузургмеҳри Тоҷиддин дидор дидем. Сӯҳбат бо устодони сухан, аҳли фарҳангу хирад хеле завқбахшу хотирмон буд.
– Китоб мехонед? Чӣ китоб?
– Албатта. Тавре ки ҳарфро наомӯхта, хонда наметавонем, китоб нахонда, ба фикрам эҷод кардан ғайриимкон аст. Ҳоло китоби “Омурзиш”-и адиби забардасти Фаронса Ги Де Мопассанро мехонам. Ин китоб дар тарҷумаи Азимқул Насимов рӯйи чоп омада, 27 ҳикояи адибро фаро гирифтааст.
– То ҳол чанд китобатон дастраси хонанда шудааст?
– Соли 2021 аввалин маҷмӯаи ҳикояҳоям бо номи “Шаби ялдо” рӯйи чоп омад. Соли ҷорӣ таҳти назари олими адабиётшинос, профессор Садрӣ Саъдиев китоберо бо номи “Ҳикмати зиндагӣ” чоп кардем. Дар он сухан дар бараи эҷоди яке аз олимони маърифатпарвари охири асри ХIХ ва нимаи аввали садаи ХХ, шоири зуллисонайни самарқандӣ Ориф Гулхании Самарқандӣ ва шеъри “Дунё гузарон аст”-и ӯ меравад. Инчунин, китоби дастҷамъии “Се барги сабз” дастраси хонандагон гардидааст.
Мусоҳиб
Раҳима БОБОЕВА.