Фаридуншоҳ Абдуллоев: Агар “Самаки айёр” 100 ҷилд мебуд, ҳамаашро ҷустуҷӯ карда мехондам

Фаридуншоҳ АбдуллоевҒолиби номинои эҷоди наср дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғ” байни донишҷӯён Фаридуншоҳ Абдуллоев, докторанти соли сеюми Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акадеимик Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ дар ин бахши сабқат сазовори ҷои сеюм гардид.

Фаридун соли дуюм аст дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғ” ширкат мекунад. Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида буд. Ӯ  5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе, 1 драма ва 1 повест ба доварон пешниҳод кардааст.

Тавсияҳои соли гузаштаи аъзои ҳакамони озмунро ба инобат гирифта, навиштаҳоямро таҳрир карда, драмаву эссеву ҳикояҳои нав эҷод намуда, бо омодагии бештар ва мутолиаи осори зиёдтар ба озмун омадам.

Дар назди Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад сухан гуфтан барояш бисёр душвор буд, вале чанд лаҳзаи аввал ҳамин гуна давом намуд. Сипас ҳамааш хуб шуд. Ҳайати дигари ҳакамон Шодӣ Раҷабзод, Матлубаи Ёрмирзо, Юнус Юсуфӣ, Баҳманёр ва Абдулҳамид Самад назари худро доир ба осри таълифнамудаи Фаридун иброз доштанд.

Ин устодони сухан тавсия доданд, ки ба забон ва тарзи баён бештар аҳамият бидиҳад, кӯшиш кунад ҷанбаи публитсистӣ дар асарҳои бадеӣ ворид нашавад ва ҳамчунин аз нақли зиёд худдорӣ кунад ва бештар тасвир кунад, худи амалҳо ба хонанда нишон диҳад, ки рафти воқеа чӣ гуна аст.

Фаридуншоҳ ҳанӯз дар замони мактабхонӣ ба нависандагӣ шуғл дошт, дар замони донишҷӯӣ дафтарҳои ёддошт дошт, он воқеаҳои хотирмоне, ки дар даври донишҷӯӣ рӯх медод,дар дафтари хотироташ менавишт. Ин кори ӯ то ҳол идома дорад. Ҳарчанд ҳоло ба фаъолияти корӣ низ машғул асту  ба гуфти худаш баъзан ҳафтае як бор сари дафтари ёддошт менишинад.

Ёддоштнависии донишҷӯӣ ӯро ба навиштан бештар водор кард. Замони донишҷӯӣ ҳикояҳо менавишт, ба назди устодон мебурд, ки бихонанду андешаҳову маслиҳатҳояшонро ба ӯ бигӯянд.

Ӯ  хушбахт аст, ки имсол аввалин ҳикояаш дар  шуомраи 43 –юми ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” нашр шуд ва ӯ умед дорад, ки нашри ин ҳикояаш роҳи ӯро ба нависнадагӣ васеъ менамояд.

Фаридуншоҳ Абдуллоев

Ҳамсуҳбатам нақша дорад пас аз озмун аз паи таҳия намудани маҷмуаи худ бишавад. То кунун нигоштаҳояш дар рӯзномаҳои маҳаллӣ чоп мешуданд.

Тӯли 2 соле, ки дар озмун иштирок мекунад, кушиш накард асарҳояшро дар маҷаллаҳо ба нашр бирасонад. Сабаб пурсидам.

– Зеро дар он ҷо дасти таҳрир меёбанд ва мумкин аст баъзе рақибон бигӯянд маводи пешниҳодкардаи ман таҳрир ёфтаанд ва мумкин аст шубҳаву гумонҳоро ба вуҷуд биёрад, – посух дод ӯ.

Ӯ хонандаи пайвастаи маҷаллаҳои адабист, аз ҷумла “Садои Шарқ”, “Адабиёт ва санъат”, “Паёми Суғд”. Тавре изҳор дошт кушиш мекунад, ки ҳар шумораи маҷаллаву рӯзномаҳоро мутолиа кунад ва аз набзи адабиёт дар ҷомеаи имрӯз бохабар бошад.

– Агар ҳар ҳафта фурсат наёбам, ҳар моҳ ба китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ рафта, дар шуъбаи матбуоти даврӣ бо маҷаллаҳои адабии кишвар ошно мешавам, гуфт Фаридуншоҳ.

Гарчанде ӯ ба нависандагӣ шуғл дорад, шеър нз мехонад, дафтарҳои шоҳбайт дорад ва дар саҳифаҳои иҷтимоӣ кушиш мекунад байтҳои хубро барои хонандагон гузорад.

Дар наср бештар Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо ва дигар нависандагони хуби адабиёти муосири тоҷик ва онҳоеро, ки дар айни замон ба корҳои эҷодӣ машғул ҳастанд,мутолиа мекунад.

– Насри ривоятии “Самаки айёр” ба ман писанд аст. Фикр мекунам ҳамин китоб буд, ки маро дар овони мактабхонӣ ба хонан бештар ҷалб намуд ва ман то як ҷилди онро пайдо кардан дар ҳаяҷон будам. Барои дастрас намуданаш мекӯшидам. Аз сабаби набудани китоб дар деҳа ҷилди 5-умро мехондам баъд ҷилди 3-ро, сипас ҷилди  2-ро. Ҳамин гуна шуд, ки ман хондани ин асарро аз ҷилди 7-ум оғоз кардам, ҷилди аввалро дар курси якуми донишҷӯӣ хондам.

Беҳад китоби ҷолиб аст, фикр мекунам ба ҳамин гуна зебоиву ширинӣ  ва эҳсоси аҷиб ман дигар китоб дарёфт накардам. Агар “Самаки айёр” 100 ҷилд мебуд, ҳамаашро ҷустуҷӯ мекардаму мехондам.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.