Фариштамоҳ Камолзода – ғолиби озмуни «Китобхони беҳтарини моҳ»

Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхона, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» маросими ҷамъбасти озмуни «Китобхони беҳтарини моҳ» барои моҳи июни соли 2026 баргузор гардид.
Маҳфилро ровии хушсухан Нозанини Шуҳрат ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Сипас барои супоридани сипосномаҳо ба иштирокчиёни фаъоли Телемости байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷанг. Ғалаба. Хотира» ва инчунин тақдими ифтихорнома ба ғолиби озмуни «Китобхони беҳтарини моҳ» муовини директори Китобхона, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сайфиддин Камолзода ба сухан даъват гардид.
Сайфиддин Камолзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки роҳбарияти олии кишвар ҳамеша ба рушди китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба гуфтаи ӯ, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ далели равшани ин сиёсати фарҳангпарварона мебошад. Ӯ инчунин қайд кард, ки шумораи иштирокчиёни ин озмунҳо сол ба сол афзоиш ёфта, шавқи ҷавонон ба мутолиа бештар мегардад.
Дар идома ба иштирокчиёни фаъоли Телемости байналмилалӣ – Ҳасанов Усмон, Ҳасанзода Саида, Назармамадова Ӯринисо, Ҳалимова Марям, Ҳакимов Абумуслим, Холмирзозода Марҷона, Қосимова Умеда, Гулмадова Ёсуман, Ашурзода Рухшона ва Абдуллоева Зуҳро, ки байни Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи шаҳри Пензаи Федератсияи Россия баргузор гардида буд, сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон ба ғолиби озмуни «Китобхони беҳтарини моҳ» барои моҳи июни соли 2026 – хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фариштамоҳ Камолзода ифтихорнома, нишони озмун ва туҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Ба ӯ барои фаъолияти минбаъда комёбиҳо ва муваффақиятҳои нав орзу гардид.
Сипас Нозанини Шуҳрат бо ғолиби озмун суҳбат анҷом дода, оид ба китобҳои дӯстдошта, меъёри мутолиа ва иштироки ӯ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ пурсон шуд. Фариштамоҳ Камолзода иброз дошт, ки бештар осори классикони адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла Саъдии Шерозӣ ва Камоли Хуҷандиро мутолиа мекунад. Ӯ барои тасдиқи гуфтаҳои худ аз ашъори ин бузургон порчаҳои дӯстдоштаашро қироат намуд.
Фариштамоҳ ҳамчунин изҳор дошт, ки имсол низ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош хоҳад кард.
Дар ин чорабинӣ модар, хоҳар ва омӯзгори ӯ низ ҳузур доштанд. Модараш қайд кард, ки Фариштамоҳ дар оила низ духтари масъулиятшинос буда, барои хоҳару бародаронаш намунаи ибрат аст. Омӯзгори ӯ Акрамзода Убайдулло бошад, сабру таҳаммул ва меҳнатдӯстии шогирдашро аз муҳимтарин хислатҳои ӯ арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки Фариштамоҳ дар оянда низ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад гардид.
Дар идомаи барнома сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Фаро-ат Толибова оид ба фаъолияти маҳфил ва дастовардҳои он сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, маҳфили «Китобхони беҳтарини моҳ» аз соли 2025 амал мекунад ва аз соли 2026 бо ташаббуси шуъба ба шакли маҳфил-озмун баргузор мегардад. Ин иқдом боиси афзоиши шумораи хонандагон, рушди шавқу рағбат ба китобхонӣ ва тақвияти ҳисси рақобати солим байни наврасони Китобхонаи миллӣ гардидааст.

Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки дар даври навбатӣ рақобат хеле ҷолиб ва шадид буд. Пас аз арзёбии шумораи китобҳои мутолиашуда ва суҳбат бо нависандаи кӯдакон Абдусаттори Раҳмон, Камолзода Фариштамоҳ бо мутолиаи 200 номгӯй асари гуногун ғолиби навбатии озмун эълон гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ Нозанини Шуҳрат ба ҳаводорони китобу китобхонӣ хотиррасон намуд, ки сабти пурраи ин маҳфил рӯзҳои наздик аз тариқи телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» пахш хоҳад шуд.
Инобат Бобоева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа