Фарзанди некбахт. Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар бораи Ҳаким Гӯё

Ҳаким Гўё (Мирзо Ғафурзода) яке аз шоирони тоҷик аст, ки бо услуби ба худ хос ба майдони адабиёт ворид гардидааст. Дар шеъри муосири тоҷик рўҳияи ватанпарастию инсондўстӣ, миллатшиносию забондориро ҳидоят намудааст. Шеърҳои офаридаи ў аз дониши хуб, эҳсоси баланди шоирӣ, маҳорати хуби тасвирсозӣ ва ҷаҳонбинии фарохи ў шаҳодати хуби тасвирсозӣ ва ҷаҳонбинии фарохи ў шаҳодат медиҳад. Шоир донандаи таъриху фарҳанг ва фалсафаю тамаддуни миллати тоҷик мебошад, ки шеърҳояш далели он мебошанд.
Тоҷдорам, тоҷдорам, тоҷикам,
Аз ниёгон ёдгорам, тоҷикам.
Чун Зарафшонам чу фарҳангам равон,
То Бухоро раҳсипорам, тоҷикам.
Медурахшад шамъи дониш то абад
Дар замири нурборам, тоҷикам.
Бўи шеъри Рўдакӣ дар ҳарфи ман,
Бошад ин авҷу барорам, тоҷикам,
Дардмандонро шифо бинмудаам,
Ибни Сино ифтихорам, тоҷикам.
Фахр месозам ба номи миллатам,
Оли Сомонро таборам, тоҷикам.
Дар эҷодиёти Ҳаким Гўё васфи гўшаву канорҳои гуногуни тарабафзои ватани ҳамешабаҳораш Тоҷикистони азиз, хушиҳои дунёи материалӣ, сулҳу ваҳдат, ишқу муҳаббати поки инсонҳо, ростӣ, фидокорӣ, инсондўстӣ, адлу инсоф ва панду ҳикматҳо мавқеи асосиро ишғол мекунад. Чунончи:
Хоки Ватан аст симу зари мову шумо,
Кӯҳҳош баландии сари мову шумо.
Шукрона ба обу хоки ин мулки куҳан,
Бошад Маҳу Меҳру ахтари мову шумо.
****
Ин равза, ки ном Тоҷикистон дорад,
Хушбоду ҳавост, бўи райҳон дорад.
Хокаш намакин аст ба он лаззати ком,
Мардони бузурги сахтпаймон дорад
Ба фикри ў бо захмат ва мардонагӣ ба даст овардани дониш, каст, пойдор сохтани оилаи хуб, тарбияи хуби фарзандон худ давлат аст. Осоиш ва некномӣ аз ҳама чиз авлотар мебошад. Ва мегўяд: «Касе бо мақсади пок мубориза мебарад, иншоаллоҳ сазовори ғалаба хоҳад шуд»
Бар нокасони зиндагӣ нокарда хам сарам,
Нокарда ман умед зи ғамхори зиндагӣ,
Бо ақлу ҳуши содаи худ мекашам қалам,
Ашъори ман бувад ҳаме ашъори зиндагӣ.
****
Ман шоирам ба шеъру бо дуруди худ,
Ман ҳофизам ба нағмаву савту суруди худ.
Мефахрам аз ту ман ҳаме, эй миллати бузург,
Ман як табиби ҳозиқам бо тору пуди худ.
Ҳаким Гўё чун вориси касби Сино табиби ҳозиқ ва олими ихтироъкори соҳаи тиб мебошад. Ногуфта намонад, ки ў ҳофизи хушовоз ва оҳангсози хуб низ мебошад, ки сабтҳои шеърхояш дар фонди телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон шунавонида мешаванд.
Соли 2005 муносибати иди табибон ва 1025-солагии ҷашни Абуалӣ ибни Сино дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои мухлисон консерти ҷолиб пешниҳод кардааст.
Шеърҳои ў дилчаспу латиф, равон, фаҳмо ва бо маҳорати устодона сароида шудаанд. Яке аз сабабҳои мақбули хонандагон гардидани эҷодиёти Ҳаким Гўё тозаэҷодии ў мебошад. Бесабаб нест, ки услуби нави устод диққати бисёр адибону хонандагонро ба худ ҷалб намудааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар шеъри Ҳаким Гўё гуфтаҳои дар боло зикршуда бо ҳолати рўҳӣ, ҳиссиёт ва ҳаяҷони шоир муносибат дорад.
Забони модарии ман худодод аст.
Забони илму фан, эъҷозу эҷод аст.
Ба гуфтори забони тоҷикӣ мирам.
Аз он ки шеваи шевои аҷдод аст.
****
Ваҳдат чӣ бувад, агар ки пурсанд,
Як мушт ба ҳам фишурда ангушт.
Пайвастани дил суруди миллат,
Эҳёи Аҷам зи пушт то пушт.
Аз ин навигариҳои дар мазмун, услуб ва тарзи баёни шеър бавуҷудомадаи шоир Ҳаким Гўёро равшан намоем ва ба ин восита мавқеи шеърҳои ўро дар назми тоҷик таъйин намоем.
Мисраъҳои Шайх Саъдиро ба шоир мебахшам:
Ҷаҳон бар об ниҳодасту зиндагӣ бар бод,
Ғуломи ҳиммати онам, ки дил бар ў нанҳод.
Ту он бародари соҳибдилӣ, ки модари даҳр
Ба солҳо чу ту фарзанди некбахт назод.
Ҳакназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон
Ин сарсухани Шоири халқии Тоҷикитсон устод Ҳақназар Ғоиб ба китоби “Шабҳои Душанбе”-и шоири тоҷик Ҳаким Гӯёст, ки соли 2016 чоп шудааст. Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.