Фарзона Мирзоева: На танҳо сафирон, балки Вазирони умури хориҷаи кишварҳо низ аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд”

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти худро дар асоси Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қарору супоришхои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» амалӣ менамояд. Шуъба тибқи воҳиди корӣ аз 5 нафар корманд иборат мебошад. Фаъолияти он яке аз самтҳои асосии кори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои дар сатҳи байналмилалӣ боло бурдани мақом, нуфуз ва таҳкими ҳамкории фаъолияти китобдории муосири ҷаҳонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон равона карда шудааст. Аз ҷумла: омўзиш ва таҳлили рушди ояндаи соҳаи китобдорӣ аз дигар китобхонаҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон; омўзиш ва пешниҳоди роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи фаъолияти китобдории китобхона; иштирок дар семинарҳо ва конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ барои рушди ояндаи фаъолияти китобдорӣ.

 Вазифаҳои асосии шуъба аз тартиб додани нақшаҳои умумии кори солона ва омода намудани ҳисоботи иҷроиши он, гирдоварӣ ва таҳлили фаъолияти байналмилалии дигар шуъбаҳои Китобхона, ширкати фаъолона дар корҳои созмонҳои байналмилалии касбӣ, таъмини иштироки Китобхона дар муҳимтарин лоиҳаҳои байнамилалӣ, махсусан барои таъсиси китобхонаҳои электронӣ, ташкил ва иштироки Китобхона дар таҳлил ва амалисозии барномаҳои байнидавлатии соҳаи китобдорӣ ва ғайра иборат мебошад.

Дар бораи даҳ соли фаъолияти Шуъба суҳбате доштем бо сардори он Фарзона Мирзоева.

Тўли даҳ соли фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид ва онҳо чӣ натиҷа доданд?

Дар давоми 10 соли фаъолияти корӣ бо ибтикори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 18 (ҳаждаҳ) санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷумла, аз кишварҳои Федератсияи Русия, Корея, Чин, Фаронса, Чехия, Миср, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ўзбекистон ва ғайра ба имзо расидааст, ки имрўз тибқи бандҳо ва моддаҳои ҳар як аз ин санадҳо мо ҳамкорӣ дорем. Феълан, Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Туркия, Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Фаронса дар ҷараёни баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ қарор дорад.

Эҳсос мешавад, ки чун намояндагони кишварҳои худ бештар Сафирони мамолики хориҷӣ ба Китобхона ташриф меоранд. Дар ин бора чанд сухан мегуфтед?

– Оре, дуруст қайд кардед. Сафирон намояндагону фиристодагони кишварҳои худанд ва ҳар ҷо эъзом мешаванд, бояд дар густариши равобити фарҳангиву иқтисодии байни кишварҳо талош кунанд. Онҳо ба намояндагӣ аз мамолики худ метавонанд бо диду боздиду суҳбатҳо ҳамкориҳои ояндаро тарроҳӣ намоянд ва ё ҳамкориҳои мавҷударо таҳким бахшанд. Ва дар ин даҳ соли охир на танҳо сафирон, балки дигар дипломатҳои баландпоя, ҳатто вазирони умури хориҷии давлатҳо низ ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда буданд. Аз ҷумла, дар ин солҳо Директори илмии Китобхонаи БУЛАК-и Фаронса Франсиз Ришар, Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирораҳмад Усмонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Судон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қатар Алӣ бин Муборак Алмуҳаннадӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Киоко Накаяма,  Сафири Фавқулода ва Мухтори шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Абдулазиз ал – Бодӣ,  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гасан Мамадзода,  Сафири Қирғизистон дар Тоҷикикистон Рустенбеков Джаныш Султанкулович, Сафири Фавқулода ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар шаҳри Нур – Султон) ҷаноби Раҳмат Прамоно, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби В.Н.Серватюк (ду маротиба) ва дигарон аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд.

Аз аввали моҳи январи соли равон Сафирони Фавқулода ва Мухтори кишварҳои Эрон, Беларус, Туркия, Корея, Индонезия аз КМТ боздид ба амал оварданд.

– Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо чанд китобхонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад?

 Китобхонаи миллӣ бо беш аз 24 давлатҳои ҷаҳон мубодилаи байналмилиалии китобро ба роҳ мондааст. Айни замон дар фонди мубодилаи байналмилиаллии китоб 2004 нусха адабиёт ҷамъоаварӣ карда шудаанд.

 – Вобаста ба самти фаъолиятатон чӣ гуна чорабиниҳо ташкил менамоед? 

Вобаста ба самти фаъолиятамон дар китобхона конфронсу чорабиниҳои хеле хубу хотирмоне доир гардида буд. Масалан, соле қабл дар таърихи 25-уми феврали соли 2021  бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Украина дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ ба муносибати 150-солагии гиромидошти нависанда, тарҷумон ва адиби шинохта, Леся Украинка як ҳамоиши хотирмон баргузор гардид. Дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Серватюк В. Н., ҳамчунон  Сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Олмон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, намояндаи Созмони Амният ва ҳамкориҳои Аврупо, намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Туркманистон намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, хабарнигорон ширкат варзиданд. Ва ё конфронси байналмилалии китобдорон, ки моҳи сентябри соли 2021 таҳти унвони “Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд дар доираи эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021” доир шуд, ки хеле муфид ва хотирмон буд. Дар ин конфронс мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо ва китобдорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Белорусия, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти конфронс ду санади ҳамкорӣ “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ўзбекистон ба номи Алишер Навоӣ” ва “Созишномаи ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии федералии буҷавии фарҳанги “Китобхонаи давлатии умумиросиягии адабиёти хориҷии ба номи М.И. Рудомино” ба имзо расиданд.

Маврид ба таъкид медонам, ки тибқи банди 4 – нақшаи кории Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир ба иҷрои нишондоди Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барои соли 2022 дар моҳи сентябри соли равон баргузории конфронси байналмилалӣ бахшида ба 815 – солагии мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҳти унвони “Мавлоно муршиди ваҳдат ва гуфтугўи тамаддунҳо” дар ҳамбастагӣ бо Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (Ҷамъияти дўстии Тоҷикистон – Туркия) дар назар аст.

-Дар бораи Гўшаҳои фарҳангие, ки дар назди Китобхона амал мекунанд, маълумот медодед.

Айни ҳол, дар назди шуъба ду Гўша (марказҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ) аз ҷумла, Гўшаи Чин ва Гўшаи Кореяи Ҷанубӣ ҳисоботдиҳанда мебошанд, ки фаъолияти худро дар асоси Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхона ва Намояндагиҳои дипломатии ин кишварҳо дар Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Дар ин Гўшаҳо омўзиши забонҳо ба таври шартномаӣ ба роҳ монда шудааст.

То ҷойе медонам, рисолаи номзадии худро ҳимоя кардед. Ин чӣ мушкилӣ дошт? Барои як зане, ки кор мекунад, оиладор аст, навиштани рисолаи илмӣ то куҷо имкон дорад?

– Аллакай аз ҳимояи кори илмии банда дувуним сол сипарӣ гардид. Ҳимоя намудану номзади илм шудан роҳи бениҳоят пурпечутоб дорад. Ҳар он нафаре, ки ин ҷодаро тай намудааст медонад, чӣ сон мушкилу мураккаб аст. Кор то ҳимоя шудану тасдиқ гардидан тай намудани якчанд зинаҳои пай дар пайро талаб мекунад. Агар кори илмӣ навиштану то ҳимоя расидан осон мебуд, ҳама ин пайраҳаро тай мекарданд. Агар барои ҷинси мард доштани унвони илмӣ ифтихор бошад, барои бону – зан  ин як қаҳрамонӣ аст. Зеро  масъулияти зани оиладор дар хона бештар аст. Ба ҳар ҳол, гумон мекунам,  агар ҳар як фард кӯшиш кунад, ба ҳамаи дастовардҳо ноил гардиданаш мумкин аст. Ин аз хоҳиш ва талоши ҳар нафар вобаста мебошад.

Дар фаъолияти минбаъдаатон ба шумо барору комёбӣ таманно дорем!

Саломату сарбаланд бошед!

 Суҳбати Шаҳодат Давлатова.