Фарзона. Номаи эъҷоз. Ба истиқболи 80-солагии устод Лоиқ

 

Дар дунё мафоҳиме ҳастанд, ки мӯҳлати ҳаёташон барои ҳамеша тамдид шудааст ва офтобу моҳу осмону замину кӯҳу дарё ва аносире амсоли ин дар ҳамин шуморанд. Дар миёни ин ҳамешатаринон, бо он ки умри ҷисмашон сипарӣ гаштааст, бузургони олам низ қарор доранд, ки бо осору афкори беғуруби худ ҳамраҳи имрӯзиёну фардоиён ба зиндагӣ идома мебахшанд. Замоне, чун ба бузургону саромадону сарҷаридагони шеъри Аҷам меандешидем, бо ном бурдани чанд пешвои муаззам аз Одамушшуаро Рӯдакӣ то Аллома Иқболи Лоҳурӣ иктифо мекардем. Ҳоло дар ин ҷадвали муборак исми хуҷастаи нобиғагони ҳамрӯзгори мо низ сабт шудааст, ки устод Лоиқ Шералӣ “чун ёқути сурх дар миёна” аст.

Шеъри устод Лоиқ бо тозакории бешабоҳати сувариву ҷавҳарӣ, бо растохезҳои пиндору андеша, бо суннатгароиву суннатшиканиҳои диловарона, бо ишқу ормону башорату иршодҳои шоиронаву ошиқона, бо ҷазаботи инсониву кайҳонӣ, бо пояҳову мояҳои милливу башарӣ – бо рӯҳи фотеҳи офоқгираш дили мову шуморо фатҳ кардааст. Шоирони донишвару рамзошно кам нестанд, аммо “маҳбубият” ҷоизаест, ки воҳидеро аз ҳазорон насиб меояд. Яке қабули хос асту дигаре қабули ом ва кам иттифоқ меафтад, ки нафари офтобишамъе аз фарш то арш ҳамаро мунаввару мусаххар созад. Устод Лоиқ ҳамон падидаи истисноист, ки бо рабоиши бузурги инсониву шоириаш дилҳои ҳамагонро дар инҳисори муҳаббат нигоҳ медорад. Ончунон нигоҳ медорад, ки баъди ин ҳама соли даргузашташ низ халқи шоиршинос бо таъбири ҳазрати Ҳофиз дили худро  саропардаи муҳаббат ва дидаашро ойинадори талъати ӯ медонад.

Устод Лоиқ риндтарину порсотарин, мағруртарину ботавозӯътарин, миллитарину ҷаҳонитарин, куҳанпазиртарину навгаротарин, собиттарину тундмаҷротарин, хештарину ошнотарин, имрӯзитарину фардотарин Шоири аҷам аст, ки тоза ба тоза, нав ба нав ба мову шумо дуруд мегӯяд. Устод Лоиқ (дар назари ман) девони пирӣ надорад, ҳамаи офаридаҳои ӯ девони ҷовидони ҷавонист, ки ба ҷонҳои пазирандаи мо башорати ҷовидонии ишқ мебахшад.

Ӯ дар тамоми жанрҳову шаклҳои куҳану нави шеър тозакориву ибдоъ кардааст. Ба ташрифи устод Лоиқ ба қаламрави сухан ғазал комилан дигаргуна шуд, рубоиву дубайтӣ ҳам, шеъри чаҳорпора ҳам, фард ҳам. Қасида бо дӯшбори дигар ба зиндагии мо омад, шеъри сафед дар коргоҳи таҷриба дар ҳоли озмоиш қарор гирифт, шеъри нимоӣ нашъунамои беқиёс ёфт. Аммо ҳолиё дар ин оғознома мову шумо ба сарнавишти ғазал меандешем.

Ғазал ҳанӯз мезист. Дар охири солҳои панҷоҳуму оғози солиёни шастуми садаи бист ҳам бо азият мезист мисли дарахти ҳазорсолае, ки баъди таҷаммулу рифъати дӯшин, инак, ҳар сулулаш зиндагиро падруд гуфтааст ва дубора маҷоли ба фарвардин пайвастану ҷавона бастан надорад. Лоҳутӣ даргузашта буд ва касе ғазалҳои лоҳутӣ намесуруд. Ғазал чун таҳмондаи зиндагии кӯҳна гӯё ҳукми эъдом гирифта буду ба самти нестӣ сафар мекард. Гӯё бо рафтани Мавлонову Саъдиву Ҳофизу Камолу Ҷомиву Бедилу пешкорони дигар зиндагонии ғазал низ хотима ёфт. Воқеан, ғазал, ки мисли мусиқии офтоб бо пайки афифи осмонияш даҳ қарни мозиро афрӯхта буд ва ҳолиё низ дар кишварҳои ҳамзабон рисолати беғуруб дошт, барои иншову ифшои ормонҳои сусиёлистӣ носозгор монд. Шояд барои он ки оғӯши ғазал пур аз гулу булбулу шамъу парвонаву тубову сабову ғизолони раънову шаробу соқӣ буд. Ҳатто шоири навгарову навсарое чун устод Лоҳутӣ барои бозгӯи дардҳои иҷтимоъ гоҳе булбулу парвонаи қадимро ба ёрӣ мехонд:

Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад,

Ғамамро булбуле, к-овора шуд аз лона, медонад.

Оби бақое мебоист, ки дар решаву бунёди ғазал мерехтанду ин пири беояндаро ҷавониву барозидагӣ мебахшиданд. Ва дар ҳамон рӯзгор садои ҷавони бистудусолае, ки фатвои азизони ҳазорсоларо гирифта буд, дили ниммурдаи ғазалро чун дили ғофили ҳамзамононаш ба тапиш овард:

Гар ба овози дили ман ту ҳамовоз шавӣ,

Гар ба оҳанги вафо замзамапардоз шавӣ,

Дасти ман гириву бар ҷониби оянда равӣ,

Садди чинӣ шиканӣ, соҳири мумтоз шавӣ.

Чун гияҳ ишқи ман аз ноз гияҳмол накун,

То маро ҳамқалами номаи эъҷоз шавӣ.

Лоиқ аз ишқи ту парвард дили чун шаҳбоз,

Бо умеде, ки ту ҳам ҳампари шаҳбоз шавӣ.

Лоиқ Шералӣ – ин ҳампари шаҳбозу соҳири мумтозу ошиқи замзамапардоз нахустин ғазалашро чун рисолатномаи шоирӣ ба имрӯзиён боз намуд: яъне дасти шеърро гирифтану ба фардо бурдан! Шеърро, ки мисли тифли домансавор аст ё пири бемадор. Ва ин ҷавони диловари наворзу пайки ростон буд, ки аз рафтаҳову ояндаҳо хатти эъҷоз овардааст.

Мисли Масеҳо, ки бо дуъои Исми аъзам мурдаҳоро зинда мекард, устод Лоиқ низ бар қолаби беравони ғазал ҷони рамидаро боз овард. Ин таҷаддуд чӣ сон муяссар шуд? Устод Лоиқ аз пайи муршидаш устод Мӯъмин Қаноат бо нахустин таронаҳояш маҷрои шеъри муосирро, ки бо шеваи мутантан ва рӯҳи пурсурури мавсимиву тақвимӣ мавҷгардон буду гоҳе таназзулро пешравӣ мепиндошт, ба самти ростин гардиш дод. Ҳодии иршоди ӯ ба ҷуз устодон Турсунзодаву Қаноат, Мавлонову Хайёму Саъдиву Ҳофизу Соибу Иқболу дигар ниёгони қибланамо буданд. Аз паси симхорҳову садду сарҳадҳо ӯ паёми ошнои Маликушшуаро Баҳору Нодирпуру Ахавони Солису Халилуллоҳи Халилиро низ мешунид. Яъне устод Лоиқ аз рӯзгори Рӯдакӣ то имрӯз дар ҷуғрофиёи бузурги шеъри форсӣ сайру сулук мекарду ҳамзамон ашъори Ҳутеву Ҳейне, Пабло Нерудаву Есенинро низ барои ҳамватанон тарҷума менамуд. Ӯ алифбои ниёгонро нек омӯхта буд ва он қадар шеър аз бар кард, ки кам касеро ҳамсабқатии ӯ муяссар мешуд. Ӯ ончунон фарҳангҳои мӯҳташами қадиму ҷадидро фаро гирифта буд, ки худаш низ дар чашми муосирон чун қомуси бузурги забони тоҷикӣ боазамат гардид. Ӯ калимоти нодиреро, ки дар фарҳангҳо кампайдо буд, дар лаҳза тавзеҳ медод ва бурҳон меовард. Забони зиндаи халқро, ки ганҷи шойгон аст, бо муҳаббати азим меандӯхт ва чун ганҷури ин хизона калимоти хушояндро ба қаламрави шеър мебурд. Ӯ он қадар дубайтиву рубоиву таронаҳои халқро ҳифз карда буд, ки шумор надошт мисли баргҳои дарахту қатраҳои дарё. Аммо фақат бо ҳамин фазоил намешавад фатҳи дилҳо намуд. Устод Лоиқ шоири фитративу ҷавҳариву зотӣ буд, ки бо шӯру ҷунуну тӯфону туғёнҳои гармҷӯшу поксурӯшаш, бо каломи содаи бепечу хаму безинату бепирояву бемаҷозу истиорааш мисли нигоҳи тифл, нигоҳи дарё, нигоҳи осмон ҳамаро тасхир кард. Илми ладунниву пайки ғайбу илҳоми шуҳудиву фитрати ҷибиллӣ раҳкушояш буданд, ки ӯро ҳамеша ба арсаи ибтикору тозакориву навиву ибдоъ мехонданд. Бо ин содагӣ сухан гуфтану андешаҳои муаззаму мӯҳташамро оинадорӣ кардан кори сода набуд. Мо муродиф омадани бузургиву содагиро дар сурудаҳои ӯ айни эъҷоз мешуморем. Аммо ин ҳама ҳам кофӣ нест барои дилёбиву маҳбубӣ. Чунон ки ҷони ҷаҳон ишқ аст, ҷони сухан ҳам ишқ аст. Ишқу самимияти одамрабои устод Лоиқ, ки аз роиҳаи домони модару ҳар қатраи оби чашмаи Нийяту ҳар пораи санги кӯҳи Чилмеҳроб оғоз ёфта буд, ончунон густарда шуд, ки тамоми Тоҷикистону Эрону Аврупову Африқову ҳама ҷо, ҳама ҷоро фаро гирифт. Ва ҳамин ишқ ӯро маҳбубияти ҷовидона дод. Ҳамин ишқи осмонмасоҳат ғазалҳои ӯро зинда кард, дубайтиву рубоиҳои ӯро чун бӯи мушк дар назду дур пароканд, тамоми ашъори ӯро тапиши сабзи зиндагӣ бахшид, дилу нигоҳи ӯро дурпаймову нурпаймо намуд:

Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.

Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Ин ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Устод Лоиқ, ки, бешак, сарҷаридаи ғазали имрӯз аст, қариб ҳазор ғазалро мавзун намудааст. Теъдоди ғазалҳои марҳалаи аввал, ки то солҳои 80-ум сурудааст, бисёр нест ва мӯҳтавои онҳо нахустбардоштҳое аз зиндагӣ ва ангезаҳои ишқу ҷавониву парвозҳои зебоянд:

Боз ошиқ шаваму зиндагӣ аз сар гирам,
Раҳи дерин бигузорам, раҳи дигар гирам.

Боз як бори дигар тозаҷавонӣ бикунам,
Баҳри ҷонон зи фалак лолаи ахтар гирам.

Аз солҳои 80-ум то оғози ҷанги дохилӣ ғазалҳои устод Лоиқ аз офтоби фалсафаву ирфону ҳикмат шаъшаа ёфтаанд ва афкору пиндорҳои олии шоири воломанишро маҳмилкашӣ кардаанд:

Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам,
Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам.

Дарахте бишканад, гӯӣ миёнам бишканад, эй дод,
Чу фикре барғалат бошад, шавад афгор афкорам.

Ғазалҳои охирини ӯ, ки аз соли 1992 шурӯъ мешаванд, номаи дарду ормону сӯгҳову сӯзҳои нотамоми ӯст ба номи мову шумо – инсонҳои имрӯзу фардо, ба кабиру сағири ин кишвари захмдида, ба равшанинисорону зулматтаборон, ба созандагону барозандагон, ба бефарону фарҳехтагони Ватан, ба муршидони тамаддунофаре, ки ин миллати бузургро пайваста ба мақоми саломат мебаранд:

Раҳми Парвардагори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Ибтикори устод Лоиқ на дар авзону буҳуру радифу қавофиву дигар аносири зоҳирӣ, балки дар навии нигоҳу пиндору афкор ва маъниву ҷавҳару мояву лояи ғазал аст. Чун ғазал аз ду лояи муҳим – забон ва андеша иморат мешавад, тозакории устод Лоиқ дар ҳамин заминаи бунёдӣ дурахшон аст. Ӯ маъмултарин баҳрҳои вазни арӯзро истифода мекунад ва дар инҳисори ғазал рӯшантарин ҳуруферо мегӯяд, ки ҳамеша медонистему ҳеҷ гоҳ намедонистем. Яъне ин ҳама ҳолот ба мо ошно буд, аммо, намедонистем, ки онро мешавад чунин зебо забон бахшиду мусаввар кард. Устод Лоиқ бо сабки хуросонӣ месарояд бо шеваи Рӯдакиву Фирдавсиву Фаррухиву Анварӣ ва раҳораҳ тапишу ҷунуни Мавлонову ҳикмату шаҳомати Ҳофизро, ки гулбонги паҳлавию мақомоти маънавияшон садои дили инсони имрӯз ҳам ҳаст, дармеёбад. Ӯ ҳаргиз кӯшиши офаридани ғазалҳои «модерн» накардааст, зеро бо тамоми таҷрибаозмоиву тозаписандӣ эҳсос намудааст, ки ғазалҳои неоклассикиву навшамоил ба табиат ва бунияти хонандаи муосир зуд ошно нахоҳад шуд ва чун падидаи булъаҷаб ба сиришти ӯ бегонаву номаҳрам хоҳад монд. Ғазали устод Лоиқ рисолати бисёр васеъ дорад, ки ба завқҳои осмониву заминӣ, ба манзарҳои хоссу ом, ба дилҳои хурду бузург баробар хидмат мекунад. Ҳар толибе аз бори ин дарахт ширинком мешавад, зеро меваҳои шаккаровез дар фарози шохсор ҳам мунавваранду дар замин ҳам рехтаанд. Зуҳури чунин ашъору чунин шоирони бузургмасоҳат зарурати таъриху армуғони тақдир аст, ки рӯҳонияти кулли ҷомеаро сууд диҳанд, вагарна рисолати шоирони аршисухану хоспарвар маҳдуду масдуд аст.

Устод Лоиқ, ки бо ҷаҳоншиносӣ, инсоншиносиву забоншиносии мушаххаси худ қитъакушоеро мемонд, дар нашъату нузҳати забони адабии имрӯз низ парчамафроз аст. Ӯ аз истифодаи фаровони калимоти ғайритоҷикиву бегонаасл парҳезгорӣ менамуд ва бо эҳтиёт калимоти қадими тоҷикиро зинда месохт мисли гӯрӣ, пижвок, ниҳеб, гулпиро, забола, кинатӯз, барзан, ҳолгардон, айдун, шеравжан, зарабон, сарбузург, сарвода, патёра, нак, ниҳолӣ, чакод, анбоз ва ғайра, ки зуд дар забонҳо менишастанду имрӯзин мешуданд. Устод бо эҳтирому эҳтиёти бештар вожаҳову таркибҳои шодоберо аз забони зиндаи халқ ба матну батни ғазал медаровард ҳамчун шириншамоил, аҷалгиёҳ, дӯлобӣ, сагманаҳ, чахмохсанг, одамқимоб, ҷойгаштак, пӯстғафс, пӯстак, сустаку мустак, лак-лак, хода, дидор дар қиёмат, наҳ задан, дӯғ задан… Ва дар баробари ин бо нерӯи халлоқӣ вожагони нав меофарид амсоли хоҷадавлат,  худбудагӣ, чашмобдеҳ, зарлавҳ, бехурӯсӣ, батарҳол, нарговдӯш, золигарӣ, шӯрчашм, ошнорӯ, ҷанозафурӯш ва ғайра, ки хосси ҳар шоири соҳибсабку соҳибмактаб аст.

Пайдост, ки ҳар нухбаву нобиғае дар баробари сарбузургу пешгоми ҳунар буданаш пешвову фардонамои кулли инсонҳост. Устод Лоиқ бо шахсият ва ҳайсияти боазамату шукӯҳмандаш миллати моро иззату шараф ва ному давом бахшид. Чунон ки баъди ҳазору чанд соли даргузашти Одамушшуаро Рӯдакӣ пасовандони аслбохтае ҷурми ӯро мешумаранду ӯро барои шоири дарбор буданаш накӯҳиш мекунанд ва ашъорашро ибтидоӣ талаққӣ менамоянд, чунон ки инкорҷӯёне Хайёмро майхораву Атторро беқайду хилофандеш, Низомиро ботилақоид мепиндоранд, мумкин аст, ки имрӯзиёну фардоиёни ғафлатпаноҳе ба бузургии устод Лоиқ ҳам хати бутлон задан хоҳанд, аммо он муддаиён дигар аз ин муҳосираи қавӣ раҳоӣ надоранд: Зеро кӯдакашон ҳам дар гаҳвора сурудаҳои Лоиқро тараннум мекунад, ровӣ ҳам дар симо чакомаҳои Лоиқро мехонад, дар родиои автобусу таксӣ ҳам таронаҳои устод фазоро фатҳ месозад, дар ҷашну суру зодрӯзашон ҳам соқиён шеъри устодро мегӯянд, дар кӯчаҳо ҳам қадам ба қадам шиору овезаҳое бо матни устод медурахшанд. Аслан инкори бузургон шеваи «бузургманишон»-и муҳаққар аст, ки бетардид ба нокомӣ меанҷомад. Аммо устод Лоиқ бо нубуғи беғурубаш фориғ аз ин қилу қол дар чакодҳои сухан ошён ниҳодааст ва ҳамеша уруҷ мекунад ба фарозҳои зебои номусаххар, ба қуллаҳои мағрури хуршедкулоҳ, ба имрӯзҳои фурӯзонфару ояндаҳои шодигустар, ба баландии рӯҳи инсонҳо. Ва аз ҳамон минбари офтобӣ нидои поки ӯ имрӯзу ҳамеша табли бедорӣ хоҳад зад:

Ман он наям, ки бим зи рӯзи аҷал кунам,
Ё шиква аз муаллифи нақши азал кунам.

То сафҳаи замона зи номам тиҳӣ шавад,
Як сафҳаи замонаро пур аз ғазал кунам.

Фарзона
Шоири халқии Тоҷикистон