«Фауст» – шоҳкории безаволи адабиёти ҷаҳон дар ганҷинаи шуъбаи депозитарӣ

Дар ганҷинаи нодири шуъбаи депозитарии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нусха китобҳои арзишманду нодир нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо бахше аз таърихи тамаддуни башарро дар худ таҷассум менамоянд. Дар миёни ин мероси гаронбаҳо ҷойгоҳи махсусро нусхаи аслии асари безаволи «Фауст»-и Иоҳан Волфанг фон Гёте яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии Олмон ва фарҳанги умумибашарӣ ишғол мекунад.
Иоҳан Волфанг фон Гёте дар шаҳри Франк-фурт-на-Майн ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ ба омӯзиши забонҳои қадим ва нав, ҳуқуқ, фалсафа,таърих, адабиёт ва илмҳои табиатштносӣ машғул гардид. Гёте на танҳо шоир ва нависандаи барҷаста, балки мутафаккир, драматург, ходими давлатӣ ва яке аз асосгузорони адабиёти классикии Олмон ба шумор меравад. Осори Гёте саршор аз андешаҳои фалсафӣ, инсонгароӣ ва ахлоқи буда, дар онҳо масъалаҳои маърифати инсон, озодии андеша, ҷустуҷӯи ҳақиқат, масъулияти шахсият ва муборизаи ҳамешагии некиву бадӣ мавқеъи марказӣ доранд. Маҳз ҳамин хусусиятҳо осори ӯро ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳон табдил додаанд.

Аз ҷумлаи маъруфтарини асарҳои ӯ романҳои “Азобҳои Вертери ҷавон”, “Солҳои шогирдии Вилҳелм Майстер”, асарҳои назмии “Девони ғарбию шарқӣ”, инчунин фоҷиаи безаволи “Фауст”мебошанд. Махсусан “Фауст” баландтарин қуллаи эҷодиёти Гёте маҳсуб ёфта, муаллиф беш аз шаст сол барои офаридани он заҳмат кашидааст. Ин асар имрӯз ҳамчун яке аз шоҳкорҳои бузургтарини адабиёти ҷаҳон эътироф гардидааст. Осори ӯ дар рушди адабиёти ҷаҳон таъсири амиқ гузошта, имрӯз низ ҳамчун намунаи олии тафаккури инсонгароёна, озодандешӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор дорад.
Нусхаи аслии «Фауст», ки дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад, соли 1899 ба табъ расидааст. Достон аз ҷониби шоири машҳури руси Александр Фет аз олмонӣ ба русӣ баргардон шудааст. Ду қисми ин шоҳкори Гёте дар як ҷилди бузург ҷо дода шудааст. Ин китоб бо андозаи азим ва тарҳи нотакрораш аз дигар китобҳои фонд фарқ мекунад.
Вазни он тақрибан 10 килограмм буда, баландиаш 44 сантиметр ва бараш 34 сантиметр мебошад. Аз ин рӯ, он калонтарин китоби Шуъбаи депозитарӣ ба ҳисоб меравад.
Ин нусха на танҳо бо мазмуни пурғановати худ, балки бо шакли нашр ва арзиши таърихиву фарҳангиаш низ аҳаммияти бузург дорад. Ҳар як саҳифаи он намунаи баланди санъати китобороии охири асри XIX буда, барои муҳаққиқон ва дӯстдорони китоб манбаи муҳими омӯзиш ба шумор меравад. Ин китоби ҳаҷман бузург бо наққошиҳои ба мазмуни асар мувофиқ оро дода шудааст.
Ҳамасола меҳмонони воломақом, олимон, муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ, донишҷӯён, сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ҳангоми боздид аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳатман аз шуъбаи депозитарӣ низ дидан мекунанд. Дар байни тамоми китобҳои нодири шуъба маҳз китоби «Фауст» бештар диққати онҳоро ба худ ҷалб менамояд.

Андозаи бузург ва вазни ғайриоддии он боиси ҳайрату таваҷҷуҳи меҳмонон гардида, бисёре аз онҳо онро бо эҳтиёт бардошта, вазни китобро эҳсос мекунанд ва аз ҳунари баланди китобсозони он давра ба ваҷд меоянд.
Мавҷудияти чунин осори нодир дар фонди Шуъбаи депозитарӣ аз ғановати мероси фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз саҳми он дар ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои гаронбаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳад. Ин китоб на танҳо мероси адабии миллати Олмон, балки сарвати фарҳангии тамоми инсоният ба шумор рафта, нигоҳдории он дар фонди Китобхонаи миллӣ барои наслҳои имрӯз ва фардо аҳаммияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад.
Шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамаи дӯстдорони китоб, муҳаққиқон, донишҷӯён, сайёҳон ва меҳмонони хориҷиро даъват менамояд, ки аз ин ганҷинаи нодири фарҳангӣ боздид намуда, шоҳкории безаволи Иоганн Волфганг фон Гётеро, ки ҳамзамон вассофи фалсафаву осори адабии шарқиён, бахусус мардуми форсзабон ҳам мебошад, аз наздик тамошо намоянд.
Ошноӣ бо чунин осори нодир на танҳо ҷаҳонбиниро ғанӣ мегардонад, балки эҳтиром ба мероси фарҳангии инсониятро низ тақвият мебахшад.
Таҳияи Бунафша Абдуллозода,
мутахассиси пешбари шуъбаи
депозитарӣ.