ФАВРӢ: Китобхонаи миллӣ соҳиби 594 ҷилд маҷмуаи электронии  “Туркестанский сборник” шуд

ТуркестанМуассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз таърихшинос Бахтовар Темурзода  маҷмуаи “Туркестанский сборник”, ки дарбаргирандаи як силсила асарҳо ва мақолаҳо, аксҳо, харитаҳо буда, аз ҳаёти Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Чин, Ҳиндустон ва махусусан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳикоят мекунад, харидорӣ кард. “Туркестанский сборник” манбаи муҳимест барои таҳқиқи масъалаҳои мухталифи таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ.

Ин маҷмуа электронӣ буда, аз 594 ҷилд иборат мебошад ва  солҳои 1814-1917-ро  фаро  мегирад. Он бо 80 номгӯй феҳристнигорӣ  шудааст ва дар бораи таърих, ботаника, сиккашиносӣ, бостоншиносӣ, забон, сиёсат, адабиёт ва ғайра маълумот медиҳад.

Хонанда бо мурури ин 594 ҷилд метавонад дар ҳар соҳа маълумоти нав пайдо кунанд. Бахусус пажӯҳишгарони таърих аз ин силсила метавонанд барои навиштани асарҳои таърихӣ ва дақиқтар тасвир кардани лаҳзаҳои муҳими ҳаёти минтақа маълумоти комилан тоза ба даст оранд.

Аз сӯи дигар маводи мазкур аз лиҳози таърихӣ ҳамчун ҳуҷҷати нодири таърихӣ барои халқиятҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, умед аст, ки дар пайи ба феҳристи китобхона шомил гардидан, таваҷҷуҳи олимони хориҷаро ҳам ба сӯйи худ кашад.

Инчунин, аз Бахтовар Темурзода ба Китобхона маҷаллаи “Шуълаи инқилоб”(солҳои 1919- 1921)- нашрияи Кумитаи ҳизбии болшевикони вилояти Самарқанд бо забон форсии тоҷикӣ, рӯзномаҳои “Озод Бухоро”, “Бухоро ахборӣ” (солҳои 1920 – 1924) –ро бо забони форсӣ ва туркӣ қабул намудем. Дар рӯзномаҳои зикршуда,  масъалаҳои мактабу маориф, ҳаёти иқтисодии Ҷумҳурии халқии Бухоро ва мақолаҳои Садриддин Айнӣ, Аббос Алиев ва дигарон ба  нашр расидааст.

“Справочная книга Самаркандский  области” (солҳои1891-1912) яке аз маҷаллаҳои муҳими асри  19 ва ибтидои асри 20 буда, дар он мақолаҳои ховаршиносонии хориҷ ба чоп расидаст, ки аз таъриху фарҳанги тоҷикон маълумоти муҳим медиҳад.

“Туркистон вилояти гезетасӣ” нашрияи генерал губернатори кишвар Туркистон дар охири асри 19 ва ибтидои 20 буд. Дар рӯзнома мақолаҳои олимон ва донишмандони дохилу  хориҷ ба чоп расидааст. Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон  нашри комили яксола (соли 1906) рӯзнома дар шакли электронӣ аз тарафи шаҳрванд  туҳфа гардид.

Инчунин Бахтовар Темурзода шумораҳои пурраи рӯзномаи “Правда” соли 1937-ро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард.

Шавкат Аминов,
сардори шуъбаи матбуоти даврӣ