Фазлиддин Муҳаммадиев дар хотираҳои Абдулҳамид Самад. Бахши охир

Фазлиддин Муҳаммадиев дар хотираҳои Абдулҳамид Самад

29.11.1982. …Бо устод Фазлиддин Муҳаммадиев даме ҳамсуҳбат шудам. Гоҳ-гоҳ муаллим сари қадам ба шуъбаи наср медароянд ва аз вазъи ин ё он дастхат чун раиси Шурои насри Иттифоқ пурсон мешаванд.Ҷунбише ҳаст ё не? Вай чун инсони ҳалиму меҳрубон гуфт, ки дастхатро бурда, нашриёт ғами моро аз мо бештар мехӯрад. Ёдам омад, ки соли 1980 чун муовини аввали котиби Иттифоқи нависандагон барои нашри китоби дуюмам «Баъд аз паси падар» ба нашриёти  «Ирфон»  мактуб дода буд. Устод ба таъхир афтодани нашри он китобро фаҳмида, мактубашро пас гирифт ва дар мувофиқа бо Собир Ҳоҷаев – раиси нашриёти «Маориф» гуфт, ки дастхатро ба ин нашриёт супорам. Худ қазоват кунед: барои навқалам магар аз ин ғамхории бузурги падарона мешавад?

6.10.1986. Рӯзи сиёҳ. Мусибат! Соати 4-5-и бегоҳ табибон хабар доданд, ки дили устод Фазлиддин Муҳаммадиев аз тапидан бозмонд. Ҳама гунгу карахт шудем. Нависандаи забардаст, инсонтарини инсонҳо аз олам  гузашт. Вай ҳам бо ҳунару ҳусни қалам, ҳам бо шахсияти волову фазилатҳои нодираш  зеби  адабиёту ҷомеаи мо буд. Ҳафт шабу рӯз баъди ҷарроҳӣ  беёд буданду мо дар банди  ташвишу изтироб. Муаллим пайраву иродатманди устоди фақид  М.Турсунзода буданд ва мисли гӯшту нохун ба халқу диёр пайванду дар якрӯӣ намунаи ибрат.

Ҳафт шабу рӯз ҳамқаламон, иродатмандони эҷодиёташон, ҳатто онҳое, ки боре бо муаллим ҳамсуҳбат шуда буданд, аз Худо илтиҷо мекарданд, ки шифояш бахшад. Бисёриҳо қасам ёд карданд, ки муаллим ба худ оянду ба по хезанд, мол  қурбонӣ мекунанд, зиёфати шукрона медиҳанд. Воқеан, тандурустиву ҳастии чунин адиби камназир бахти адабиёту миллат аст. Вале … Духтурон, профессор Неъматулло Усмонов, ки муаллим ба донишу таҷрибаи ӯ эътимод доштанд,  ноилоҷ монданду  марг ғолиб омад. Устод 58-сола буданд. Сад дареғ! Кӣ медонад, ки дар 50 соли дигар чунин нависандаи тавоно, нозукфаҳм, фозилу хушзарофат пайдо мешаванд ё не?

Бовар кардан мушкил. Ҳарчанд медонам, ки марг асрор асту дар муқобилаш инсон оҷиз мемонад. Шаб. Хобам гурехт. Муаллим аз пеши назарам дур намешаванд. Аз рӯяшон нури илоҳӣ мерехту аз нигоҳашон меҳр. Пас аз марги  Толис, устод М. Турсунзода, Б.Ғафуров аз М.Воҳидов фавти муаллим талафоти гарону аламовар аст. пешоҳанги носирони тоҷик буданд. Акнун… Метарсам, ки  бо фавти устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар насри мо бенизомие пеш ояд.

Як рӯз пеш аз ҷарроҳӣ бо Абдураҳими ҳамсоя, дӯсти устод Лоиқ ба аёдати муаллим рафтем. Абдураҳим бисёр исрор кард, ки ӯро бибарам. Дар ҳуҷраи  дукатдори маҷруҳони Ҷанги Бузурги муаллим болои бистар чорзону нишаста, кишмиши зард мехӯрданд. Мо низ кишмиши сиёҳ ва дигар анвои мева дастовез бурда будем. Бо чеҳраи офтобӣ моро истиқбол гирифтанд. Аз нигоҳ ва рӯяшон нур мерехт. Ҳангоми ҳолпурсии кӯтоҳакак шӯхиомез гуфтанд, ки витамини  кишмиш фардо лозим мешудагист. Боз гуфтанд, ки бомдод пиёда аз байни Боғи наботот гузашта, мазористони Лучоб – ба зиёрати оромгоҳи устод Мирзо Турсунзода рафтанд. Дилам аз ин гапашон таҳ кашид. Акнун… худро, адибони  пешсаф, Иттифоқи нависандагон, Хазинаи адабиётро барои саҳлангорӣ дар табобати устод гунаҳгор мешуморидам. Мо барои ба Маскав ба ҷарроҳӣ фиристодани муаллим кӯшише накардем. Беҳимматӣ, беэътиборӣ…

7.10.1986. Тобути устодро дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ болои тахт гузошта, атрофашро бо гулу гулчанбарҳо оро доданд. Суруду навоҳои «Шашмақом» бо овози беҳтарин ҳунармандон: Барно, Аҳмад, Ҷӯрабек бори ин мусибат меафзояд. Мардум, намояндагони миллатҳои гуногун даста-даста бо гулчанбарҳо омада, бо нависандаи бузургамон видоъ карданд. Эҳтироми баланд, лекин зинда мебуданд, авлотар буд.

Ҷанозаи устод ончунон бонизому пуршукӯҳ гузашт, ки рақибонаш аз ҳасад дарун-дарун сӯхтанд. Баъзеҳошон зоҳиран ғамгин, пешонӣ пурчин худро мотамзада намоиш медоданд, аммо гоҳе ғолибона ба тобуту ғарқи гул ба табассуми  нарми равоншод бо ҳамон овози нарми хоси худашон мегуфт: «Аз рӯбоҳи зинда шери мурда беҳ».

Дар мотами муаллим бисёр шоирон марсия, сӯгворӣ  навиштаанд, ки беҳтаринаш аз Гулрухсор аст. Дар мазори Лучоб замини муқаддаси Тоҷикистон беҳтарин фарзанди самарқандиашро модарвор ба оғӯш гирифт. Устоди насри  муосири тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев ба хотира табдил ёфт. Осори рангину пурарзиш, хулқу атвор ва дили поку хизматҳои бузургашон дар рушди адабиёти муосирамон чароғи ҳамешафурӯзон хоҳад монд. Ⱪарзи мо, шогирдон акнун зикри хайру ёди неки эшон аст. Хонаи охираташон ободу пурнур ва руҳашон шод бош! Одами ҷаннатӣ буданд.

Аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 2022, шумораи 7.

Таҳияи Малика Абдуллоева.