Фазлиддин Шаҳобов «Осор ва Пажуҳиш». Ҷилди II

Фазлиддин ШаҳобовКитоби мазкур нахустин маҷмуа буд, ки бахшида ба эҷодиёти оҳангсоз, ҳофиз ва танбӯрии нодир, шашмақомдону шашмақомшинос устод Фазлиддин Шаҳобов соли 2006 аз чоп баромад. Он аз чаҳор қисмат иборат аст. Дар қисми аввали он якчанд мақолаҳое аз осори илмии Ф.Шаҳобов, ки дар бойгонии оилавии Шаҳобовҳо маҳфуз буданд, бори нахуст чоп шуданд.

Хотираҳои ёру дӯстон ва таҳқиқи мусиқишиносии эҷодиёти Ф. Шаҳобов боби дуюм ва боби сеюми китобро ташкил карданд. Қисми чаҳорум ба осори мусаннифӣ (мақомбандӣ) ва оҳангсозии Ф.Шаҳобов бахшида шудааст.

Доктори илми санъатшиносӣ Фароғат Азизӣ дар сарсухан ба китоб аз ҷумла навиштааст, ки фаъолияти Фазлиддин Шаҳобов серпаҳлу буд, вале дар ҳар як равия ӯ тавонист роҳи дурустро интихоб намояд. Беш аз ин ҳар коре, ки ӯ сар мекард, самимона буд. Ӯ танбӯрии нодире буд, ки то имрӯз касе дар ин ҳунар ба ӯ наздик нашудааст. Танбӯри устод Шаҳобов то ҳол «месарояд» ва дили касро ба ларза дароварда, гӯё боз хотиррасон мекунад, ки санъати Шашмақом санъати воло аст ва онро бояд ҳифз намуд, ривоҷу равнақ дод. Чун муаллим ӯ «булбули Шашмақом» Барно Исҳоқоваро тарбия намуд ва то имрӯз ба Барно ягон нафаре баробар нашудааст. Хусусан, муносибати содиқонаи ӯ нисбат ба Шашмақом касро ба ҳайрат мегузорад. Ягон мураккабиёти идеологӣ ва мушкилоти рӯз ӯро аз роҳи омӯзиши Шашмаком баргардонда натавонист, гарчанде солҳои 50-60-ум Шашмақомро мусиқии бою ашрофон гуфта, онро бар хилофи идеологияи советӣ меҳисобиданд. Ӯ мекӯшад дар ҳамон солҳо дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе шуъбаи мақомро кушояд, вале ин танҳо ба муддати кӯтоҳе ба ӯ муяссар шуд… Барои Фазлиддин Шаҳобов Шашмақом мусиқии классикӣ ва асили тоҷик буд ва ӯ медонист, ки маҳз Шашмақом заминаи зарурии ояндаи мусиқии тоҷик аст. Фазлиддин Шаҳобов яке аз муаллифони сабти нотавии  Шашмақом мебошад. «.. Ин ба кори ҳаётии ман мубаддал гашт..»  – гуфтааст худи утод Шаҳобов. – «…Тавассути сабти нотавӣ Шашмақомро садҳо ҳазорҳо одамон аз худ карда метавонанд… оҳангсозон оҳангҳои онро дар асарҳои худ истифода мебаранд”.

Ин китоб, ки  “Осор ва Пажӯҳиш” ном дошта, дар 3 ҷилд аз тариқи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик чоп шудааст, ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ низ расид.

Хоҳишмандон метавонандд онро дар ҳар толори хониш дархост ва мутолиа кунанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.