Фазои шодиву ханда дар маҳфили «Хандарез»
Бо ибтикори шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконоташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Хандарез», бахшида ба Рӯзи ханда, дар фазои гарму самимӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории маҳфили мазкур боло бардоштани рӯҳия, фароҳам овардани муҳити мусоиди фарҳангиву фароғатӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.
Қисмати расмии маҳфил бо суханронии муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода оғоз гардид. Ӯ зимни баромади худ таъкид кард, ки таваҷҷуҳ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани чунин муҳит аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассиса ба ҳисоб меравад. Муовини директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин зикр кард, ки чунин маҳфилҳо на танҳо баҳри болидарӯҳии онҳо, балки барои ҷалби фаъолонаи ин қишри ҷомеа ба ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ замина фароҳам меоранд
Лаҳзаҳои аввал маҳфил бо иштироки ҳунармандони гурӯҳи ҳаҷвии «Маҳфилоро» Абдураҳим Набиев ва дигарон ранги тоза гирифта, фазоро саршор аз ханда ва шодӣ намуд.
Баъдан барномаи фарҳангӣ бо саҳначаҳои ҳаҷвӣ, рақсу суруд ва баромадҳои ҷолиб фазои маҳфилро боз ҳам рангинтар гардонданд. Ҳар як баромад бо кафкӯбиҳои гарми ҳозирин истиқбол гирифта шуд. Ҳамчунин аъзои фаъоли шуъбаи шахсони имконоти маҳдуддошта Зарина Абдураҳимова бо таронаҳои хубаш маҳфилро нуронӣ кард.
Маҳфили «Хандарез» собит намуд, ки ҳатто як лаҳзаи одии ханда метавонад рӯҳияро тағйир диҳад ва дилҳоро ба ҳам наздик созад.
Дар фарҷоми маҳфил ба ҳунармандони гурӯҳи ҳаҷвии “Маҳфилоро” аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ Сипоснома ва ҳамчунин бо ибтикори шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуд туҳфаҳои рамзӣ тақдим шуд.
Наргис НАЗАРЗОДА