Федератсиони байналмилалии  анҷуманҳо ва муассисаҳои китобдорӣ – IFLA

Федератсиони байналмилалии  анҷуманҳо ва муассисаҳои китобдорӣ, ки бо номи англисии The International Federation of Library Associations ёд мешавад ва онро ихтисоран  IFLA меноманд, як ниҳоди мустақили ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ аст.  Ҳадафи он ҳамкорӣ, гуфтушунуд, пажӯҳиш ва тавсеа дар ҳама заминаҳои китобдорӣ, аз ҷумла китобшиносӣ, хадамоти иттилоърасонӣ, омӯзиши кормандон ва ғайра мебошад.

IFLA авалин маротиба  соли 1927 дар Эдинбурги Шотландия таъсис ёфтааст. Соли 1971 дар Нидерландия Низомномаи  ташкилот қабул шуд. Маркази Федератсиони байналмилалии  анҷуманҳо ва муассисаҳои китобдорӣ дар шаҳри Гаагаи Нидерландия мебошад.

Чуноне ишора рафт, он як ниҳоди ғайридавлатӣ буда,  ҳамкории худро бо китобхонаҳое, ки фаъолияти он  аз рўйи технологияи итилоотӣ ба роҳ монда шудааст, ҳамкорӣ мекунад.

ИФЛА инчунин  аъзои фаъоли китобхонаҳо, ташкилотҳои китобхонаҳои миллӣ ва хадамоти иттилоотӣ  мебошад.

Ифла дар давоми фаъолияти худ зиёда 1600 аъзо ва бо 150 кишвари дунё ҳамкории худро дар соҳаи китобу китобдорӣ аз руйи технологияи итилоотӣ ба роҳ монааст.

Яке аз паҳлуҳои фаъолияти Ифла ин дастрасии бемаҳдуд ба технологияи итилоотӣ ба китобхонаҳои ҷаҳон  ба шумор меравад.

ИФЛА китобхонаҳои оламро доир ба фаъолияти китобдорӣ фикру ақида, суолҳо оиди хидматрасонӣ ва густариш додани соҳаи китобдорӣ оид ба хидматрасонии технологияи итилоотӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои  байналмилалӣ доир ба самтҳои фаъолияти китобдорӣ имконият фароҳам месозад.

Айни замон ИФЛА бо 7 забон аз ҷумла бо забони русӣ фаъолият намуда истодааст. ИФЛА торнамои махсуси худро дорад, ки бо  тарҷума  ва аз рўйи тамос метавонад 70 забон фаъолият намояд.

Сурайё ОДИНАЕВА,
шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ