Феҳрист ва феҳристнигорӣ: Роҳҳои истифода
Вақте феҳрист мегӯем, бояд бидонем, ки феҳрист чист? Феҳрист рӯйхати асарҳои дар китобхона мавҷудбуда аст. Тамоми китобхонаҳо тавассути феҳристҳо фонди худро барои хонандагон муаррифӣ менамоянд. Кулли маводи олимону нависандагон дар феҳристи китобхона ҷой дода шудаанд.
Феҳристҳо аз рӯи намудашон алифбоӣ, мураттабӣ, предметӣ ва электронӣ мешаванд. Дар феҳристи алифбоӣ адабиёт бо номи муаллиф ва ба тартиби алифбо ҷо дода мешавад. Дар ҳолати набудани муаллиф, дар зери сарлавҳа ҷо ба ҷо гузошта мешавад. Феҳристи алифбоӣ аз ҳама одитарин феҳрист ба ҳисоб меравад. Аввалан, ҳамаи асарҳои (барои мисол) Абдуллоев ва баъд Авдиев ва Айнӣ ва ғайра ҷо дода мешавад. Ба шумо кифоя аст, ки номи муаллифи асарро ба зудӣ пайдо карда тавонед.
Феҳристи мураттабӣ бошад, аз рӯи мавзӯъ ҷо ба ҷо гузошта шудааст ва феҳристи предметӣ аз рӯи предмет ҷо ба ҷо гузошта шудааст. Яъне химия, физика, биология ва ғайра.
Дар Китобхонаи миллӣ нақши шуъбаи феҳристнигорӣ бузург аст. Шуъбаи мазкур аз соли 1933 дар назди шуъбаи коркарди адабиёт ҳамчун бахш фаъолият мекард ва аз моҳи апрели соли 2012 ба сифати шуъбаи мустақил фаъолият дорад. Шуъба тибқи воҳиди корӣ аз 18 корманд иборат мебошад. Кормандони шуъбаи феҳристнигорӣ аз рӯйи Оиннома ва Низомномаи шуъба фаъолият намуда, тибқи нақшаи корӣ чунин корҳоро ба анҷом мерасонанд:
- Хидматрасонӣ ба истифодабарандагон аз феҳристи анъанавӣ ва электронӣ.
- Ҷобаҷогузории баргаҳои адабиёти тозанашр ба феҳристи алифбоӣ ва мураттабӣ.
- Сабти рақамҳои адабиёти такроран нашршуда, аз рӯйи алифбо ба баргаҳои феҳристи алифбоӣ.
- Хориҷ намудани маводҳои санадшуда, аз феҳристи алифбоӣ ва соҳавӣ
- Хориҷ ва барқарор намудани баргаҳои фарсудашуда.
- Барга ва рақамҳои аз шуъбаи коркард қабулшударо ҳисоб намуда, аз рӯйи алифбо ва соҳа ҷудо кардан.
- Муқоиса кардани феҳристи хизматии шуъба бо феҳристи асосии (генералӣ)-и шуъбаи коркарди адабиёт.
- Дар рафти кор ба тартиб овардани қуттиҳои феҳрист ва баргаҳои омехташуда.
Инчунин дар шуъбаи феҳристнигорӣ чунин феҳристҳо мавҷуданд:
- Феҳристи алифбоӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ.
- Феҳристи мураттабӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ.
- Феҳристи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ.
- Феҳристи авторефератҳо бо забони русӣ.
- Феҳристи нашрияҳои давомноки илмӣ бо забони русӣ.
- Феҳристи адабиёти тарҷумашуда (аз забонҳои хориҷӣ ва давлатҳои ИДМ) ба забони тоҷикӣ.
- Феҳристи алифбоӣ бо забонҳои давлатҳои ИДМ.
- Феҳристи адабиёти бачагона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ.
- Феҳристи адабиёти тарҷумашудаи бачагона.
- Феҳристи харитаҳо.
- Феҳристи нишондиҳандаи алифбоӣ-предметӣ ба феҳристи мураттабӣ бо забони русӣ (кишваршиносӣ).
- Феҳристи сарлавҳаи адабиёт бо забони русӣ.
- Феҳристи нашрияҳои силсилавӣ.
- Феҳристи рамзкушоии рамзҳои нашрияҳои давомноки имлӣ.
- Феҳристи микрофилмҳо.
- Феҳристи маҷмуаҳои адабиёти бадеӣ (шеърҳо, афсонаҳо, сурудҳо, фолклор…) бо забони русӣ.
Барои хонандагон нақши феҳрист хеле калон аст. Чун онҳо вориди китобхона мегарданд, сараввал аз феҳристҳои китобхона истифода мебаранд. Чунки калиди китобхона феҳрист мебошад. Мо кормандони китобхона, хонандагонро бештар аз феҳристи электронӣ раҳнамоӣ мекунем, чун пайдо кардани адабиёти мавриди назар аз ин тариқ осонтар аст. Аммо фаромӯш набояд кард, ки феҳристҳои анъанавӣ низ аҳамияти калоне дорад ва барои истифодаи як адабиёт дар ин феҳристҳо метавон даҳ адабиёт дарёфт кард. Лекин ҳатман бояд номи муаллиф ё номи китоб аниқ бошад.
Ҳастанд хонандагоне, ки дар пайдо кардани адабиёти мавриди назарашон мушкилӣ мекашанд. Дар аксар маврид инҳо касоне мебошанд, ки дар бораи он китоб маълумоти дақиқ надоранд: на номи китобро медонанд ва исми муаллифи онро. Дар ин гуна ҳолатҳо мо кормандон, танҳо метавонем аз феҳристи мураттабии анъанавӣ истифода барем. Чун аз хонанда пурсон мешавем, ки мавзӯи онҳо вобаста ба кадом соҳа аст ва азбаски феҳристи мураттабии мо аз рӯи соҳаҳо ҷобаҷо карда шудаанд, мо ба хонандагон вобаста ба ҳамон мавзӯашон ҳамон соҳаи ба мавзӯъ наздикро тавсия медиҳем. Барои ҳамин хеле хуб мешуд, ки агар хонандагон бо адабиёти аниқ ба мо муроҷиат мекарданд ва тарзи истифодаи феҳристҳоро меомӯхтанд. Дар ҳақиқат ҳам бе истифода аз феҳристҳои китобхона адабиёт пайдо кардан хеле душвор аст. Билохир дарк бояд кард, ки китобхона бе феҳристҳо ҳеч аст, чунки самти асосии дарёфти адабиёт аз истифодаи дурусти феҳристи китобхона мебошад.
Фароғат ТОЛИБОВА,
муовини сардори
шуъбаи феҳристнигорӣ