Филмҳои туркӣ ё мутолиаи китоб
Чанд сол аст, ки филмҳои ба забони тоҷикӣ тарчуманамудаи туркӣ фазои синамои моро азхуд кардаанд. Замоне ки филми “Рӯ ба сӯйӣ маърифат” ва “Ҳомиён”ро тамошо кардам ба истилоҳ эътиқодам ба ин мардуму филмофарии эшон зиёд гардид, зеро дар ҳеҷ кадоме навори фаҳшу ғайриахлоқи ё худ дашному дағалгуфторӣ дида намешуд.
Ҳатто дар филми “Ҳомиён”, ки саросар филми “боевик” ба ҳисоб мерафт. Ва ҳар гоҳе дар матбуот ва ё телевизион навиштаву барномаро зидди ин филмҳо медидам, то ҷое ба ҳайрат меомадам, ки чаро ба сари ин гуна филмҳои ҷанбаи тарбиявию ахлоқидошта сангпартоӣ мекунем дар ҳоле, ки худ наметавонем фазои холиро пур созем. Аммо…
Чун одат охири ҳафта ба аёдати наздикон ба деҳа рафтам. Дар мошине, ки аз Душанбе то то маркази ноҳия мебурд, таваҷҷуҳам ба марди дар пеши мошин нишаста бештар равона гардид. Нав ба бозори “Корвон” расида будем, ки мошинро нигоҳ дошт.
– Бародарон, узр, ман бояд ду диск гирам, вагарна фарзандонам аз дар даромадан намемонанд, – шӯхикунон ҷониби нуқтаи дискфурӯшӣ шитофт.
Ҳамсафарамон ду дақиқа гуфту баъди 15 дақиқа баргашт. Ростӣ, чун дидам, ки дар ин ҳавои сард барои як диск 15 дақиқаи худро сарф кард, гумон кардам, ки шояд ягон маводи таълимии дар диск сабтшударо барои фарзандонаш ҷустуҷӯ кард, ки ин қадар ба вақти худу дигарон зомин шуд. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту пурсидам:
– Амак, ягон диски зарурӣ буд, ки ин қадар вақти худро барои кофтани он сарф кардем?
–Э-э-э не –э-еее… Ҳамин диски филмҳои туркӣ-да. Ду диск гуфта буданд, гирифтам. Боз занг заданд, ки ду диски дигар гир, барои ҳамин камтар вақтатонро гирифтам, узр бародарон.
– Кадом филмҳо будааст? – пурсид ҷавони дар паҳлуям нишаста.
– “Садоқат”, “Ҳикмати зиндагӣ”, “Пайроҳаи тақдир”, “Водии Гургон”, “Маро бубахш”…- Ҳоли ҳозир ҳозир ҳамин қадарашро гирифтам халос. Охир, барқ ҳамагӣ 4-5соат аст…
Дигар нафаре аз ҳамсафарон ҷуръати суол карданро накард. Ман худ ба худ меандешидам , ки чаро барои харидории диск бо баҳонаи “вақт надорам” ба фарзандону атрофиён посух мегӯем. Ба ин андешаҳо ба маркази наҳия расидем. Акунун барои ба деҳа рафтан маро зарур буд, ки боз ба таксии дигар нишаста, наздики 5 километр роҳро тай кунам Ба мошини дуюм низ нишастам. Ин бор дар паҳлуям ду писараки тақрибан 9-10-сола нишаст. Дар дасти ҳарду низ бастаи филмҳои туркӣ. Аз дасташон гирифта, як як аз назар гузаронидам: “Маро бубахш” (1200-1750, яъне, 550серияи нав барои тамошо кардан (!), “Садоқат” (15), “Водии гургон” ва ҳуш аз сарам парид. Ба ҳамин тартиб, теъдоди дискҳои дар дасташон буда ба 15-то мерасид.
– Додарҷон, о, ин қадар филмро кай тамошо мекунед? – гӯён бе таваққуф пурсидам.
– Чӣ хел кай тамошо мекунем? Саҳару бегоҳ тамошо мекунем, – гӯён яке аз онҳо посух дод.
Се соат бегоҳ ва ду соат субҳ барқ ҳаст, агар ин панҷ соатро ба тамошои филмҳо гузаронед, пас, дарсҳоятонро кай тайёр мекунед?
– Дарсҳоро рӯзона тайёр мекунем ва шаб филм тамошо мекунем.
– Хайр, ана, акнун дарс ҳам шуруъ шуд. Давоми як моҳи таътил чӣ китоб хондед? – гӯён риштаи суҳбатро ба дигар ҷониб майл додам.
– Ҳама китобҳоро хондем, – дилпурона ба суолам ҷавоб доданд ҳар ду бо як овоз.
– Не, суоли маро нафаҳмидед, бачаҳо.Мақсад аз суоли ман мутолиаи китоби бадеӣ аст. Ягон китоби бадеӣ хон…
– Ҳа, ман китоби бадеии “Забони англисӣ”-ро хондам, пешдастӣ карда, ба суолам ҷавоб дод яке аз онҳо.
Ростӣ, баъди шунидани ҷавоби писарак дигар чӣ гуфтанамро надонистам. Ба ҳар сурат худамро тасаллӣ дода, боз суол хостам содатар карда диҳам.
– Бачаҳо, ғайр аз китоби “Забони англисӣ” ягон афсона ё ҳикоя хондед?
–Э-э-э не –э-еее, аз куҷо? Ин хел китобро аз куҷо меёбем, ки хонем?
– Барои чӣ аз куҷо? Дар маркази ноҳия ду–се нуқтаи китобфурушӣ аст, метавонедаз он ҷо аз онҷо дастрас намоед, – гуфта роҳнамоӣ кардам ба писарҳо.
– Хайр, охир кӣ мехарад ин китобҳоро? Муаллимон ба мо гуфтанд китобҳоятонро хонеду давоми таътил дарсҳои гузаштаро такрор кунед, мо ба пуррагӣ иҷро кардем.
– Лекин ман рӯзнома ҳам мехонам, илова намуд нафари дуюм.
– Рӯзнома? Кадом рӯзномаҳоро мехонӣ? Аз куҷо дастрас мекунӣ рӯзномаҳоро? – пурсидам дигарбора.
– Намедонам номашонро. Ҳар сари чанд вақт падарам оварда дар хона мемонад ва ман ҳам дар вақти бекор буданам мехонам, ягон-ягонтои онҳоро , – гуфт писарак.
– Чӣ хел намедонӣ? Охир мехонию номашонро намедонӣ, ин хел ҳам мешавад?
– Гуфтам ку, ки намедонам, намедонам! Барои чӣ ин қадар суол медиҳӣ? Ман дигар ҷавоб намедиҳам ба суолҳоятонгӯён каме ғазаболуд шуд писарак.
– Ва ман низ дигар чизе нагуфтам.
Хонандаи азиз, дигар чӣ ҳам мегуфтам? Худ қазоват кунед! Писарбача дар синфи 3-юм таҳсил мекунаду китоби бадеиро аз китоби дарсӣ фарқ карда наметавонад. Хонандаи хурдсол асту дар шуури ӯ тамошои филмҳо болотар аз мутолиаи китоб ҷойгузин шуда…
Ин ҳол магар ҷойи нигаронию ташвиш надорад?
“Омӯзгор”№7 аз 14.02.2014
Аз китоби Э. Сафарзода “Президент, Истиқлол, ваҳдат, маориф”, таҳияи Зебонисо Давлатова, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.