Фирўза Қаюмова: Бо хонанда кор кардан сон нест!

Қаюмова Фирўза Қурбоновна, мутахассиси пешбари шуъбаи техникист. Соли 1981 мактаби рақами № 53-и пойтахтро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омўзгорӣ супорид, аммо аз мандат (он солҳо мандат буд) нагузашт. Як сол пас аз хатми мактаби миёна бо даъвати ошное ба китобхонаи Фирдавсӣ ба кор омад. Яъне аз 18-солагӣ тақдир ўро ба китобхона, маконе муқаддас  ва дониш илм пайваст. Як сол кор кард, ки ба шуъбаи китобдории Донишкадаи давлатии санъат ба номи м. Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи М. Турсунзода) дохил шуд.

Он вақтҳо намояндагони донишкада барои љалби духтарон ба тањсил дар донишкадаи болозикр, ташвиќот мебурданд. Ба китобхонаи Фирдавсї њам омаданду хоҳиш карданд, ки ба донишкада дохил шаванд. Фирўза ва чанд ҳамкораш донишҷў шуданд. Ҳамин тавр ў 4 сол дарси китобдорӣ омўхт ва боқии зиндагияшро бо китоб барои ҳамеша пайваст. Ҳеч фикр намекард, ин пайванд ҷовидонӣ хоҳад шуд. Дигар чизе ин пайвандро гусаста натавонист, ҳатто ду сол бе маош кор кард. Солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ буд, ба кор меомад. Зиёда аз 40 соли рўзгори пурбаракаташро сарфи кори китобхона кардааст. Ва аз роҳи паймудааш розиву сарафроз аст, зеро таи ин муддати тўлонӣ тавонист ба мардум хидмати содиқонаву софдилона намояд.

Ў мегўяд бо инсонҳои хуб кор кардааст. Сабаби солҳои зиёд дар ин боргоҳи илму маърифат фаъолият бурданаш ҳамин будааст:

Пайванде ҷовидонӣ

Ҳамкоронаш инсонҳои неке будаанд, ба ў, ки навкор буд, асрори корро омўзондаанд, дар зиндагӣ маслиҳатгараш будаанду дар ғаму шодиаш шарик. Ва ў аз онҳо таҷрибаи кору рўзгор омўхт. То ҳол бо он ҳамкоронаш, ки ҳаёт ҳастанд, робитаи дўстона дорад ва аз ҳоли ҳам бохабаранд. “Роҳбаронам низ инсонҳои беозору нозанине буданд, ки ҳамроҳашон кор кардам, ин бистумин раисест, ки мебинам дар ин муддат”,-мегӯяд ӯ. Фируза Қаюмова хушбахт аст, ки Худованд ўро ба синни нафақа расондааст.

Хонандаи китобхона бисёр буд

Ў, ки аз соли 1982 то 2012 дар шуъбаи матбуоти даврӣ кор кардааст, фурсатҳое ҳам барои мутолиаи рўзномаву моҳномаҳо доштааст. “Он замонҳо хонандаи китобхона, ки номи Абулқосим Фирдавсиро дошт, чунон фаровон буд, ки то нисфҳои шаб менишастанду мутолиа мекарданд, дар болои китоб хобашон мебурд. Аҷаб рўзҳое буданд! Хонандаҳои мо аз андоза зиёд буданд, њамарўза меомаданд, ба онҳо хуб хизмат мерасондем. То њол дар хиёбонњои шањр мебинамашон, салом медиҳанду гарм ҳолпурсӣ мекунанд. Баъзеяшонро намешиносам. Як рўз марде дучорам омад, гуфт апа, ман фалонӣ фалониев нашинохтед? Ман дар фалон ҷо кор мекунам, агар хидмат шуд, мурољиат кунед, дар хидматем. Шумо ба мо кўмак карда будед дар дарёфти адабиётњо. Сарам ба осмон мерасад. Хонандагоне, ки ман хизмат расонидам, ҳамаашон ба ҷое расиданд, соҳибвазифа шуданд. Дирўз якеашро дар кўча дидам, салому аҳволпурсӣ кард, ки нашинохтам. Гуфт апа, шумо фалониед, дар китобхонаи Фирдавсӣ кор мекардед. Ному насабашро гуфт, ба ёдам омад. Ман ҳатто хонандагонамро бо насабашон мешиносам,»- дар идомаи сўҳбат иброз дошт ў.

Ў мегўяд мисли имрўз набуд, ки аз интернет мавзуи тайёрро бигиранду бубаранд. Компютер ҳам набуд, ки рўбардор намоянд. Воқеан мехонданд, то нисфҳои шаб. Намерафтанд, базӯр мерондем онҳоро.

Хонавода

Ба хонандагон кўмак мерасонд дар ёфтани китобњо. Азбас ҷавону дилрабо ҳам буд, аз байни хонандагонаш пешниҳоди издивоҷ ҳам гирифт, ки қабул накард. Тақдир ўро ба каси дигар рў ба рў кард. Шавҳараш корманди нашриёт буд. Аз зиндагии ширинашон ду фарзанди меҳрубон доранд, ки ҳоло яке дар Туркияву дигаре дар Русия ба сар мебаранд. Ба онҳо тарбияи дуруст дода тавонист, ки онҳо бе розигии модар ба коре даст намезананд. Писар ҳар коре карданӣ шавад, ба модар занг зада иҷозат мепурсад, дуо мегирад, ҳатто як духтари туркро хуш кард, хост бо ў издивоҷ кунад, аз модар ризоят пурсид. Модар розӣ нашуд: Бачам ҳар кас бояд бо миллати худаш издивоҷ кунад. Ман забони онҳоро намефаҳмам:

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,

Кабутар бо кабутар, боз бо боз.

 

Ҳоло як духтари тоҷикро, ки бо хонаводааш дар он кишвар кишвар зиндагӣ мекунанд, хостгорӣ карданд ва рўзҳои наздик маросими туйи арӯсист.

Кори содда нест то нафақа дар як даргоҳ фаъолият кардан, аз ў пурсидам чӣ далеле вуҷуд дошт тӯли солиёни дароз дар як муассиса кор кардан?

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

В-ар ба нохуш гузарад, ними нафас зиёд аст.

 

 «Ҳамкорону роњбаронам инсонҳои хуб буданд. Ин буд, ки на гузашти рўзҳоро мефаҳмидам, на ҳавои ҷои кори нав пайдо кардан ба сарам зад. Вақте нав ба кор омада будам, хонанда супориш медод, намегуфтам навбати кист, супоришҳоро иҷро мекардам. Ба занҳое, ки аз худам бузург буданд, кўмак мекардам, мегуфтам шумо истироҳат кунед, ман фармоишҳоро анҷом медиҳам.»

Нав омада буд, корро намедонист. Аз пушти ҳамкорон медавид, нигоҳ мекард, ки чӣ гуна кор мекунанд. Дар муддати кўтоҳ корро хуб ёд гирифту зуд одами худӣ шуд барояшон. Шогирди ќобиле баромад. Дар нишастҳои ҷашнӣ бо ҳам менишастанд, хурсандӣ мекарданд, мисли як хонаводаи бузург буданд. Бо баъзеяшон то ҳол дар иртибот аст. Њоло дар шуъбаи матбуоти даврї шогирдонаш пайрањаи ўро иодма медињанд.

Кор бо хонанда

«То соати 22-23-и шаб хонандагон менишастанд, вахтёр занги дарро мезад, ки хезед, равед, намерафтанд. Соати 22: 30- 23:00 ба хонаҳоямон мерафтем. Нисфҳои шаб ва боз пои пиёда. Замони Шуравӣ буд, тинҷӣ буд.

Фирӯза далели кам китоб хондани мардумро дар интернет медонад. Зеро меоянду чизи тайёрро аз интернет мебародоранд. Он вақт чунин набуд, ҳатто телефон набуд, ки китобу нашрияҳоро сурат гиранд.

«Бо хонанда муносибати хуб ва забони ширин бояд дошт, дар ҳама ҳолат ҳақ бо хонанда аст, бо садои баланд иҷозат нест бо ў гап задан. Бо хонанда кор кардан осон нест. Ҳар хел хонанда ҳаст, муаллим, профессор, донишҷў. Хонандаи нозуку инҷиқ зиёд аст. Агар супоришашро хато овардӣ, рост назди директор мераваду шикоят мекунад. Худоро шукр дар 40 сол аз корам ягон хонанда шикоят накард.»

Ба модарон

Тавсия медиҳад, ки модарон фарзандонашонро ба китбхона биёранду обуна кунанд. Китобҳои нағз, рӯзномаву маҷаллаҳои хуб дар китобхона бисёр аст, биёянд бихонанд. “Вақте китобхонаи миллии Тоҷикистон кушода шуд, писарамро обуна кардам. Корт гирифтам барояшу гуфтам: “Алишерҷон ҳама вақт ба китобхона биё, китоб бихон”. Аз китобхона луғати туркӣ барояш гирифтам, аз интернет забонро омўхт. Дар камтар аз 4 моҳ писарам забони туркиро хуб ёд гирифт. Ҳоло дар як ширкати хонасозӣ фаъолияти хуб дорад. Ин натиҷаи илмомўзӣ буд, китоб хондан буд, талоши модар буд. Тарбия асосан аз модар вобаста аст, чунки падар берун аз дар аст, аз паи дарёфти рўзӣ аст.  Тарбия аз муҳит вобаста нест, муҳит ҳамон аст, зиндагӣ ҳамон аст, одамон дигар шуданд. Ман ду фарзандро худам тарбият кардам. Шавҳарам, ки директор буд, шабу рўз дар кор буд. Писару духтарамро худам тарбия кардам. Тарбияи хуб, ки додам, ҳоло ба ҳарфам гӯш мекунанд. Чизе гўям, хуб модарҷон мегўянд. Ҳамеша гапашон ҳамин аст, калимаи «не»-ро намедонанд. Писарам мегўяд очаҷон, ба воситаи шумо забонро омўхтам, ҳар касе шудам, заҳмати шумо буд. Дар ҳар кораш маслиҳат мепурсад.

Духтарам низ хушодобу хушахлоқ аст, дасташ гул аст,  дар хона ба ягон кор даст намезадам, вақте ў буд. Ҳоло дар Русия аст.»

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.