Фирдавс Шарифзода «Таърихнигории масоили муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар даврони истиқлол»
Китоби мазкур пажӯҳиши ҷанбаъҳои таърихӣ, назарӣ ва амалии фаъолияти муассисаҳои фарҳангии даврони истиқлолро фаро гирифтааст. Он барои муҳаққиқону муаррихон, кормандони соҳаи фарҳангу санъат, магистрону унувонҷӯён, устодону донишҷӯёни факултету шуъбаҳои фарҳангшиносӣ, китобдорӣ ва рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар пешниҳод шудааст.
Муаллиф дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки дар даврони истиқлол сиёсати фарҳангии давлат ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси баланди ватандории ҳамаи сокинони мамлакат, пойдориву пояндагии сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст. Татбиқи муваффақонаи сиёсати мазкур аз як ҷониб барои таҳкими низоми фарҳанги миллӣ мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар барои эҳё ва рушди самтҳои гуногуни фарҳанги бумӣ замина ва шароит фароҳам овард. Дар баробари ин, бунёди инфрасохтории нави муассисаҳои фарҳангӣ, тақвияти фаъолият ва таҳкими заминаи моддиву техникии ин муассисаҳо кору фаъолияти онҳоро вусъат бахшида, ба талаботи иҷтимоии замон мувофиқ гардонд. Роҳандозии тарзу усулҳои наву самрабхши хадамоти фарҳангӣ ба аҳолии кишвар ва ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ боиси табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ, баланд гардидани нуфузи фарҳанг гардид. Ин ва дигар омилҳо агар аз як ҷониб ҷараёни рушди фарҳанг ва нақши онро дар ҷомеа нишон дода, дар осори илмӣ инъикос ёфта бошад, аз ҷониби дигар барои таърихнигорӣ ва омӯзишу пажӯҳиши ин соҳа заминаҳои пурғановати илмиро ба вуҷуд овардааст, ки таҳқиқи онҳо аз аҳаммияти илмӣ орӣ нест. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки тавассути китоби мазкур таърихнигории фаъолияти муассисаҳои фарҳангии кишвар дар даврони истиқлол дар заминаи осори нашршуда, мавриди таҳқиқ қарор дода шавад.
Китоби Шарифзода Фирдавс «Таърихнигории масоили муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар даврони истиқлол»-ро метавон дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кард.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд