Фирӯз Сайнозимзода: Таърихи мухтасари ташакулёбии Паёми Президенти ҶТ

Баъдан, бо муътадил гаштани авзои сиёсиву иҷтимоии кишвар, зарурати аз нав дар таҷрибаи давлатдорӣ барқарор кардани падидаи Президенти ҶТ руйи кор омад. Ҳамин буд, ки Шуроӣ Олии ҶТ Қонуни ҶТ «Дар бораи ислоҳоти констигутсионӣ дар ҶТ, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ»-ро қабул намуд ва дар Қонуни мазкур қайд карда шуд, ки шакли идораи президентӣ ва таъсиси мансаби Президенти ҶТ дар лоиҳаи Конститутсияи ҶТ пешбинигардида, аз тарафи аксарияти иштирокчиёни муҳокимаи он маъқул дониста шудааст ва ин имконият медиҳад, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти ҶТ ва раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати қабули Конститутсияи ҶТ кор вусъат дода шавад.

Дар натиҷа, Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» қабул карда шуд, ки он принсипҳои гузаронидани интихобот, таъин, ташкил ва ҷамъбасти интихобот, инчунин, дигар масъалаҳои марбут ба онро танзим намуд.

Роҳандозӣ гардидани падидаи президентӣ дар ҶТ ҳамчун шакли идоракунии давлатӣ мақсади ташкили ҷомеаи демократии воқеӣ, устувории тартиботи конститутсионӣ, таъмини ҳамаҷонибаи риояи ҳуқуқи инсонро дорад. Чуноне таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, падидаи президентии дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии амалкунанда устувории ҷомеаро таъмин мекунад, ба ҷалби шаҳрвандон ба раванди идоракунии корҳои давлат мусоидат намуда, ба ҷомеа тобеъ шудани давлат ва ба хуҳуқ ва маънавиёт тобеъ гардидани сиёсатро таъмин мекунад.

Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи ҶТ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо тарафдории шумораи зиёди шаҳрвандони мамлакат қабул гардида, шакли идораи кишварро президентӣ эътироф намуд ва дар боби алоҳида – боби чаҳорум вазъи ҳуқуқии Президенти ҶТ-ро муқаррар кард. Ҳамчунин, дар ҳамон рӯзи таърихӣ интихоботи Президенти ҶТ низ баргузор шуд ва Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони ширкатварзида Президенти ҶТ интихоб гардиданд ва 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шурои Олии ҶТ савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифа шуруъ карданд. Маҳз аз ҳамон рӯз, Президенти аз ҷониби халк, интихобгардида ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи нави давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаррар намудааст, оғоз кард. Президенти тозаинтихоби ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи Шурои Олии ҶТ пас аз маросими савгандёдкунӣ қайд намуданд, ки «Президенти ҶТ кафили амалӣ гардидани Конститутсия мебошад. Ман ба ҳайси Президент шуморо бовар мекунонам, ки ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳои шаҳрвандон, тамомияти арзии ҷумҳурӣ Ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳро дар ҷумҳурӣ таъмин хоҳам кард».

Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи банди 1 моддаи 49 Конститутсияи ҶТ (соли 1994) самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро Маҷлиси Олӣ муайян мекард. Тибқи моддаи 70 Конститутсияи мамлакат Президенти ҶТ дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад ва масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд.

Таҳлил ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои мухталифи дунё, алалхусус, мамлакатҳои ИДМ нишон дод, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии аксари кишварҳоро Президенти мамлакат муайян мекунад. Ҳамчунин, Президенти кишвар ҳамасола бо Паём дар бораи вазъи кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар парламент баромад менамояд.

Қобили зикр аст, ки ҷанги шаҳрвандии дар мамлакат ба вуҷудомада, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро фалаҷ гардонида, он замон Шурои Олии ҶТ ягона мақоми олии салоҳиятдор ва дорои ваколати конститутсионӣ буд. Бинобар ин сабаб, падидаи Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, алалхусус, пас аз ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» пайдо гардид. Дар ин хусус К.Т. Мухторов низ қайд менамояд, ки ҳарчанд дар таҷрибаи давлатҳои пасошуравӣ ин анъана (Паёми Президент ба парламент – С.Ф.) ҳанӯз аз соли 1990 оғоз гардида бошад ҳам, вале дар Тоҷикистон аз ҳисоби вазъи номусоиди сиёсиву оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва минбаъд аз байн рафтани падидаи Президент дар ҷумҳурӣ он дертар ҷорӣ карда шуд..

Ҳамин тавр, бо мақсади рушди давлатдории миллӣ, таъмини пойдориву оромии кишвар, сулҳу суббот ва ваҳдат, рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва тараққии низоми комилан нави чамъиятӣ, мусоидат ба инкишофи демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеа, ба вуқуъ пайвастани дигаргуниҳои куллан ҷадид дар ҳаётӣ сиёсӣ, иқтисодӣ, ичтимоӣ ва фарҳангӣ, такмил додани асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рушди падидаҳои Президент ва парламент, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати онхо се маротиба: 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар робита ба ин, ба моддаҳои 48, 55 ва 69 Конститутсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, муқаррар карда шуд, ки Маҷлиси Олӣ – парламенти ҶТ – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҶТ мебошад.

Дар асоси тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташкил ёфта, бо ҳамин аз сохтори ягонаи нахустин Шуроҳо ва баъд Маҷлисҳо чун мақоми комилҳокимият даст кашид ва ин амал шакли ҳуқуқи пайдо кард. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолияти припсипан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуда, онро мутобиқи консепсияи тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ва робитаҳои мутақобилаи мақомоти он баррасӣ намуда, ҳамчун асоси бунёдии сохтори конститутсионӣ ва мақомоти мустақили намояндагӣ, ки ҳокимияти қонунгузориро ба амал меоварад, муаррифӣ мекунад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Таъсиси Маҷлиси Олии ҶТ қамчун мақоми намояндагӣ ва қонунгузор, ки дар қатори беҳтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатии ҶТ қарор дорад, дар таърихи сохти давлатдории ҷумҳурӣ на танҳо бо шаклу сохтори худ нав ва фарқкунанда мебошад, балки бо моҳияту ҳадафҳои дар пеш гузошташудааш, ҳамчунин, бо мақоми ишғолкардааш дар таҳкиму бақои сохти давлатдории навини тоҷикон ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ аст. Ташкилёбии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ шакли дупалатагии мақомоти қонунбарор ҳамчун ҷамъбаст ва натиҷаи истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миёни тоҷикон зоҳир гардида, аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ дар қатори вазифаҳои касбии худ – амри қонунгузорӣ ва намояндагӣ – ҷиҳати таҳкими бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа, густариши ҷараёни демократикунонӣ хидматҳои арзишманде ба анҷом расондаанд.

Ҳамин гуна, дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ҶТ аз 26-уми сентябри соли 1999 воридгардида салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин, гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар моддаҳои алоҳида пешбинӣ ва мушаххас карда шуданд.

Дар асоси банди 1 моддаи 69 Конститутсияи мамлакат Президенти ҶТ тибқи салоҳияти худ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд, ки қаблан ин салоҳиятро Маҷлиси Олии ҶТ дошт.

Тағйироти ба моддаи 55 Конститутсия воридгардида, муқаррар намуд, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои савганд ёд кардан, истеъфо ва шунидани Паёми Президенти ҶТ, инчунин, баррасии Паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, бидуни қабули қарор ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Тартиби гузаронидан ва шунидани Паёми Президенти ҶТ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки он бо қарори якҷояи ҳарду маҷлис тасдиқ шудааст, муқаррар намудааст.

МАНБАЪ: Фирӯз Сайнозимзода: “Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ”. Душанбе, 2024.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Тоҷикисон.

(Давом дорад)