Фоҷеа ва адиб. Хайрандеш: Сафар ба Кӯлоб
Дилам дигар тобу тоқат накард. Андешаамро ба дӯстам шоири ғазалсаро Даврони Давлат гуфтам:
– Биё Кӯлоб меравем.
Даврон ҳам розӣ шуду ҳарду бо мошини ӯ тақрибан соати се ба роҳ баромадем.
Ба Кӯлоб расидан замон аввал ба масҷиди Мулло Ҳайдар даромада, таҳорат кардем ва намози асрро гузоридем. Дар ҳаққи фавтидагон дуову фотиҳа хондем.
Дар назди дари масҷид аз забони мӯйсафеди нуроние фаҳмидем, ки чор нафарро ҳамин саҳар тақрибан соатҳои 4 – 5 дар ҳамин масҷид ҷаноза хонда, бурда ба хок супориданд.
Боқимондаҳо аз дигар минтақаҳои Кӯлоб будаанд.
Худованд ҳамаи қурбониёни ин фалокати даҳшатборро раҳмату мағфират кунад ва ҷояшонро ҷаннати ҷовидон гардонад ва ба маҷрӯҳон шифои комил ато фармояд.
Баъд ба ҷои ҳодиса рафтем. Аввалин чизе, ки ба чашмамон вар хӯрд, притсепи сап – сафеди ба сари мотамдорон рӯзи сиёҳ овардаи зарбхӯрдаи ҳамон дулан буд, ки дар канори раҳ ҳамчун гунаҳкори гуноҳи кабирае “хомӯшу малӯл” меистод. Гунаҳкори асосӣ – худи дулани маҷақшударо аз назарҳо дуртар дар наздикиҳои деҳаи Балховӣ бурда мондаанд.
Дар рӯ ба рӯи ин притсеп аз роҳ он тараф ҳавлии валангоршудае ба чашм мерасад, ки дар он ҳавлӣ ду бародар дар хонаҳои шафати ҳамдигар зиндагӣ мекарданд.
Дулан ба ҳамин хона – яъне, ба хонаи тӯйдор бо шаст бархӯрда, он ҳавливу хонаҳояшро валангор кардааст. Охирин нуқтае, ки шасти омадани мошинро гардонидааст, маҳз ҳамин хонаи тӯйдор буд. Девори ҳамсояаашро бошад, каме хароб кардааст. Яъне, зарбаи асосӣ ба тӯйхона расидааст.
Акнун он хонаҳо харобу валангоранд. Дар атрофи ин притсеп одамони зиёде давра – давра сӯҳбат мекарданд.
Ба яке аз ин давраҳо наздик шудем. Ду ҷавон ҳамаи ин воқеаро бо чашмони худ дида будастанд ва бо ҳазор ҳасрату андӯҳ ба атрофиёнашон нақл мекарданд. Аз ин сӯҳбат маълум шуд, ки то сар задани ин фоҷеа домод омада, алаккай арӯсро ба хонаи худ – ҳамагӣ 200 – 300 метр онтарафтар, наздики стадиони Кӯлоб бурда будааст. Домоду арӯс ҳарду дар амонанд ва он овозаҳо, ки гӯё онҳо ҳам фавтида бошанд, дурӯғ аст.
Дар ин фоҷиаи даҳшатбор модар ва додари арӯс ҳалок шуданд ва хоҳари арӯс дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дошта будааст. Ҳангоме ки ин сатрҳоро менавиштам, як ба саҳифаи фейсбукиам даромадам ва чашмам ба хабаре расид, ки навишта шуда буд:
Билохир, Мадина ҳам ҷон ба ҷонофарин супурд.
Аз хондани ин хабар ба баданам мурғак давид ва беҳолона худ ба худ мегуфтам: “Эй кош, ин Мадина боз ҳамон хоҳари арӯс набошад. Бе он ҳам дарди арӯс сахт вазнин аст.
Як тӯйи нозанин яку якбора ба мотам табдил ёфтааст. Як тани нозуки арӯс ин ҳама дардҳои вазнину ҷигарсӯзро чи тавр таҳаммул мекарда бошад? Худо ба душмани кас ин рӯзҳоро нишон надиҳад!
Аз нақли он ду ҷавон боз чизҳои зиёдеро низ фаҳмидем. Ду хонандаи хурдсоли мактабро низ ин дулани нобакори хонумонсӯз устухонҳояшонро шикаста ба хоку хун олуда кардааст. Як кемри – 2, як танген ва як ниваро низ ба ҳоли табоҳ овардааст. Дар кемри одам набудааст. Аксари одамони танген фавтидаанд. Дар нива фақат ронанда будааст, ки марги мудҳиш насибаш гаштааст.
Аз нақли онҳо маълум шуд, ки ронанда дар рости деҳаи Мӯмирак дар зери дарахти туте бо чанд ронандаи дигар каме дам гирифта будааст. Ҳангоми сӯҳбат бо онҳо гуфта будааст, ки аз ҳолати тормозам он қадар дилам пур нест.
Ҳамсӯҳбатон маслиҳат додаанд, ки беандешагӣ накун. Усто оварда, тормозро пурра таъмир карда, баъд ба роҳ баро.
Аммо ронанда гуфта будааст, ки ба чунин ҳолат бисёр дучор шудаам. Як илоҷ карда, бо скорс мефароям.
Он рафиқон боз таъкидаш кардаанд, ки зинҳор ин корро накун.
Бори дулану притсепат хеле вазнин асту нишебӣ тӯлонӣ. Аммо ронанда маслиҳати онҳоро напазируфта, мошинро ба роҳ даровардааст.
Ҳангоми ҳаракати мошин тормоз дигар нақапидааст. Скорс ҳам мадад накардааст. Ронанда даступохӯрда шуда, дигар аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромадааст. Дар ҳамон ҳолат ҳам ба кадом шиносаш дар назди бозори Сомониён занг задааст, ки мошинҳову одамҳоро аз сари роҳ дур кунед, ки ман дар чунин ҳолатам ва мошин бо шаст омада истодааст.
Вақте ки аз кӯпрӯки сойи Тебалай гузаштааст, дулан аз тарафи рост ба тарафи чапи раҳ гузашта, ба муқобили мошинҳои аз пеш омада ҳаракат карда будааст.
Ронанда сарашро аз мошин бароварда, ҷонҳавл бо дастонаш ишора мекардааст, ки аз сари роҳи мошин дур шавед. Аммо ҳазор афсӯс! Кори намешудагӣ шуд. Ҷисми беҷону хуншору хулбути ӯро низ ба зӯр аз кабина кашида бароварданд.
Як саросар ба ҷойи ҳодиса рафтему бо шоҳидони воқеа сӯҳбат кардему ҳамин гапҳоро шунидем ва бо дили пурхун ҳамроҳи Давронҷон ба Душанбе баргаштем.
Дар бозгашт баъзе андешаҳоямро ба Даврон гуфтам. Аз ҷумла иброз доштам, ки бояд масъулин ва дастандаркорони кишвар ҳарчи зудтар роҳи Саричашма – Шӯробод ва Чагам – Шӯроободро обод кунанд ва фураву камазу дуланҳо ва дигар мошинҳои борашон вазнин бо он роҳҳо раванд. Зеро он роҳҳо аз канори шаҳри Кӯлоб мегузаранд ва гардишҳо доранд. Нишебиҳо дошта бошанд ҳам, он нишебиҳо чун нишебии роҳи Мӯмирак барои мошинҳои борашон вазнин чандон хатарнок нестанд. Ва мабодо, Худое нокарда, чунин ҳолатҳо рух диҳанд ҳам, роҳҳо бештар аз кӯҳу дашт мегузаранд ва ҳаёти одамонро ба хатар намегузоранд. Охир пеш аз ин ҳам дар ин роҳ чанд садамаи дигар рух дода будааст.
Шоир Даврон Давлат дуруст ва айни мудао будани ин андешаи маро тасдиқ кард.
Аз саҳифаи шоири маъруф Хайрандеш дар Фейсбук