Фотеҳи қуллаҳои илми мантиқ. 80 соли профессор Неъматулло Сайфуллоев


Бидуни муболиға ва муҳобот, Сайфуллоев Неъматулло Мирзоевич, ки имрўзҳо 80 – умин солгарди зодрўзи шарифаш дар ватани азизамон истиқбол мешавад, аз нодиртарин ахтарони ситоразори илму фалсафаи тоҷик ба ҳисоб рафта, сифату хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, навиштаҳои писандидаи илмию таҳқиқотӣ, идеяҳои баланду бегазанди суханвариашон боиси ба миён омадани мактаби нави мантиқ дар кишварамон мебошад.

      Дар баробари дониши густурдаю тафаккури таҳлилӣ доштан тавозуъ, сабр ва қаноатмандӣ, ҳамеша дар ҷутуҷў ва таҳқиқ будан аз зумраи хислатҳоест, ки ин пажўҳандаи варзидаи тоҷик ба он мусаллаҳ гардидааст. Фикру андешаи ин олими маҳбубро сарфи назар аз шуғлу пеша ва омолу андешаи хеш, дигарон чун далелу бурҳон барои қабулу рад, ва тақвияти панду андарзи мусоҳиб ба сифати ҳикмати рўзгорон ба кор мебаранд. Воқеан, устодро метавон ҳамчун намунаи олие, дар маҷоли илмдўстиву эҷодкорӣ барои дўстон, ҳамкорон ва шогирдон шуморид.

      Муҳаққиқону пажўҳишгарон дар пайи кашфи асрори ниҳонӣ ва маъниҳои каломи муъҷизасони фалсафа умри худро сарфа месозанд. Дар ин росто, устод Сайфуллоев Неъматулло ба ҳар мартабае, ки расидааст, маҳз бо шарофати илмдўстиву донишандўзӣ будааст. Бо интихоби ин рисолат албатта, роҳи тўлонию доманадорро метавон тай кард, вале дар жарфноӣ таърих дар қатори дигар абармардони ватандўст ҷовидона ёдовар хоҳи шуд. Бешак, ба ин масъалаи мубрам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохўриҳояшон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеаи суханронӣ намуда, бо тафсиру тавсифи доманадор мақому ҷойгоҳи беназири олимону файласуфони кишварро меситоянд.

Яке аз зумраи ҳамин муҳаққиқони мўшикофи ватанӣ, ки ҳаёту зиндагӣ ва донишу таҷрибаи фаровони худро дар рушду ташаккули илм ва маориф сарф намудааст, профессор Неъматулло Мирзоевич мебошанд. Ў дар ду марҳилаи тахрихӣ – даврони шўравӣ ва истиқлол умр ба сар бурда, суннатҳои гаронмояи илмии гузаштагонамонро шарафмандона ва таҳаммулкорона давому ривоҷи дигаре бахшида, дар тамоми самтҳои илми фалсафа, махсусан, мантиқ, нақше носутурданӣ гузоштаанд.

     Имрўз устоди забардаст ба ҳаштодумин баҳори умри худ қадам мегузорад. Умре, ки дар соҳаҳои мухталифи илми гузаштаву ҳозираи ватаниву хориҷӣ рисолаву мақолаҳои зиёде қаламӣ кардаву дар конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ ба сифати як нафар мантиқшиносӣ беназир ва файласуфи пуркор ватанашро муаррифӣ кардааст.

     Китобе, ки ба хонандаи гиромӣ пешкаш мегардад, маҷмуаест, аз қаламкашиҳо, ки дўстон, ҳамкорон ва шогирдон паҳлуҳои гуногуни рўзгори фаъолияти устод Сайфуллоев Неъматуллоро бо камоли ихлосмандӣ наққошӣ кардаанд.

     Дар ин меҳрнома дўстон, ҳамкорон ва шогирдон устодро ба ин рўзи фархундаю хотирмон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, саодатмандӣ ва хотири ҷамъи бомуваффақиятро таманно менамоянд.

Ин сарсухани Бахтиёр Сулаймонӣ аз китоби “Фотеҳи қуллаҳои илми мантиқ” иқтибос шуд, ки ахиран дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Китобро шумо дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолеа намоед.

 Таҳияи Мавзуна Назарова.