Фронклин Люис – ойинадори фарҳанги форсӣ ва мубаллиғи каломи Мавлоно дар ҷаҳони ғарб

Франклин-Люис(аз матлаби доктори улуми филолгӣ, Шодимуҳаммади Суфизода барои Энсиклопедии Миллии Тоҷик)

Люуис ё Люис Д. Фронклин (анг. Franklin D. Lewis), аз эроншиносони номдори ҷаҳон, мавлоношинос, мутарҷим, синамошинос, устоди забону адабиёти форсӣ, ки дар Амрико кору зиндагӣ кардааст (24 .07. 1961, Вирҷиния – 19. 09. 2022, Чикаго).

Аз бузургтарин ҳомиёни фарҳангу забону адаби форсӣ дар ҷаҳони Ғарб шумурда мешавад ва дар радифи профессор Николсон ва Леонард Люисон номдортарин мавлавипажӯҳони ғарбист.

Доктор Люис забону адабиёти форсиро дар Донишгоҳи Беркли (Калифорния,1983) ва забони арабиро дар Донишгоҳи Линдзи (Англия, 1981–82) омӯхт. Соли 1995 дар бахши забону фарҳангҳои Шарқи Наздики Донишгоҳи Чикаго дар мавзуи «Рӯзгору осори Саноии Ғазнавӣ ва зуҳури ғазали ирфонии порсӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд (ин рисола ҳамон сол барандаи ҷоизаи Бунёди мутолиоти эрониён шуд). Солоҳои 1989–95 дар ҳамин донишгоҳ ва солҳои 1997–2005 дар факултаи мутолиоти Шарқи Миёна ва Осиёи Ҷанубии Донишгоҳи Эмор (Анталиё) аз фанни забону адабиёти порсӣ дарс додааст. Ҳамчунин дар Донишгоҳи Чикаго, солҳои 2005–15, ҳам ба тадрис ва ҳам ба таҳқиқи забону адабиёти порсӣ машғул гашт. Дар солҳои 2015–22 роҳбари факултаи забонҳо ва тамаддуни Шарқи Миёнаи ҳамин донишгоҳ, сарпарасти факултаи забонҳову тамаддунҳои Шарқи Миёна (солҳои 2002–12 ва 2016–20) ва сарвари Пажӯҳишгоҳи эроншиносии Амрико буд.

Бо ташаббуси Фронклин Люис ба бунёди «Анҷумани сухани форсӣ» (2011–22), ки ӯ худ дар Донишгоҳи Чикаго созмон дода буд, шумори зиёде аз пажӯҳишгарони забону адабиёти форсӣ аз манотиқи гуногуни Амрико ҷалб шуданд ва зери ҳимояту роҳнамоиҳояш дараҷаи баланди илмӣ ба даст оварданд. Люис ҳамчунин конуни «Адабиёт»-ро таъсис намуд, ки дар тули беш аз бист соли фаъолияташ чандин ҳамоиши байналмиллалии эроншиносӣ баргузор намуд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи Чикаго курси махсуси «Занон дар синамои Эрон», таърихи синамои Эрон ва Шарқи Миёнаву Осиёи Ҷанубиро таълим медод.

Доираи забону адабиёти классикию муосири порсӣ аз муҳиммтарин меҳварҳои таҳқиқоти доктор Фронклин Люис ба шумор меравад ва бештар ба адабиёти асрҳои 10–17, аз ҷумла, робитаи адабиёт ва дин, ба вижа, адабиёти ирфонӣ таваҷҷуҳ кардааст. Доктор Люис барҳақ аз барҷастатарин мавлавипажӯҳони Ғарб эътироф шудааст. Мавзуъи ирфон ва шеъри Ҷалолуддини Балхӣ ҳанӯз аз овони донишҷӯияш мояи таваҷҷуҳи ӯ гардид. Соли 2008 гулчине аз ашъори Мавлонро ба забони англисӣ тарҷима кард ва ҳамзамон ба таҳқиқи муҳимтари сарчашмаҳои илмӣ дар бораи зиндагии Мавлоно, аз қабили «Девони кабир», «Маориф»-и Баҳоувалад, «Мақолот»-и Шамс, «Маориф»-и Тирмизӣ ва «Мактубот»-и Мавлоно пардохт. Натиҷаи ин баррасиҳояш дар рисолаи «Мавлоно: дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб» (2000, тарҷумаи форсияш – 2008) бозтоб шуд. Фронклин Люис дар ин асар чандин пажӯҳиш пиромуни рӯзгору осори ҳазрати Мавлоно ва таърихи Мавлонопажӯҳиро дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон аз нигоҳи интиқодӣ баррасӣ намуд. Шарҳи рӯзгору андешаҳои Мавлонои Балх дар ин рисола бар асоси манбаъҳои муътабари таърихӣ ва воқеаҳои мустанад барқарор гардида, таъсири афкори ӯ ба мутафаккирон, адибон, ҳунармандон ва ҳатто сиёсатмадорони кишварҳои Шарқу Ғарб нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар ин китоб оид ба аксари андешамандону муҳаққиқони шарқию ғарбӣ, ки дар заминаи муаррифии Мавлоно ва осори ӯ таҳқиқоту тарҷума, сурудани ашъор, таҳияи барномаҳои мусиқӣ, намоишномаҳо, операву балетҳои марбут ба осор афкори ӯ эҷод кардаанд, сухан рафтааст. Люис, зимнан, бар пояи манобеи илмию таърихӣ таъкид мекунад, ки Мавлоно дар Вахш (Леваканд ё Сангтӯда)-и Тоҷикистони имрӯза, замоне падараш дар байни солҳои 1204–10 фақеҳи ин макон буд, ба дунё омадааст. Ин асари Люис донишномаи комиле дар мавлоношиносист, ки ба форсӣ, арабӣ, туркӣ ва донморкӣ баргардон ва сазовори чандин ҷоиза шудааст (ҷоизаҳои Анҷумани мутолиоти Шарқи Миёна ва «Ҷамъияти дӯстии Биритониё ва Кувайт»,2000; Бунёди Донишномаи Ираника, 2001; «Ҷоизаи Саъиди Сирҷонӣ», 2004).

Рисолаи дигари ӯ дар бораи Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, устоду муршиди Мавлоно, ҳанӯз чоп нашудааст. Соли 2004 китоби «Мақмот»-и Шайх Аҳмади Ҷом, маъруф ба Жандапилро ба инглисӣ баргардон ва мунташир намуд. Чандин мақолааш пиромуни Мавлоно ва «Маснавии маънавӣ»-и ӯ дар Донишномаи Иронико ва нашрияҳои маъруфи инглисӣ чоп шудаанд («Ҳофиз ва риндӣ», «Ҳофиз ва мусиқӣ», «Гулистон»-и Саъдӣ ва ғ.). Доктор Люис масъул ва муҳаррири вижаномаи маҷаллаи Мутолиоти эроншиносӣ (Iranian Studies) бахшида ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва адабиёти ҷаҳон» (2015) аст. Ӯ бо муассисаҳои муътабаре, ҳамчун Донишномаи Қуръон, Донишномаи адён, Донишномаи андешаи сиёсии ислом, Донишномаи назм ва поэтикаи Принсетон ва чанди дигар дар Арико ҳамкорӣ кардааст.

Мавлонои Балх

Адабиёти муосири Эрон аз дигар бахши пажӯҳишҳои пурсамари Люис ба шумор меравад. Мақолаҳои ӯ доир ба мавзуҳои мухталифи адабиёти форсии тоҷикӣ дар заминаи равишҳои навини назарияи адабиёт, аз қабили ҳерменевтика, падидоршиносӣ, ривоятшиносӣ, ҷомеашиносии адабиёт ва ғайра дар маҷаллаҳои илмии ИМА, Британия ва Эрон мунташир шудаанд. Чандин маҷмуаи мақолоти илмӣ, тарҷумаҳо ва вижаномаи маҷаллаҳое бахшида ба Фирдавсӣ ва адабиёти ҷаҳон (2015) ва Ҷалолуддини Балхӣ бо таҳияву таҳрири ӯ нашр шудаанд. Ӯ ҳамчунин достонҳои кӯтоҳе аз адибони муосири эронӣ Ҳушанги Гулширӣ, Симини Донишвар, Гулии Тараққӣ ва чанде аз занони насрнависи эрониро ба забон англисӣ тарҷума ва мунташир кард (1996).

Фронклин Люис тарҷумони моҳири шеъри классик ва назму насри муосири форсӣ буд. Тарҷумаҳояш таҳти унвони «Ғазалиёти мунтахаби Мавлоно» (2008), романи «Чароғҳоро ман хомӯш мекунам»-и Зуёи Пирзод (2012), достони «Маъсумаи Шерозӣ»-и Ҷамолзода Муҳаммадалӣ (2013) аз корҳои шоёни ӯ дар ин заминаанд. Осори Люис чи ба унвони олим, чи ба унвони тарҷумон бо андешаи жарфи филологӣ, эҳсоси зарифи олимона нисбат ба нозукиҳои балоғӣ, сароҳати андеша ва дарки дақиқу дуруст аз корҳои дигаре, ки дар ин замина сурат пазируфтааст, дорои арзиши баланди илмиянд.

Донишманду соҳибназари эронӣ, Ҳасани Лоҳутӣ, ки аз тарҷумонҳои осори Фронклин Люис аст (аз ҷумла китоби «Мавлоно: дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб»-ӯро соли 2008 баргардон ва чоп кардааст) пиромуни мақому мартабати ин эроншиноси амрикоии ошиқ ба фарҳангу хиради ҷаҳонсози форсӣ ин гуна ёддошт медиҳад:

«Доктор Луйис инсоне бузургвор, росткирдор, дурустгуфтор ва амин ба маънои тамоми калима буд… Ӯ дар кори пажӯҳишгарӣ худро муқайяд ба риъояти мавозини илмӣ ва пойбандӣ ба усули ахлоқӣ ва шарофати инсонӣ медонист. Бисёре аз осори достоннависони имрӯзи Эронро ба забони инглисӣ тарҷума карда ва охирин асаре, ки аз ӯ мунташир шуда (соли 2007) тарҷумаи ҳамроҳ бо ҳавошии китоби Мақомоти орифи бузург, Шайх Аҳмади Ҷом, маъруф ба Жандапил аст… Ин талошҳои олимона нишон медиҳад, ки ӯ дар роҳи муаррифии фарҳанги эронӣ ба ҷомеъаи донишгоҳӣ ва ғайридонишгоҳии Ғарб бо қадами сидқ гом мебардорад ва ин хислати инсонии ӯ дар водии пажӯҳишгарӣ ситуданист».

Доктор Люис узви «Анҷумани устодони забони форсӣ» (1997–2022), узви «Пажӯҳишгоҳи эроншиносии Амрико» (2002–22) ва сарвари он (2002–15, 2017–22), узви «Анҷумани ховаршиносони Амрико» (2002–15, 2017–22), узви «Анҷумани мутарҷимони бадеии Амрико» (1999–2000), узви «Конуни мутолиоти Шарқи Миёнаи Британия» (2000–05), «Конуни байналмилалии мутолеоти эроншиносӣ» (1989–2022) ва ғайра буд. Бо роҳбарии ӯ барномаи тобистонаи забономӯзии Пажӯҳишгоҳи эроншиносии Амрико дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) фаъолият мекард (2007–12).