«Фурўғи  субҳи  доноӣ китоб аст» – равзаи худшиносӣ

Мутолиаи  китоб  мисли пошидани атр ба бадан мебошад, ки бўйи хушу  мушкбори он то дер боз дар машоми  инсон  боқӣ  мемонад.

   Воқеан,  китоб – шаҳсутуни  илму фарҳанг ва тамаддуни  оламшумули ҳар як халқу миллат  арзёби мегардад. Донишҳои ирсие, ки аз насл ба насл интиқол  меёбад,  маҳз  китобро  сарчашмаи  асили муътамад ангошта, ба василаи он фанҳои  мухталифро ба ояндагон  меомўзанд. Бузургони  нуқтасанҷу  орифони  адабгустар  амалкарди  китобро  бешак  орӣ  аз  фоидаҳо нашумурда,  онро  ҳамчун  марҳалаи гузариш  аз  олами  торику  зулмонӣ  ба  олами  нурафкани илму дониш медонанд.

                       Сарчашмаи илму донишу кор китоб аст,

                       Дунёи адолати шарафбор китоб аст.

                       Меҳри азими хеш бар  он бигзоред ,

                       Зеро,  ки  ҳаётро  абадёр  китоб  аст.

 Китоб – курси  шифои  гирифторони  марази  нодониву  ҷаҳолат  маҳсуб  меёбад,  ки усули беҳтарини наҷот  аз  ин  бемории нанговар  руй овардан  ба мутолиаи он  мебошад.  Дар асл мутолиаи китоб  ҳар як фарди  солимфикрро  ба  андешаронӣ водор  месозад  ва ақлу заковати ўро мунаввар мегардонад.  Инсон агар шавқ  ва  қариҳаи  беандоза зоҳир намояд, пас дар ин вазъ метавонад дустии муштаракро  миёни хеш ва  китоб  созмон  диҳад  ва  дар  раванди  мутолиаи  китоб  саҳафоти онро  бо  саҳифаҳои рангини хаёл ҷур  созад,  то ки тафаккур ва шуури маънавии  хешро  ғановатманд  гардонад.

            Қобили  қайд  аст,  ки  дар Тоҷикистони  гулфишони  мо  се сол боз бо ибтикори  Пешвои  фарҳангпарвари  миллат  вижа- озмуни ҷумҳуриявии  «Фурўғи  субҳи  доноӣ китоб аст»  баҳри  ҷалб намудани  қишрҳои мухталифи ҷомеъа  ба китобхонӣ  ва бардоштани  фарҳанги миллӣ,  алалхусус  танвири  афкори ҷавонону наврасон  шароити арзанда ва мусоид фароҳам  меоварад  ва  дар  ниҳоди  эшон  руҳияи ватандўстиро бедор месозад.

Шинохти ҳуввияти миллӣ, ҳифозат аз маслаки номуси ватандорӣ, арҷгузорӣ  ба  мероси  пурғановат  ва  гаронмояи  ниёгон ва  авлавияти  илму  фарҳангро  талқин менамояд. Маҳаки асосии озмуни мазкур  қабл аз ҳама  худшиносии миллӣ  дониста мешавад,  чунки  аз  тариқи ин падидаи  хушоянд  метавон аз суннату  анъанаҳои  волои  моддиву  маънавии  ниёгон  огаҳи пайдо намуд.  Зикр  зарур  аст,  ки озмуни   «Фурўғи  субҳи  доноӣ китоб аст»  дорои қувваи ҷозибаи бузургест,  ки  ҳаводорон  ва  дилбастагони  илму  адаби  нотакрори  тоҷикро  чун  оҳанрабо ба сўйи худ ҷалб менамояд. Аз нуқтаи  назари  мутахассисин мо  дар  замоне  зиндагӣ дорем, ки  бархурди  тамадунҳо  бо омилҳои гуногун ва натиҷаҳои зидду нақиз ба афкори мардум бетаъсир  намемонад.

             Бешубҳа, зиракии сиёсиеро, ки сарвари  давлат ихтор  медиҳанд,  метавон  дар  перомуни  озмуни   «Фурўғи  субҳи  доноӣ китоб аст»  дарёфт.  Бо назардошти он  роиҷ аст, ки ин падидаи фарҳангиро ба руди саршор  аз илму маонӣ ташбеҳ  диҳем  ғаввоси он  бо  каломи  шадафкани  уламову  удабо  ва  қаламкашони  борикназар  сероб  мегардан.

                          Ҷўш зад дар Тоҷикистон  рўд бо  номи  «Фурўғ»,

                          Бо калом сероб созад ташнагони илмро.

Яке аз  ҷанбаҳои дигари  муфиди  озмуни  мазкур   дар  он  аст, ки ширкатварзони он ба ин васила имкон доранд забони адабии  тоҷикиро дар ҳадди камол  биёмўзанд  ва  аз  осори  шакарфишони  нависандагону шуарои дохиливу хориҷӣ  баҳравар  гарданд. Ин  баҳори  атрфишони китоб  ғунчаҳои  адабиеро  парвариш  медиҳад,  ки ояндаи пурсамари  миллати тоҷик  ба  зиммаи  онҳо вогузор  карда мешавад.

              Дар ниҳоят  озмуни «Фурўғи  субҳи доноӣ китоб аст»- ро  пайвандгари  наслҳо  гуем саҳв нахоҳем кард, чунки  наслҳои гузаштаи  ифтихорманди  миллатро дар симои  устод  Рудакӣ,  Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз,  Мавлоно, Ҷомӣ,  Бедил, Камол,  Шоҳин,  Аҳмади Дониш,  Айнӣ, Лоҳуӣ, Турсунзода, Улуғзода, Икромӣ, Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар  ва дигарон ба наслҳои имрўзаву оянда мешиносанд.

Меҳрнигор Каримова, мутахассиси Маркази “Конуни забони тоҷикӣ” ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ.