Фурӯғ аз назари Фарзона. Дарёи сӯзон

Фурӯғ ва ФарзонаФурӯғи Фаррухзодро хеле дер шинохтам: дар нуздаҳсолагӣ. Дар он марҳалаи зиндагӣ, ки дигарон он дам ба худсозӣ шурӯъ мекунанд. Фурӯғ растохезе овард ба ҷаҳони беҳаракоти ман, садои нуқрагини об овард ба олами шаболудаам, ки бӯи хоб мекард, пардаҳои ибҳомро аз чашми ман дарҳам афканд ва гуфт: – Зиндагиро бин! Чӣ басо заминиву зебо, чӣ басо самимию равшан шеъри ӯ бо ман ҳарф зад. Он рӯзгор ман Фурӯғро, шоири дили худро ёфтам ва ҳаргиз гумон набурдам, ки рӯзе аз таҷоруби ӯ чизе хоҳам бардошт ва аз каломаш вом хоҳам гирифт. Ва ончунон ӯро дар худ ҷо хоҳам дод, ки дигарон маро сояи Фурӯғ гӯянд. Вале он дигаронро бо он ки барҳақ меандешанд ё баноҳақ, мегузорам ва боз ба Фурӯғ бармегардам. Ба он бузургиву содагиву наҷобат, ки ӯ месуруд.

Байте аз Шайх Камол ба ёдам меояд:

Дар сухан лутфи илоҳӣ ба ту ёр аст, Камол,
Варна сад сол ба фикр ин суханон натвон гуфт.

Истеъдоду қариҳаи фитрии Фурӯғ бениҳоят аст ва гоҳе дар чашми ман менамуд, ки ӯ ҳамаи роҳҳоро осон сипардаву ҳарфҳоро бидкни мушкил гуфта бошад. Баъдтар чун бо андешаҳояш роҷеъ ба шеър ошно шудам, дарёфтам, ки рушду булуғи Фурӯғ, он тавр, ки ман мепиндоштам, осон сурат нагирифтааст. Он сон, ки худаш мегӯяд: «Мехоҳам бигӯям, ки ҳатто баъди хондани Нимо ҳам ман шеърҳои бад хеле зиёд гуфтаам. Ман эҳтиёҷ доштам, ки дар худам рушд кунам ва ин рушд замон мехост ва мехоҳад. Бо қурсҳои витомин намешавад якмартаба қад кашид. Қад кашидан зоҳирист, устухонҳо дар худашон наметарканд».

Муҳаққиқон борҳо иртиботи номҳои маҷмӯоти «Асир», «Девор», «Исён» ва «Таваллуде дигар»-ро бо марҳалаҳои зиндагии Фурӯғ ёдовар шудаанд. Бо он ки «Асир» ва «Девор» ишоратест ба зиндагонии асиронаи Фурӯғ дар муҳити сарди хонаводагӣ, ки падару модари сахтгираш фароҳам оварда буданд ва дар хонаи шавҳар, ки давоми он зиндагӣ буд ё аз он ҳам бадтар. «Исён» ҳалқаҳои завлонаро аз ҳам шикастан буд ва худро ба сӯи озодиҳо бурдан ва баъд марҳалаи тоза шурӯъ шуд, оғози зиндагии ҳақиқӣ, ки «Таваллуде дигар» ном гирифт. Чун шеъри «Таваллуде дигар», ки андаруни маҷмӯа омадааст, эҳдо ба филмбардори машҳури эронӣ Иброҳими Гулистон аст, ҳама маънӣ гирифтанд, ки бо ишқи ин ҳунарвари эъҷозкор барои Фурӯғ зиндагии ҳақиқии ҳунарӣ оғоз шуд. Ман ин номҳоро барои худ андак дигаргунатар тафсир кардаам. «Асир» ва «Девор» дар замоне ба зуҳур омадаанд, ки Фурӯғ ҳанӯз дар деворҳои дунёи хонаводагии худаш равзана меҷуст ба дунёи бузургтар, ҳанӯз асири он калимоту самбулҳои маъмуле буд, ки аз дигарон буданд ва ба парниёни ҳарири шеъри ӯ дарбеҳ мешуданд. Ин давраи ҷустуҷӯҳо буду талошҳо барои аз ҳама муҳосираҳои рӯҳӣ раҳо шудан ва худро офаридан. Ин даврае буд, ки ӯ ҳамчун Шоир дар батн шакл мегирифт ва рӯзе бояд ба тамомӣ мерасиду берун меомад ва ин лаҳазоти берун омаданро ӯ «Исён» ном дод ва баъд таваллуд шуд Шоири комил, Шоире, ки буданаш мехост.

Чанд сол пеш, вақте Муҳиддини Олимпур сабти овози Фурӯғро, ки шеъри имрӯз ё ба истилоҳ шеъри сафед хондааст, бароям шунавонид, ман дар баробари он фазои густарда ҳайрон мондам. Ин тариқи ба форсӣ сухан гуфтан ҳанӯз барои ман ноошно буд. Зеҳни ман, ки ҳамеша аз ашъори суннатӣ, ки зарбею тамкине дорад ва садоҳову рангҳову эҳсосу растагориҳо низ дар ҳисори аркони арӯз сурат мегиранд, пур буд ва ман омода набудам, дар ин фазои нав фикрамро парвоз диҳам. Яъне он вақт он ашъори Фурӯғро нафаҳмидам ва ба шеъри суннатияш дил бастам, вале пеши худ меандешидам, ки Фурӯғ як давраи том ғазал гуфтааст, басо мароҳилро аз шеъри анъана сипарӣ кардааст, то оқибат дар шеъри озод худро онгуна, ки мехост, офаридааст. Маҷмӯаи «Таваллуде дигар», ки нуқтаи авҷ аст дар шеъри Фурӯғ, танҳо як ғазал дорад, дигар боқӣ ҳама ашъори мутанаввеъ ҳастанд. Аммо он ғазал ҳам он чунон Фурӯғомез шудааст, ки нақши хутути гӯяндааш равшан ба назар меояд:

Рагбори навбаҳориву хоби даричаро
Бо зарбаҳои васваса мағшуш мекунӣ.

Эй моҳии тилоии мурдоби хуни ман,
Хуш бод мастият, ки маро нӯш мекунӣ.

Ту дарраи бунафши ғурубӣ, ки рӯзро
Дар сина мефишориву хомӯш мекунӣ.

Ӯ тамоми он самбулҳову устураҳои ҳазорсоларо, ки оростагари ғазал буданд, сӯе гузоштааст ва маънию калимотро аз ҷаҳони худ гирифтааст: аз он тиреза, ки сукути шабонгоҳияшро зарбаи борони навбаҳор мешиканад, аз он ёри ташнадил, ки бодаи ин вуҷуди бонаҷобатро (ки худро шабиҳи мурдоб медонад) менӯшаду маст аст. Он ёр, ки лаҳзае пеш мушобеҳи моҳии тило буд, инак ғурубест, ки рӯзро (Фурӯғро, ки лаҳзае пеш мурдоб буд) сахт ба канор мегирад ва ҳамчунин вожаҳои дарича, мурдоб, ғуруб, фишурдан, ки писанди Фурӯғанд ва ҳамеша ба такрор меоянд. Магар шоири мард метавонад ҳамин гуна зебо андешад, ба ҳар лаҳза фикраш тағйир хӯрад ва ин қадар самимӣ бошад?!

Ман фикр мекунам, ки Фурӯғ барои шеъраш хеле вақт пироҳани муносиб ҷустааст, пироҳане, ки дар он ҳама тани пуршукӯҳи шеъраш бо он рӯҳи ношикебо ҷо шаванд, вале баъд дарёфтааст, ки беҳтарин пироҳан барои шеър урёнист. Урёнӣ! Яъне, чӣ гуна урёнӣ? Урёнии оина, урёнии об. Агар ба рӯи оина парда кашед, ҷавҳараш нонамо мешавад, пас шумо худро чӣ гуна мебинед? Ва чӣ об аст обе, ки кулоҳи хасиву пироҳане аз кафки собун дошта бошад. Обу оина урёнӣ мехоҳанд, зеро урёнӣ барои онҳо айни покизагист. Ба гуфти Фурӯғ:

Сухан аз зиндагии нуқрагии овозест,
Ки саҳаргоҳон фаввораи кӯчак мехонд.

Фурӯғ дар шакли шеъри суннатӣ низ бисёр кор кардааст. Ӯ он эҳсоси шабехунзани худро дар авзони гумному азёдрафтаи арӯзи форсӣ рехтааст:

  1. Ман, ки дар мактаби рӯъёии Зӯҳра

Расми афсунгарӣ омӯхта будам.

(баҳри рамали махбун)

  1. Дасти мармузе маро чун заврақи ларзон

Мекашад порузанон дар коми тӯфонҳо.

(рамали маҳзуф)

  1. Гар Худо будам, малоикро шабе фарёд мекардам,

Оби Кавсарро даруни кӯраи дӯзах биҷӯшонанд.

(рамали маҳзуфи мусаббағ)

  1. Боз ман мондаму хилвате сард,

Хотироте зи бигзаштаи дур.

(мутадорики маҳзуфи мусаббағ)

  1. Миёни торикӣ

Туро садо кардам.

(муҷтасси махбуни аслам)

 Дар ин авзон шуарои классик ва муосир хеле кам сурудаанд. Шояд Фурӯғ аввал мехост ҳама растгориҳои рӯҳашро бо илоҷе дар авзони гуногуни арӯз ҷо диҳад. Ман аз ранҷҳои рӯҳи Мавлавӣ ёд меорам, ки мегуфт: «Муфтаилун муфтаилун муфтаилун кушт маро». Арӯзи форсӣ камтар аз уқёнусе нест, аммо уқёнуси Мавлавӣ лабрезтар, густардатар, бузургтар аст. Вақте ӯ он уқёнуси беҳудудашро дар он уқёнуси кӯчак рехт, чӣ дамидагиҳое шуд.

Баъдтар ман ба шеъри имрӯзи Фурӯғ ворид шудам ва даррасидам, ки дар он чизе маснӯиву дурӯғин нест. Ин обе нест, ки ба андозаи як ҷӯйбор ҷорӣ шавад ва ҳаракати муайяне дошта бошад. Аммо Ҳофиз, Ҳофизи беназир ҳам, ки ҳаракати фикру эҳсосаш ҳамеша самт дигар мекард ва дар як ғазалаш чандин мазомину мавзӯоте, ки равобити зоҳирӣ надоштанд, ба ҳам меомаданд, он ҳамаро дар маъмултарин қолабҳои арӯз мерехт. Шеъри имрӯз, бо он ки барои гуфтаниҳо имконоти бузург густард, ҳаргиз натавонист ба он пояе расад, ки шеъри суннатӣ бо он фишурдагиҳову маҳдудии масоҳати имкон расидааст. Шояд ин таҷриба ҳам замон мехоҳад. Аз ин рӯ, ман шеъри Фурӯғро на барои шеъри анъана ё нав буданаш, балки барои шеъри рӯҳи ман буданаш дӯст медорам. Барои ман шигифтангез аст, ки ӯ чӣ басо содаву бепирояву заминӣ сухан мегӯяд, дар ҳоле, ки рӯҳаш бегумон то нӯҳ осмон уруҷ кардааст ва маконҳову ломаконҳоро сипардааст. Вақте ӯ мегӯяд:

Эй ҳафтсолагӣ!

Баъд аз ту, ки ҷои бозимон зери миз буд,

Аз зери мизҳо

Ба пушти мизҳо

Ва аз пушти мизҳо

Ба рӯи мизҳо расидем.

Ва аз рӯи мизҳо бозӣ кардем

Ва бохтем, ранги туро бохтем.

Ҳар касе ҳам, ки маънишинос нест, ин ҳарфҳоро мефаҳмад ва андӯҳи бохтанро эҳсос мекунад. Ман ҳам ӯро чӣ хуб мефаҳмам, вале дар баробари ин мефаҳмам, ки ин гуна хуб худам наметавонам чизе бигӯям.

Вақте Фурӯғ худро сохт, ҷурмҳои осори пешинаш пеши чашмаш бузургтар шуданд. Забону фурми он сурудаҳо ранги кӯҳнагӣ мекарданд, аммо нигоҳ нав буд. Ин нигоҳи густардаву рабояндае буд, ки пӯстро мешикофид ва мағзро ташхис мекард. Вақте ман шеъри «Офтоб мешавад»-ро хондам, бисёр хушам омад ва аз бар кардам. Аммо дертар бароям маълум шуд, ки Фурӯғ ин шеърро рӯъёиву мавҳум номидааст. Фурӯғ намехост аз ҳаво сухан гӯяд дар ҳоле, ки зиндагии ҳаққонӣ ҳаст, ашё ҳаст, воқеа ҳаст, инсон ҳаст.

Ту омадӣ зи дурҳову дурҳо,

Зи сарзамини атрҳову нурҳо.

Нишондаӣ кунун маро ба заврақе

Зи абрҳо, зи оҷҳо, булӯрҳо…

(«Офтоб мешавад»)

Барои ман ин тариқи сухан гуфтан мушобеҳи парвоз кардан аст. Зиҳни ман ҳамеша пур аст аз чунин парвоз, аз чунин манзараҳои рӯъёӣ, ангораҳои румонтикӣ. Ва ман, бе он, ки хоста бошам, аз ҳақиқати зиндагӣ мегурезам ба оғӯши он дунёи рӯҳонии зебо, ки одамҳояш, гулу гиёҳаш, осмону заминаш бӯи наҷобат мекунанд. Аммо Фурӯғ пайкари худрову рӯҳи худро бо зиндагӣ оштӣ додааст: бо зиндагие, ки бо ҳар чӣ талх, бо ҳар чӣ ширин, бо ҳар чӣ хубу бо ҳар чӣ зишт, бо ҳар чӣ поку бо ҳар чӣ олуда маҷмӯаест бетафсир. Ва Фурӯғ ҳаргиз мунзавие нест, ки сухан аз гирудори майдон гӯяд. Ӯ ҳамон ҷост, андаруни ҷӯшишҳои майдон. Вуҷуди пазмони ӯ лаҳзаҳоро осон раҳо карданӣ нест, чизе бардоштанист:

Мемакам бо вуҷуди ташнаи худ

Хуни сӯзони лаҳзаҳои туро.

Ончунон аз ту ком мегирам,

То ба хашм оварам худои туро.

Ва ин вуҷуди ташна овоз медиҳад:

Ҳаргиз орзу накардаам,

Як ситора дар сароби осмон шавам.

Ё чу рӯҳи баргузидагон

Ҳамнишини хомуши фариштагон шавам.

Ҳаргиз аз замин ҷудо набудаам,

Бо ситора ошно набудаам.

 Фурӯғ ҳаргиз аз корбасти вожаҳое, ки моли шеър набуданд, парҳез намекунад ва мегӯяд: « ба ман чӣ, ки ин калимот шоирона набуданд. Ҷон, ки доранд, шоиронаашон мекунем». Дар шеъре омадааст:

Овози гунги ҳамҳамаи қурбоғаҳо

Печида дар сукути пур аз рози нимашаб.

Қурбоға чӣ мавҷуди дағал аст. Ҳам худаш ва ҳам номаш. Аммо ин дуруштиву зиштӣ батамом барҳам мехӯрад, вақте ба шеъри Фурӯғ ворид мешавад. Ба шеъри ваҳшии худрӯй, ба шеъре, ки ороиши маснӯиро хуш надорад, ба шеъре, ки тамомии зебоияш дар ҳақиқати самимонаи ӯст:

Маъшуқи ман

Бо хулус дӯст медорад

Як кӯчабоғи деҳкадаро,

Як дарахтро,

Як зарф бастаниро,

Як банд рахтро.

Оре, дар доираи муқаррарот аст, вақте касе як кӯчабоғи деҳкадарову як дарахтро, як банди рахтро ва… яхмосро дӯст медорад. Аммо чӣ басо ғайримунтазира аст ин дӯстдоштанҳо (бахусус яхмосро) дар андаруни шеър бе ҳеч дарбеҳу кӯк задане омада бошанд.

Ва саранҷом ту дар финҷони чой фурӯ хоҳӣ рафт

Мисли қоиқ дар об.

Ғариб аст дар назари ман чой ва рухсати вуруд гирифтани ӯ ба шеър. Аммо чаро рухсат надошта бошад? Чаро ҳазорон ҳазор мафҳуми мубҳами рӯъёӣ ҳаққи дар шеър будан доранд, аммо «чой», ки ҳамарӯза чандин бор бо он дар зиндагии худ бархурд мекунем, не. Бешак, мешавад ин чунин вожаҳоро дар шеър ҷо дод, аммо чӣ душвор аст анҷом додани кори бесобиқа. Осонтарин роҳ боз ҳамон гулу булбулу шамъу парвонаву тӯтию қумриро ба мадад хондан ва дар паноҳи сухани гузаштагони бузург осудан аст. Аммо Фурӯғ куҷову сояи ҷустанҳову хира монданҳо.

Касе ба он авҷи офтобии сухан чун Фурӯғ бебоку зебо раҳ накушодааст. Бонуе дар меҳроби дилҳо ингуна равшанчироғе наафрӯхтааст, ки Фурӯғ. Бонуе, ки вуҷудаш ва рӯҳаш ҳама фарёди зебоӣ буданд.

Фурӯғ ҳаргиз аз кашидани парда ва тамошои тани ба бепарда сухан мегӯяд ва ҳақиқати худро мекушояд. Хаёле ҳам намекунад, ки агар рӯҳониён мехонанд, чӣ мегӯянд ва агар вазирон мехонанд ё чӯпонон. Не, ӯ ба рӯҳи худ меандешад ва ба ин роҳи кӯтоҳ, ки аз фосилаи мелод то марг вуҷуд дорад. Ва агар чизеро ҳам пинҳон медошт, ӯ ба худ хиёнат мекард, зеро миёни ӯ ва хонандааш девор сар мекашид, инҳо ба ҳам маҳрам намешуданд.

Воқеан, ду сол пеш, дар шаби шеъру қисса, ки дар Қасри адибони устод Турсунзода доир шуд, вақте аз ин хусус ақидаи маро пурсон шуданд, гуфта будам: Ман пешорӯи ҷаҳони танги худам дунёи бузурги шеъри Фурӯғро мебинам ва ҳар чиро, ки ӯ гуфта бошад, эҳтиром мегузорам. Фақат дар мавриди он ки як зани Шарқ, ки шоири нобиға ҳам ҳаст, чӣ тавр ба худ иҷозат медиҳад тафсилоти шабистонро ба берун кашонад, каме ҳайронам. Дар назари ман ин ба ҳаддҳои худовандӣ таҷовуз кардан аст». Ин суханҳои ман қисме аз нишастагонро хуш наомад ва ишораҳое ҳам буданд, ки ту Фурӯғро маърифат накардӣ, ҳақиқати ӯро нашинохтӣ, ба паҳнояш нарасидӣ ва ғайра. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Ман ҳам ба хотири муҳаббати бузурге, ки ба Фурӯғ дорам, ҳамеша барои ҳаққонияти ӯ далел меёбам, вале дар баробари ин ақидаи боло таркам намекунад.

Фурӯғ дар мавриди шеъри Нимо Юшиж, нахустин гӯяндаи шеъри нав гуфта буд, ки «Ман ҳаргиз намехоҳам муқаллиди бевиҷдони Нимо бошам». Ман ҳам ҳаргиз намехостам муқаллиди маънирабои Фурӯғи Фаррухзод бошам ё Ахавони Солис, ё Сипеҳрӣ, ё устодон Лоиқу Гулрухсор ё каси дигар. Барои ман бисёр гарон аст, вақте суханҳои назарногиронаи дӯстони ҳамзабон ё худи тоҷиконро дар хусуси шеъри имрӯзи Тоҷикистон мешунавам. Ва мегӯям: «Не, набояд чунин бошад, вақте ки шеъри устод Лоиқ ва ҳамнаслони ӯ ҳаст, шеъре, ки бисёр рӯҳҳову мағзҳои яхбастаро завқи таҷаддуд бахшид». Ин мавриди гуфтугӯи дигар аст. Ҳоло бармегардам ба Фурӯғ. Ин ҷо камтарин чизе роҷеъ ба Фурӯғ, ки дар зеҳни ман буд, берун омад. Ин як назари сарсарии сабуксайре буд ба он дарёи жарфнои пургавҳар, ки номаш Фурӯғ аст. Ин дарёи мӯъҷиза аст ё дарёи сӯзон. Ва ман, мане, ки аз обу оташ метарсам, дар соҳили ин дарё нишастаам ва меандешам, ки чӣ гуна худро бояд созам. Ва овози Шайх Саъдӣ посухам мегӯяд:

Ба дарё марав, гуфтамат зинҳор

В-агар меравӣ, тан ба тӯфон супор!

Соли 1993

Аз китоби тозанашри “Қанди баста”, Хуҷанд 2024

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.