«Фурӯғ ва таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлоли давлатӣ» дар Маҳфили адабии «Сад дорандаи ҷоизаи Нобел»

25 августи соли 2026 дар толори Шуъбаи адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии «Сад дорандаи ҷоизаи Нобел» бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фурӯғ ва таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.

Маҳфили мазкур бо ташаббуси Шуъбаи адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор шуда, ҳадафи он тарғиби фарҳанги китобхонӣ, ҷалби хонандагон ба мутолиаи адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ, боло бурдани завқи адабӣ ва таҳкими маърифати фарҳангии ҷомеа буд.

Дар маҳфил ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ду чеҳраи маъруфи адабиёти ҷаҳонӣ — барандагони ҷоизаи Нобели адабиёт Светлана Алексиевич ва Михаил Шолохов — таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Нишаст бо сухани ифтитоҳии муовини аввали директори китобхона Салима Раҷабзода оғоз ёфт. Номбурда меҳмонони маҳфил — адабиётшинос, пажӯҳишгар, тарҷумон ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 Фариса Холиқоваро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, доир ба ҳадаф ва аҳамияти баргузории маҳфил маълумот пешниҳод кард.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки китоб ва китобхонӣ дар рушди маънавии инсон ва ҷомеа нақши муҳим дошта, мутолиаи адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури таҳлилӣ ва баланд гардидани маърифати хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин, нақши мутолиа дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фарҳанги китобхонӣ таъкид карда шуд.

Дар идомаи маҳфил Ҳафиз Раҳмон ва Фариса Холиқова доир ба ҳаёт, фаъолияти адабӣ ва осори Светлана Алексиевич ва Михаил Шолоховсуханронӣ намуда, ҷойгоҳи ин адибони маъруфро дар адабиёти рус ва ҷаҳон мавриди таҳлил қарор доданд.

Ҳафиз Раҳмон зимни баррасии осори адибони мазкур ба вижагиҳои эҷодии онҳо таваҷҷуҳ намуда, андешаҳои худро роҷеъ ба нақши адабиёти ҷаҳонӣ дар ташаккули завқи адабии хонандагон баён кард. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҳар хонанда метавонад аз як асари бадеӣ вобаста ба ҷаҳонбинӣ, сатҳи маънавӣ ва таҷрибаи зиндагии худ бардошти гуногун дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин хусусият яке аз имкониятҳои арзишманди адабиёти бадеӣ ба шумор меравад, зеро он хонандаро ба андешидан, муқоиса кардан ва мустақилона хулоса баровардан водор месозад.

Дар рафти маҳфил масъалаҳои марбут ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон дар хусуси тарзи омодасозии дафтари довталаб, мутобиқати асарҳои мутолеашаванда ба синну соли иштирокдорон, интихоби дурусти асарҳо, жанрҳои адабӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба мутолиа суолҳо пешниҳод карданд.

Ба суолҳои иштирокдорон Ҳафиз Раҳмон бо шарҳу тавзеҳи муфассал посух дода, таъкид намуд, ки муносибати ҳар шахс ба асари муайяни адабӣ ва бардошти ӯ аз он метавонад гуногун бошад. Ин гуногунрангии дарк ва тафсир аз вижагиҳои муҳими адабиёти бадеӣ маҳсуб шуда, барои рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии хонанда аҳамияти хос дорад.

Ҳамчунин, Ҳафиз Раҳмон як қатор пешниҳодҳоро вобаста ба баргузории минбаъдаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баён намуд, аз ҷумла:

1. Мухтасар намудани номи озмун;
2. Ташкили китобхонаҳои «Фурӯғ» дар минтақаҳои дурдасти кишвар;
3. Гузаронидани аттестатсияи махсуси омӯзгорон ва роҳбаладони довталабон;
4. Баррасии масъалаи ҷудо намудани гурӯҳи синнусолии алоҳида бо мақсади дастгирии иштирокдорони аз 60-сола боло.

Дар идомаи маҳфил Фариса Холиқова доир ба вижагиҳои осори Светлана Алексиевич ва Михаил Шолохов андешаҳои худро баён намуд. Ӯ, аз ҷумла, зикр кард, ки дар осори Михаил Шолохов унсурҳои реализм ба таври барҷаста инъикос ёфта, истифодаи шеваву лаҳҷаҳои гуфторӣ дар баъзе асарҳои ӯ метавонад барои хонандагон мушкилоти муайяни фаҳмиш эҷод кунад. Бо вуҷуди ин, осори адиб дорои мазмуни ғанӣ ва арзиши баланди адабӣ буда, барои шинохти воқеиятҳои таърихию иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад.

Фариса Холиқова, ҳамчун барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба довталабон ва дӯстдорони китоб оид ба интихоби асарҳо, тарзи мутолиа ва омодагӣ ба озмун чанд маслиҳати судманд пешниҳод намуд.

Дар баробари баррасии осори Светлана Алексиевич ва Михаил Шолохов, дар рафти маҳфил аз эҷодиёти дигар адибони маъруфи ҷаҳон низ суолу ҷавоб сурат гирифт. Ин бахши нишаст бо иштироки фаъолонаи хонандагон мусоидат намуда, фазои маҳфилро боз ҳам ҷолибу пурмуҳтаво гардонид.

Дар маҳфил иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хонандагони фаъоли Шуъбаи адабиёти хориҷӣ, кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дӯстдорони китоб иштирок намуданд.

Яке аз иштирокдорони маҳфил — шоир Бону Шокирова — аз таъсири суханрониҳо ва маслиҳатҳои меҳмонони чорабинӣ ёдовар шуда, китоби худ таҳти унвони «Ангури ишқ»-ро ба Ҳафиз Раҳмон ва Фариса Холиқова тақдим намуд. Ӯ таъкид кард, ки маҳз аз суханрониҳо ва дарсҳои устодон илҳом гирифта, ба эҷоди асарҳои адабӣ рӯ овардааст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи маҳфил намоиши асарҳои барандагони ҷоизаи Нобел — Светлана Алексиевич ва Михаил Шолохов — ташкил карда шуд. Намоиш ба иштирокдорон имкон фароҳам овард, ки бо осори ин адибони маъруф ва намунаҳои адабиёти ҷаҳонӣ аз наздик шинос шаванд.

Дар фарҷоми маҳфил муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода барои иштироки меҳмонон ва аҳли нишаст изҳори сипос намуда, ба иштирокдорон комёбиҳои эҷодӣ ва илмию маърифатӣ таманно кард.

Маҳфили адабии «Сад дорандаи ҷоизаи Нобелӣ» дар фазои гарму самимӣ ва бо иштироки фаъоли аҳли адаб, хонандагон ва дӯстдорони китоб баргузор гардида, барои баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба мутолиаи осори адабиёти ҷаҳонӣ, рушди завқи адабӣ ва таҳкими фарҳанги китобхонӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Инобат Бобоева
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа