«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — чароғи маърифат барои насли наврас

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Дар доираи ҳамкории судманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» барномаи фарҳангиву маърифатии «Фурӯғ» мунтазам баргузор мешавад. Ин барнома дар омодасозии довталабон ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нақши муассир дошта, барои боло бурдани шавқу завқи китобхонӣ ва рушди ҷаҳонбинии насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шумораи навбатии барномаи мазкур 17 августи соли 2026 дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор ва наворбардорӣ гардид.

Бо назардошти мазмуну муҳтавои барнома толори наворбардорӣ ба таври мувофиқ оро дода шуда, дар он ҳамчунин намунаҳои китобҳои тозанашр ба намоиш гузошта шуданд.

Маҳфил бо шодбошии ровии барнома, иштирокчӣ ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Нозанини Шуҳрат оғоз гардид. Меҳмони барнома адиби кӯдакнавис ва шоири маъруф Муродалӣ Собирбуд.

Ровии барнома зимни муаррифии меҳмон зикр намуд, ки Муродалӣ Собир қаблан низ борҳо дар барномаҳои телевизиони «Баҳористон» иштирок карда, бо эҷодиёти пурмазмун ва осори хеш дар миёни кӯдакону наврасон маҳбубият пайдо кардааст.

Муродалӣ Собир 1 январи соли 1958 дар деҳаи Пуғузи ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Соли 1982 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2007 факултаи иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаҳои «Машъал» ва «Хорпуштак» фаъолият намуда, солҳои 1984–1985 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва дар дигар вазифаҳои фарҳангиву идорӣ кор кардааст.

Аз эҷодиёти Муродалӣ Собир китобҳои «Садои сукут», «Субҳи Варзоб», «Оҳанги Варзоб», «Гули бодом», «Арӯси сабз», «Қуллаҳо», «Шоҳпарак», «Тифли дарё», «Сиришки ханда», «Замзамаи баҳор», «Навои резаборон», «Чашмасор» ва «Маҳтоб дар об» ба хонандагон пешкаш шудаанд.

Адиб дорандаи унвонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Ҷараёни маҳфил хеле хотирмон, ҷолиб ва пурмуҳтаво сурат гирифт. Нахуст меҳмон аз эҷодиёти худ намунаҳо қироат намуда, ба суолҳои иштирокдорон вобаста ба осори адабиаш ҷавобҳои муфассал дод. Иштирокдорон низ аз ашъори шоир порчаҳои писандидаи худро қироат карда, чанд ҳикояи ӯро нақл намуданд ва ба суолҳои адиб дар бораи мазмуну муҳтавои онҳо посух гуфтанд. Дар идомаи маҳфил кӯдакону наврасон ба чистонҳои пешниҳоднамудаи адиб низ ҷавобҳои дуруст пайдо карданд.

Нозанини Шуҳрат зимни баррасии эҷодиёти Муродалӣ Собир таъкид намуд, ки меҳвари асосии ашъор ва осори ӯро васфи табиату сарзамини Тоҷикистон, сулҳу дӯстӣ, озодиву истиқлолият ва меҳанпарастӣ ташкил медиҳанд.

Дар фарҷоми барнома ба меҳмони маҳфил аз ҷониби маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Муродалӣ Собир низ ба Китобхонаи миллӣ ва иштирокдорони фаъоли мащфил аз осори тозанашри худ китобҳо тақдим намуд.

Аз ҷумла, асарҳои «Қиссаи гови алои Момои Шарифамоҳ», «Зангулаи лолаҳо», «Соҳибони майдон ва бачаҳои кӯча» ва «Китоби нодир» ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим шуданд.

Меҳмони барнома барои даъват ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки минбаъд низ барои эҷод ва таҳияи асарҳои пурмазмуну хонданӣ барои кӯдакону наврасон талош хоҳад кард.

Маҳфил бо арзи эҳтиром ва сипос ба меҳмон ва иштирокдорони фаъол ҷамъбаст гардид.

Китоб — манбаи маърифат ва дониш аст. Барномаҳои фарҳангиву адабӣ чун «Фурӯғ» бошанд, барои бедор намудани завқи китобхонӣ ва тарбияи насли донишманду ватандӯст саҳми арзанда мегузоранд.

 

Инобат Бобоева

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.